Пулис дар шимоли Тоҷикистон духтареро аз худкушӣ наҷот дод

  • 26 Март, 2015

Масъулони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, ки як корманди пулис дар шимоли ин кишвар духтареро аз ғарқшавӣ наҷот додааст.

Тибқи иттилоъи торнамои ин ниҳод, ки рӯзи панҷшабеи 26 март пахш шуд, ин воқеъа дар соҳили рӯдхонаи Сирдарё дар ноҳияи Бобоҷон Ғаффурови вилояти Суғд рух додааст.

Парвизҷон Ёқубов, афсари ҷавони пулис, Мавзуна Давроноваро замоне наҷот додааст, ки Мавзунаи 28-сола қасди худкушӣ дошта ва худро аз болои пуле ба дохили рӯдхона парт кардааст.

Дар ин хабар омадааст, ки оқои Ёқубов бо вуҷуди сардии ҳаво ва зиёд будани оби рӯдхона тавонистааст ин духтарро аз об берун оварад.