Музокироти атумии Эрон ва Гурӯҳи 5+1: Рӯзе сарнавиштсоз

  • 31 Март, 2015
Image copyright AFP

Як манбаъи наздик ба музокироти ҳастаии Эрон дар Лузони Суис ба Би-би-сии Форсӣ гуфта, ки ду мушкили аслӣ дар музокироти имрӯз таволии (тӯли) замонии рафъи таҳримҳо ва чигунагии итминон ёфтан аз яксола будани замони гурези ҳастаӣ (ба самти силоҳи атумӣ) будааст.

Амири Пойвар, хабарнигори Би-би-сӣ дар маҳалли музокирот дар Лузон, аз қавли як манбаъи урупоии наздик ба музокирот мегӯяд: "Ҷаласаи аввали имрӯз бо Эрон чандон умедворкунанда набуд."

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории Ирно нивишт: Вонг Йӣ, вазири умури хориҷаи Чин, дар гуфтугӯ бо хабарнигорон эълом кард, ки "Ба рағми вуҷуди бархе нуқоти тардидомез нишонаҳое аз хушбинӣ дар музокироти ҳастаии Эрон ва кишварҳои узви Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як" мушоҳида мешавад.

Оқои Вонг ҳамчунин гуфта, ки кишвараш пешниҳодҳоеро дар иртибот бо мавзӯъи рафъи таҳримҳо алайҳи Эрон ироа карда ва мунтазири посухи дигар кишварҳост.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, пештар гуфта буд: "Дар мавриди бардоштани таҳримҳо муътақидам, ки вақте тавофуқ ҳосил шуд, таҳримҳо бояд бардошта шавад ё комилан лағв шавад ё муваққатан таълиқ шавад, то тағйироти қонунии лозим баъдан анҷом шавад."

Вай афзуд: "Ончи муҳим аст, ин аст, ки чорчӯби ҳуқуқии тавофуқ бояд ба таҳримҳо алайҳи тиҷорат ва иқтисоди Эрон поён диҳад. Набояд ҷилави тиҷорати Эрон ва шуракои хориҷияш гирифта шавад. Ин дар мавриди таҳримҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милал. Аммо таҳримҳои якҷониба, ки Омрико ё Бритониё ё дигарон эъмол мекунанд, аз назари мо машрӯъ (қонунӣ) нестанд, аммо ин мавзӯъест, ки ба равобити дуҷонибаи Эрон ва кишварҳои дигар бозмегардад."

Морк Фитзпотрик, диплумоти собиқи омрикоӣ ва мудири Барномаи халъи силоҳ ва манъи ишоъаи (паҳншавии) Муассисаи мутолеъоти истротежики Ландан, гуфт: "Дар ҳамаи масоиле, ки манофеъи муштарак дар онҳо ҳаст, аз сабот дар Афғонистон ва Ироқ гирифта, то муқобала бо қочоқи маводди мухаддир ва соири нигарониҳои минтақаӣ, аз ҷумла даргириҳо миёни шиъиён ва сунниҳо дар Яман, байни нерӯҳои таҳти нуфузи Эрон ва Арабистон, тақрибан дар ҳамаи масоили Ховари Миёна, хуб ё бад, Эрон дахил аст."

Хабаргузории Осушиэйтид Прес ба нақл аз "мақомоти" наздик ба музокирот гуфтааст, ки Эрон ва Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як" ба поёни ҷаласаи рӯзи сешанбе наздик мешаванд ва эҳтимолан дар поёни ин нишаст баёнияе мунташир мекунанд, ки ҳовии тавофуқ дар мавриди ҷузъиёт нест, аммо "тафоҳумномае тафсилӣ" ҳам ҳамроҳи он хоҳад буд."

Image copyright AFP

Ин хабаргузорӣ меафзояд: "Ба ин тартиб, ду тараф имкони идомаи музокирот то дастёбӣ ба тавофуқи ҷомеъ дар поёни моҳи июнро хоҳанд дошт. Ба гуфтаи ин манобеъ, интихоби ин роҳ нишонаи боқӣ мондани ихтилофи назари амиқ байни ду тараф аст."

Сергей Рябков, муъовини вазири хориҷаи Русия, пештар гуфта буд: "Музокироте фавқулъода фишурда ва амиқ байни шаш кишвар ва Эрон мубҳи имрӯз ҷараён дорад ва нуктаи мусбати аслӣ иродаи ҳамаи тарафҳои музокира барои расидан ба натиҷа дар тӯли нишасти ҷорӣ аст."

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, субҳи имрӯз дар нишасте хабарӣ дар Маскав гуфт: "Дар назар дорам барои ҳузур дар мароҳили ниҳоии нишасти вазирони шаш кишвар ба Суис баргардам. Чашмандози ин давр аз музокирот аслан бад нест, ҳатто метавонам бигӯям хуб аст."

Вай афзуд: "Шонси (дастёбӣ ба тавофуқ) зиёд аст. Шояд на сад дарсад, аммо ҳеч вақт наметавон аз ҳеч чизе сад дарсад мутмаин буд. Тавофуқ анҷомшуданӣ аст, албатта ба шарти ин ки тарафҳо дар охирин лаҳазот таваққуъоти худро бештар накунанд."

Матолиби муртабит