Поёни фаъъолияти сафҳаи сириллики бахши форсии Би-би-сӣ

  • 31 Март, 2015
Image caption Бисёреҳо дар Тоҷикистон муътақиданд сафҳаи сириллик на танҳо дар фазои иттилоъотии Тоҷикистон, балки дар рушди истилоҳоти забон дар ин кишвар нақше муассир доштааст.

Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ эълом кард, ки сафҳаи вижаи Тоҷикистон дар сойти форсии Би-би-сӣ ба хатти сириллик дар пайи коҳиши ҳазинаҳои сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ баста мешавад.

Аз аввали апрели соли 2014 пахши матолиб тавассути сафҳаи сириллики бахши форсии Би-би-сӣ қатъ мешавад.

Ин иқдом дар ростои коҳиши буҷеи бахши ҷаҳонии Би-би-сӣ ба маблағи панҷ миллиюн пунд аст, ки бар асоси он 105 нафар аз коркунони Би-би-сӣ то моҳи апрели соли 2015 кори худро аз даст медиҳанд.

Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ ба ҳамроҳи дигар бахшҳои Би-би-сӣ сиёсати инқибозиро дар мавриди буҷеи худ иттихоз кардааст ва коҳиши нерӯи инсонӣ яке аз равишҳои пойин овардани ҳазинаҳо аст.

Дар чорчӯби ҳамин тасмим сафҳаи сириллики сойти Би-би-сии форсӣ баста мешавад ва 7 нафар дар Тоҷикистон шуғли худро аз даст медиҳанд.

Содиқи Сабо, раиси бахши форсии Би-би-сӣ дар ин маврид мегӯяд: "Бо ин ки сафҳаи сириллики бахши форсии Би-би-сӣ баста мешавад, мо ҳамчунон ба пӯшиши хабарии рӯйдодҳои Тоҷикистон дар сойти форсии Би-би-сӣ идома хоҳем дод ва мухотабони мо дар Тоҷикистон илова бар сойти форсии Би-би-сӣ метавонанд ба сойтҳои русӣ ва инглисии Би-би-сӣ ҳам муроҷиа кунанд. Мо ҳамчунон дар Тоҷикистон хабарнигор хоҳем дошт ва мардуми Тоҷикистон метавонанд хабарҳои марбут ба кишварашонро аз тариқи телевизиюн ва родиюи форсии Би-би-сӣ дунбол кунанд."

Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ дар маҷмуъ 75 нафар аз персуноли худро дар ду соли оянда таъдил хоҳад кард. Албатта гуфта шудааст, ки дар ҳамин давра 60 мавқеъияти шуғлии ҷадид эҷод хоҳад шуд.

Сафҳаи Тоҷикистони вебсойти форсии Би-би-сӣ муддати кӯтоҳе баъд аз роҳандозии ин вебсойт дар соли 2001 ба хати форсӣ оғоз ба кор кард ва пас аз ҳудуди ду сол хати сириллик низ ба он изофа шуд.

Дар замони Иттиҳоди Шуравӣ иддае аз фарҳангиёни тоҷик ба таври махфӣ ба родиюи Би-би-сӣ гӯш медоданд, аммо пас аз касби истиқлоли Тоҷикистон бахши форсии Би-би-сӣ дар соли 1991 вориди фазои итилоърасонии ин кишвар шуд.

Би-би-сии форсӣ дафтари худро дар Тоҷикистон дар соли 1993 боз кард. Боз шудани ин дафтар ба номи Муҳиддин Олимпур, рӯзноманигор ва акккоси маъруф, муртабит аст, ки аз ӯ ба унвони нахустин хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистон ном мебаранд. Қабл аз он хабарнигорони бахши форсии Би-би-сӣ мустақиман аз Ландан ё бо анҷоми сафар ба Душанбе таҳаввулоти Тоҷикистонро дунбол мекарданд.

Муҳиддин Олимпур тавонист на танҳо аз масоили доғ дар замони ҷанги дохилии гузориш бидиҳад, балки бар танаввуъи гузоришҳои фарҳангии ин родию афзуд ва шунавандагони форсизабонро бо Тоҷикистон бештар ошно кард. Ӯ дар соли 1995 ба дасти афроди мусаллаҳ кушта шуд ва ҳамкорони ӯ ба ироаи гузоришҳо аз Тоҷикистон идома доданд.

Дар байни соҳои 2004 ва 2006 барномаи родиюи Би-би-сӣ рӯйи мавҷи Эфэм дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, дар шимоли Тоҷикистон пахш мешуд. Ҳарчанд пахши барномаҳои Би-би-сӣ рӯйи мавҷи Эфэм ду сол пас мутаваққиф шуд, аммо ин амр барои рӯйи кор омадани родиюҳои зиёди маҳаллӣ, ки рӯйи мавҷи Эфэм пахш мешаванд, замина гузошт.

Бахши вижаи "Тоҷикистон" дар сойти форсии Би-би-сӣ низ аз нахустин сойти хабарӣ буд, ки аз соли 2001 ба ин сӯ аввал ба ҳуруфи форсӣ ва баъдан сириллик барои мардуми Тоҷикистон ахбор ва гузоришҳо пахш мекард. Дар соли 2009 сафаҳоти ҷудогонае барои матолиби сириллик ва форсӣ эҷод шуд.

Баста шудани сафҳаи вижаи Тоҷикистон дар сойти форсии Би-би-сӣ ба маънои рахт бастани Би-би-сӣ аз Тоҷикистон нест. Ин расонаи байналмилалӣ аз ин ба баъд ҳам рӯйдод ва таҳаввулоти Тоҷикистонро аз тариқи сойти форсӣ ва русии Би-би-сӣ ва телевизиюни форсии Би-би-сӣ пӯшиш медиҳад. Як хабарнигори бахши русӣ ва ду хабарнигори бахши форсии Би-би-сӣ дар Тоҷикистон ба пӯшиши рӯйдод ва таҳаввулоти он кишвар идома хоҳанд дод.

Матолиби муртабит