Маросими ташйеъи ҷанозаи бунёнгузори Сингопури мудерн баргузор шудааст

  • 29 Март, 2015
Image copyright MOHD FYROLAFPGetty Images

Маросими ташйеъи ҷаноза ва тадфини Лӣ Куон Ю, ки аз ӯ ба унвони бунёнгузори Сингопури мудерн ёд мешавад, баргузор шудааст.

Бар асоси гузоришҳо алорағми борони шадид ҳазорон нафар дар маросими ташйеъи ҷанозаи оқои Лӣ ширкат кардаанд.

Ба дунболи маросими расмии ташйеъи ҷанозаи оқои Лӣ, ки теъдоде аз раҳбарони ҷаҳон дар он ширкат доранд, ҷасади ӯ тайи маросиме сӯзонда хоҳад шуд.

Оқои Лӣ 23 март даргузашт. Бар асоси гузоришҳо беш аз 500 ҳазор нафар аз ҷасади оқои Лӣ, ки дар сохтмони порлумони ин кишвар аз он замон то кунун нигаҳдорӣ мешуд, боздид кардаанд. Ҳамин гузоришҳо ҳокист, ки беш аз 800 ҳазор нафар низ дафотири ёдбудеро, ки ба муносибати даргузашти вай дар нуқоти мухталиф қарор дода шуда буд, имзо карданд.

"Меъмори рифоҳи иқтисодӣ"

Лӣ Куон Ю, давлатмарде, ки Сингопурро аз як шаҳри бандарии кучак ба як конуни муҳимми иқтисодии ҷаҳон бадал кард, дар синни 91-солагӣ даргузашт.

Ӯ дар пайи зотуррияи шадид чандин ҳафта дар бемористон бистарӣ буд.

Оқои Лӣ, ки барои 31 сол нахуствазир буд, ба унвони меъмори рифоҳи иқтисодии Сингопур мавриди эҳтироми бисёре аз мардуми ин кишвар аст.

Image copyright AFP
Image caption Алорағми борони шадид ҳазорон нафар дар маросими ташйеъи ҷанозаи оқои Лӣ ширкат кардаанд.

Аммо ӯ ба хотири қабзаи шадиди қудрат мавриди интиқод буд. Таҳти ҳокимияти ӯ озодии баён башиддат маҳдуд шуд ва мухолифони сиёсӣ ба додгоҳ кашонда шуданд.

Оқои Лӣ нозири истиқлоли Сингопур аз Бритониё ва ҷудоӣ аз Молезӣ буд.

Оқои Лӣ, ки шахсияте пурҷозиба дошт ва ҳаргиз рафторашро тавҷеҳ намекард, Ҳизби Амали Мардумӣ (Пи-Эй-Пӣ)-ро бунён гузошт, ки аз соли 1959 ҳизби ҳоким будааст. Ӯ аввалин нахуствазири ин кишвар буд.

Оқои Лӣ, ки дар Кембриҷ ваколат хонда буд, нозир бар идғом бо Молезӣ ва сипас ҷудоӣ аз он буд; рӯйдоде, ки онро "лаҳзае дарднок" тавсиф кард.

Ӯ дар кунфронсе хабарӣ дар соли 1965 пас аз он ҷудоӣ қавл дод, ки як ҷомеъаи шоистасолор ва чанднажодӣ бисозад.

Аммо Сингопури кучак, ки аз манобеъи табиъӣ маҳрум буд, ниёзманди як мудели тозаи иқтисодӣ буд.

Image copyright na
Image caption Оқои Лӣ дар ҷараёни як суханронӣ дар соли 1955 дар Сингопур

Ӯ дар ин ақида буд, ки Сингопур барои бақои худ бояд чизе мутафовит аз ҳамсоягонаш ироа кунад.

Ӯ санги бинои эҷоди як нерӯи кори таҳсилкарда ва мусаллат ба забони инглисиро гузошт ва ба сӯи сармоягузорони хориҷӣ дасти дӯстӣ дароз кард, то Сингопур ба конуни тавлид бадал шавад.

Ин давлат-шаҳр батадриҷ сарватманд шуд ва баъд бо тавсеъаи бештар ба як маркази молии умда бадал шуд.

Аммо кишварсозӣ бо кунтрули шадид ҳамроҳ буд ва яке аз меросҳои оқои Лӣ саркӯби расонаҳо буд.

Ин маҳдудиятҳо имрӯз ҳам дар Сингопур барқарор аст. Сингопур дар нимаи соли 2014 озодии матбуъоти ҷаҳон, ки аз сӯйи созмони Гузоришгарони Бидуни Марз таҳия мешавад дар рутбаи 150, пойинтар аз Русия, Мионмор ва Зимбобве истод.

Мухолифон ва норозиёни сиёсӣ ҳам башиддат саркӯб шуданд. Имрӯз ҳизби Пи-Эй-Пии оқои Лӣ ҳамчунон қудратро дар қабза дорад ва фақат шаш сиёсатмадори мухолиф дар порлумон ҳаст.

Оқои Лӣ аммо дар муқобили интиқодҳо дар заминаи озодиҳо тағйире эҷод накард.

Ӯ дар соли 1980 дар як таҷаммуъ гуфт: "Ҳар касе бар Сингопур ҳукумат кунад бояд аз ҷинси оҳан бошад. Ман зиндагиамро сарфи сохтани инҷо кардаам ва то вақте ки ман масъулам иҷоза нахоҳам дод касе онро хароб кунад."

Image copyright Reuters
Image caption Оқои Лӣ, ки барои 31 сол нахуствазир буд, ба унвони меъмори рифоҳи иқтисодии Сингопур мавриди эҳтироми бисёре аз мардуми ин кишвар аст.

Матолиби муртабит