Вазирони хориҷаи Эрону Омрико музокироти ҳастаиро аз сар мегиранд

  • 26 Март, 2015
Image copyright AFP
Image caption Мақомоти омрикоӣ аз имкони дастёбӣ ба тавофуқ дар зарбулаҷали поёни моҳи март сухан гуфтаанд

Дар ҳоле ки вазирони хориҷаи Эрон ва Омрико музокироти ҳастаиро аз сар мегиранд, ба нақл аз манобеъи омрикоӣ эҳтимоли дастёбӣ ба тавофуқ дар чанд рӯзи оянда матраҳ шудааст.

Рӯзи панҷшанбеи 26 март музокиракунандагони омрикоӣ ва эронӣ ба сарпарастии Ҷон Керрӣ ва Муҳаммадҷавод Зариф, вазирони хориҷаи ду кишвар музокироти атумиро пас аз як вақфаи шашрӯза дар Лузон, Суис, аз сар мегиранд, дар ҳоле ки ба поёни зарбулаҷали ҳусули тавофуқи усулӣ дар ин замина камтар аз як ҳафта боқӣ мондааст.

Нишасти қаблии ҳайъатҳои эронӣ ва омрикоӣ рӯзи ҷумъаи гузашта ва дар остонаи фаро расидани соли нави эронӣ мутаваққиф шуд ва ду тараф тавофуқ карданд гуфтугӯҳои худро аз имрӯз аз сар бигиранд.

Ҳамзамон, хабаргузории Фаронса дар гузорише, ки Воҳиди марказии хабар ва баъзе дигар аз расонаҳои дохилии Эрон низ онро мунъакис кардаанд, аз эҳтимоли дастёбии ду тараф ба тавофуқ то сешанбеи оянда хабар додааст. Хабаргузории Фаронса навиштааст: "Мақомоти омрикоӣ гуфтаанд, ки пас аз як даҳа гуфтугӯи ҳастаӣ бо Эрон ҳусули тавофуқ то зарбулаҷали 31 март дар дастрас аст."

Ин хабаргузорӣ рӯзи панҷшанбе гузориш кард, ки як мақоми аршади вазорати хориҷаи Омрико, ки Ҷон Керриро дар парвоз ба сӯйи Лузон ҳамроҳӣ карда, бо хушбинии муҳтотона нисбат ба ҳусули тавофуқ гуфтааст, ки "мо комилан муътақидем, ки метавонем то 31 март ин корро ба саранҷом бирасонем". Вай дар айни ҳол афзудааст, ки "агарчи масири дастёбӣ ба тавофуқ барои мо маълум аст, аммо ин ба маънии он нест, ки ҳатман ба ҳадафи ҳам хоҳем расид."

Image copyright AFP
Image caption Байни мақомоти Эрон ва соири кишварҳои узви Гурӯҳи 5+1 низ мулоқотҳо ва тамосҳое сурат гирифтааст

Дар пойизи ду соли пеш музокироти намояндагони Эрон ва кишварҳои Гурӯҳи 5+1 муташаккил аз Омрико, Чин, Русия, Фаронса ва Олмон ва намояндагони Иттиҳодияи Урупо , дар Женев ба тавофуқи муқаддамотӣ мунҷар шуд, ки тибқи он ин гурӯҳ мувофиқат кард дар баробари бархе тағйирот дар фаъъолияти ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ, баъзе аз таҳримҳорои ҷадид алайҳи Эрон худдорӣ варзад.

Қарор буд пас аз шаш моҳ ду тараф ба тавофуқи ҷомеъ даст ёбанд, аммо бо ба поён расидани ин муҳлат тавофуқе ҳосил нашуд ва тавофуқи муқаддамотӣ барои ду давраи дигар то июни соли ҷорӣ тамдид шудааст.

Дар замони тамдиди ин тавофуқ дар пойизи соли гузашта қарор шуд ду тараф то поёни моҳи марти ҷорӣ чорчӯби тавофуқи ҷомеъро таъйин кунанд, ба наҳве, ки тавофуқи ниҳоӣ дар муҳлати мавриди назар ба даст ояд.

Гурӯҳи 5+1 интизор дорад тавофуқи ниҳоӣ шомили созу корҳои лозим барои итминон ёфтани ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз сулҳомез будани фаъъолиятҳои ҳастаии Эрон бошад ва Эрон интизор дорад ин тавофуқ боъиси лағви таҳримҳои ҳастаӣ шавад, аммо зоҳиран ду тараф дар мавриди марҳилабандӣ ва раванди таҳаққуқи ин аҳдоф ихтилофи назар доранд.

Матолиби муртабит