Интихоботи маҳаллии имрӯзи Фаронса маҳаке барои интихоботи раёсати ҷумҳурии ду соли дигар

  • 29 Март, 2015
Image copyright AFP

Фаронсавиҳо имрӯз, якшанбе 29 март дар марҳалаи дувум аз интихоботи маҳаллии кишвар ба пои сандуқҳои раъй рафтаанд.

Бисёре натоиҷи ниҳоии ин интихоботро ба унвони маҳаке барои интихоботи раёсати ҷумҳурии кишвар, ки қарор аст дар соли 2017 мелодӣ баргузор шавад, таъбир мекунанд.

Бар асоси натоиҷи даври аввали ин интихобот, ки ҳафтаи пеш баргузор шуд, ҳизби рости миёнаи раиси ҷумҳури собиқи Никуло Соркузӣ "ЮЭмПИ‌ (Иттиҳод барои ҷунбиши мардумӣ) ва муттаҳидони он муваффақ шуданд бештарини ороро касб кунанд.

Ҳизби дасти ростии "Ҷабҳаи миллӣ" бо касби 25 дарсади оро дар радифи дувум қарор гирифта ва ҳизби ҳокими сусёлисти Фпресур Улонд, раиси ҷумҳурии Фаронса бо ҳудуди 20 дарсад дар рутбаи сеюм қарор гирифт.

Дар интихоботи маҳаллии Фаронса масоил ва мавзуъоти маҳаллӣ монанди мадорис, омӯзиш ва ё хадамоти умумӣ дар раъси масоиили мавриди назари раъйдиҳандагон қарор дорад.

Бо таваҷҷуҳ ба натоиҷи даври аввал дар раъйгирии имрӯз (якшанбе, 29 март) дар бисёре аз ҳавзаҳои интихобӣ рақобати аслӣ байни "ЮЭмПи" ва "Ҷабҳаи Миллӣ" хоҳад буд.

Ба таври суннатӣ аҳзоби рақиб дар марҳалаи дувуми интихобот бо ҳадафи шикасти аҳзоби дасти ростӣ ва ҷилавгирӣ аз қудрат гирифтани онҳо вориди эътилоф бо якдигар мешаванд. Дар ҳамин робита низ интизор меравад, ки раъйдиҳандагон аз аҳзоби миёна пуштибонӣ кунанд.

Сусиёлистҳои кишвар ки дар ин интихобот муваффақ амал накарданд, дар интихоботи шаҳрдориҳо ва Иттиҳодияи Урупо, ки соли гузашта баргузор шуд, низ муваффақ набуданд.

Матолиби муртабит