'Марҳилаи ҳассоси' музокироти ҳастаии Эрон ва Гурӯҳи 'Панҷ ба иловаи як'

  • 30 Март, 2015
Image copyright AFP

Нишасти вузарои хориҷаи Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як" ва Эрон баъд аз ҳудуди як соъату ним поён ёфт.

Дар нишасти вузарои хориҷаи Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як" ва Эрон дар як сӯ вузарои хориҷаи қудратҳои бузурги ҷаҳон нишастаанд ва дар сӯи дигар мизи гурӯҳи музокиракунандаи Эрон. Дар болои миз Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон ва Федерику Мугринӣ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо, канори ҳам нишаста буданд.

Амири Пойвар, хабарнигори Би-би-сӣ: Бо поёни ҷаласаи вузарои хориҷаи Эрон ва "Пан ба иловаи як" ҳайъатҳо вориди дидорҳои дуҷониба шуданд. Он тур, ки маълум аст, чоназаниҳо тамоми рӯз идома хоҳад дошт.

Хабарнигорон дар Лузони Суис мегӯянд Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, имрӯз аср Суисро тарк мекунад, ҳарчанд агар лозим бошад, дубора ба музокирот бозхоҳад гашт.

Борборо Плет, хабарнигори Би-би-сӣ, аз яке аз диплумотҳои омрикоӣ нақли қавл карда, ки гуфтааст бар хилофи гузориши Ню-Юрк Тоймз дар бораи чигунагии хурӯҷи захоири урониюми ғанишудаи Эрон то кунун ҳеч музокирае сурат нагирифтааст.

Қимати нафти хом дар бозори ҷаҳонӣ имрӯз каме коҳиш доштааст. Нафти хоми Брент авоили рӯз бо 42 сент коҳиш ба зери 60 дулор расидааст. Хабаргузории Руйтерз навишта қимати нафт дар вокуниш ба музокироти ҳастаии Эрон поёин омада, чиро ки агар тавофуқе ҳосил шавад, ин тасаввур вуҷуд дорад, ки бо рафъи таҳримҳо захоири арзашуда ба бозор афзоиш хоҳад ёфт.

Дидори вузарои хориҷаи Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як" ва вазири хориҷаи Эрон дар Лузони Суис оғоз шудааст. Ин дидоре ҳассос ва сарнавиштсоз барои идомаи музокирот хоҳад буд.

Image copyright CatherineEUspox

Сойти Оятуллоҳ Алии Хоминаӣ, раҳбари Эрон, рӯзи душанбеи даҳуми фарвардин мусоҳибаеро бо Алиакбари Вилоятӣ, мушовири раҳбар, мунташир карда, ки дар он ба гурӯҳи музокиракунанда ҳушдор дода шудааст муроқиби "худъагарӣ ва шигардҳои душман" бошанд.

Оқои Вилоятӣ гуфта манзураш аз худъа тағйири мавзеъ аст ва тавзеҳ додааст: "Тавофуқ бояд мутавозин бошад. Яъне ин тур набошад, ки мо фаъъолиятҳоямонро мутаваққиф кунем ва бардоштани таҳримҳо мавкул шавад ба чанд соли назорат ва арзёбии онҳо. Дарвоқеъ, ҳамон тур ки мо дар ин тараф ба таъаҳҳудотамон амал мекунем, онҳо ҳам бояд ба сурати ҳамзамон ба таъаҳҳудоташон амал кунанд. Ба қавли низомиҳо, дар рӯзи "р" ва соъати "с" бояд ду тараф ба таъаҳҳудоташон амал куанд. Дуруст мисли ин ки мо ва Ироқ дар соъати мушаххасе аз рӯзи 29 мурдоди 67 оташбасро иҷро кардем."

Рӯзномаи Ню-Юрк Тоймз, чопи Омрико, дар гузорише бо ишора ба суханони дишаби Аббоси Ароқчӣ, музокиракунандаи аршади тими ҳастаии Эрон, навиштааст: "Дар рӯзҳои охир Эрон аз ҷузъиёти калидии тавофуқ ақаб кашида ва эълом карда, ки ҳозир нест захоири урониюми ғанишудаи худро тибқи қарори қаблӣ ба хориҷ аз ин кишвар бифиристад.

Амири Пойвар, хабарнигори Би-би-сӣ дар маҳалли музокирот: Ду тараф дар поёни ҳар давр аз музокирот рӯзҳои зиёдеро таъйинкунанда номидаанд, вале ҳам дар Женев ва ҳам дар Виян то посе аз нимашаби зарбулаҷал музокира карданд.

Баҳмани Калбосӣ дар Твитер: Имрӯз рӯзе ҳассос ва шояд торихӣ на фақат дар парвандаи ҳастаӣ, ки фаротар аз он барои равобити Эрон ва Ғарб хоҳад буд.

Видеуе аз Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия ва Ҷон Керӣ, вазири хориҷаи Омрико, мунташир шуда, ки шухии онҳо лаҳазоте пеш аз шурӯъи яке аз ҷаласотро нишон медиҳад. Дар ин ҷаласа яке аз хабарнигорон аз оқои Лавров мепурсад оё ба натиҷа хушбин ҳастед?

Сергей Лавров посух медиҳад: Ман ҳуқуқ намегирам, ки хушбин бошам.

Ҷон Керӣ ҳам бо ханда ба ӯ мегӯяд: Ба андозаи кофӣ ҳуқуқ намегирӣ, ки хушбин бошӣ.

Котрин Рей, сухангӯйи масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо, дар Твитер аксе аз мизи субҳона дар Лузони Суис мунташир карда ва навиштааст: "Оғози рӯз ва субҳона коре бо Федерику Мугринӣ (масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо), Лурон Фобиюс (вазири хориҷаи Фаронса), Фронк Иштойнмоер (вазири хориҷаи Олмон) ва Филип Ҳамунд (вазири хориҷаи Бритониё).

Як рӯз монда ба муҳлати таъйиншуда барои расидан ба тавофуқ, қарор аст вузарои хориҷаи Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як" ва вазири хориҷаи Эрон соъати нуҳи субҳ ба вақти маҳаллии Лузони Суис дидор дошта бошанд. Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо ҳам дар ин дидор ҳузур дорад.

Image copyright BBC World Service

Матолиби муртабит