'Шурӯъи амалиёти ҳавоии Арабистон алайҳи ҳусиҳо дар Яман'

  • 26 Март, 2015
Image copyright EPA
Image caption Шӯришиёни ҳусӣ ба пешравиҳои худ идома медиҳанд

Сафири Арабистон дар Омрико мегӯяд, ки кишвараш як амалиёти низомӣ дар Яман алайҳи шӯришиёни шиъаи ҳусиро оғоз кардааст.

Одил Ҷубайр гуфт, ки Арабистони Саъудӣ барои "дифоъ аз давлати машрӯъи" Абдраббуҳ Мансур Ҳодӣ, раиси ҷумҳури Яман иқдом мекунад.

Шӯришиёни шиъаи ҳусӣ дар моҳҳои ахир пешравиҳои сареъе доштаанд ва оқои Ҳодиро водор ба фирор аз Санъо, пойтахти Яман, кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, гузоришҳо ҳокист, ки шӯришиён фойлҳои маҳрамонаи иттилоъотии Омрико, ки амалиёти Омрико дар Яман алайҳи пайкорҷӯёни исломгароро шарҳ медиҳад, забт кардаанд.

Ба гузориши Лус Анҷелес Тоймз ин фойлҳо зоҳиран ҳовии ҳувияти хабарчинҳо ва ҳамчунин тарҳҳои амалиёти зиддитеруристӣ аст.

Соъоте пеш шӯришиёни ҳусӣ як пойгоҳи ҳавоиро, ки омрикоиҳо аз он барои омӯзиши нерӯҳои яманӣ истифода мекарданд, ишғол карданд. Ин пойгоҳ дар 40 килуметрии Адан қарор дорад.

Оқои Ҷубайр дар Вошингтун гуфт, ки ҳамалоти ҳавоии Арабистон дар соъти 23:00-и чаҳоршанбе ба вақти Гринвич шурӯъ шуд.

Ӯ гуфт, ки кишварҳои халиҷи Форс аз ин амалиёт ҳимоят мекунанд.

Оқои Ҷубайр таъкид кард, ки Арабистони Саъудӣ "ҳар коре лозим бошад" барои ҳифозат аз мардум ва "давлати машрӯъи" кишвари ҳамсоя , Яман, анҷом хоҳад дод.

Ин дар ҳолест, ки манобеъи огоҳ дар дохили давлати Арабистон пештар ба Руйтерз гуфта буданд, ки тарҳе барои дахолат дар буҳрони Яман надоранд ва таҷаммуъи нерӯҳо дар марзи Яман "фақат ҷазабаи дифоъӣ дорад."

Пешравӣ ба сӯйи Адан

Image copyright EPA
Image caption Абдураббуҳ Мансур Ҳодӣ моҳи март аз Санъо, пойтахт хориҷ шуд ва ба Адан, дар ҷануби Яман рафт

Шӯришиёни ҳусӣ, ки тавассути нерӯҳои ҳаводор ба Алиабдуллоҳ Солеҳ, раиси ҷумҳурии собиқи Яман ҳимоят мешаванд, дар ҳоли наздик шудан ба Адан, дар ҷануби ин кишвар ҳастанд.

Гузоришҳои зидду нақизе дар бораи макони феълии Абдраббуҳ Мансур Ҳодӣ, раиси ҷумҳури Яман, мунташир шудааст.

Пештар гуфта шуд, ки оқои Ҳодӣ ба далели наздик шудани нерӯҳои ҳусӣ аз бандари Адан дар ҷануби Яман гурехта ва ба макони номаълуме мунтақил шудааст. Аммо мақомҳои давлати Яман хабари гурези ӯ аз кишварро рад карданд ва гуфтанд, ки дар Адан аст.

Нерӯҳои муттаҳид бо шӯришиёни ҳусӣ пештар фурудгоҳи Адан дар ҷануби ин кишварро ба тасарруфи худ дароварданд, ки ба гуфтаи коршиносон як пирӯзии истротежик барои ҳусиҳо дар набард бо нерӯҳои вафодор ба Абдраббуҳ Мансур Ҳодӣ ба шумор меравад.

Ҳавопаймоҳои ҷангӣ ҳам дар Яман ба сӯйи минтақае, ки маҳалли истиқрори Абдраббуҳ Мансур Ҳодӣ, раиси ҷумҳури Яман аст, мушак шиллик карданд.

Вазири умури хориҷаи Яман аз кишварҳои арабӣ хоҳони дахолати низомӣ шудааст.

Абдраббуҳ Мансур Ҳодӣ моҳи март аз Санъо, пойтахт, хориҷ шуд ва ба Адан дар ҷануби Яман рафт.

Матолиби муртабит