Нашрияиҳои Душанбе: 26 март

  • 26 Март, 2015
Image copyright BBC World Service

ASIA-Plus, нашрияи русизабони Душанбе дар матлаби аслии худ таҳти унвони “Бисёрҳизбии тоҷикона” дар ин бора мулоҳиза кардааст, ки чӣ гуна дар порлумони ҷадид аҳзобе курсӣ дарёфт кардаанд, ки дар интихоботи қаблӣ ҳатто панҷ дарсади раъйи мардумро надоштанд.

Муаллифи матлаб ҳамчунин ба ин савол посух медиҳад, ки чаро порлумони Тоҷикистон ҳарчанд дар он ҳашт ҳизб вуҷуд дорад, “худфиребӣ”-к беш нест.

Дар матлаби дигаре муаллифи ASIA-Plus бо Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони матраҳ мавзӯъи ба бӯҳрони ҷадид рубару шудани иқтисоди Тоҷикистон ба хотири бӯҳрони Русияро матраҳ кардааст.

Бино ба ин матлаб оқои Умаров роҳи бурунрафт аз ин вазъиятро таъсиси ҷойҳои кории муассири ҷадидро тафсия кардааст. Ба гуфтаи ӯ барои анҷоми ин кор давлат бояд аз ҷумлаи олимон ва коршиносон кумиссиюне таъсис бидиҳад, ки роҳҳалҳо дар ин замина пешниҳод карда тавонад.

Ӯ дар ин матлаби таҳти унвони “Бӯҳрон: Роҳи ҳал вуҷуд дорад” мегӯяд: “Замоне фаро расидааст, ки барои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ текнократҳо ва коршиносон ҷалб шаванд.”

Азиз Сангин дар нашрияи Тоҷикистон дар посух ба мақолаҳои Меҳр Муваҳҳид ва Бадриддин Мақсудов матлабе бо номи “Шеързада бошҳем ё хурофотзада”-ро чоп кардааст.

Дар ин мақола мехонем “Таъбири “шеързадагӣ”, ки муъаллиф Меҳр Муваҳҳид онро омили аслии ақибмондагии тоҷикон дар тӯли таърих медонад, чандон эътимодбахш нест”.

Муаллифи ин матлаб иддаъо дорад, ки ба ҳар сурат шеързадагӣ беҳтар аз хурофотпарастист ва ин мисроъро аз Лоиқ иқтибос меорад: “Ҳар ки моро мекушад бо шеърборон зинда бод!”

Народная газета, нашрияи русизабон матлабе ба муносибати 40-солагии корхонаи олумниями Тоҷикистон Талко нашр кардааст.

Муаллифи ин матлаб ки аз барномаҳои ояндаи ин бузургтарин корхонаи санъатии Тоҷикистон навишта менависад: “Яке аз ду барномаи ин корхона таъсиси даҳ ҳазор ҷойҳои кориро дар назар гирифтааст.”

Ба навиштаи ин матлаб ҳадафи ин барномаи Талко 2.2 милиорд дулор нарх дошта ва ҳадафи он гузори сад дарсадии корхонаи олуминиям ба маводди хоми дохилӣ дар тӯли панҷ сол будааст. Ба навиштаи муаллиф як силсила бонкҳо барои маблағгузории омода ҳастанд.

Фараж дар мақолаи худ бо номи “Суғд: мардум чаро аз ҷонашон сер мешавад?” мавзӯъи мубрами камбуди равоншиносон дар Тоҷикистонро матраҳ кардааст.

Ба навиштаи муаллиф худкушӣ, ки дар замонҳои бӯҳрони иқтисодӣ дар кишварҳо бештар рух медиҳад мушкили хос танҳо ба Тоҷикистон нест, аммо ончи ба навиштаи муаллиф нигаронкунанда мебошад набудани равоншиносон аст.

Дар ин матлаб мехонем: “Муаммои рақами яки Тоҷикистон надоштани ПСИХОЛОГҲО ва фаъъолияти самарабахши онҳо дар байни ҷамъият боқӣ мемонад.”