Наврӯз дар назми омиёна дар Кундуз

  • 26 Март, 2015
Наврӯз дар Кундуз Image copyright BBC World Service

Тайи чанд соли ахир дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз давлатҳо ба ин ҷашни суннатӣ таваҷҷуҳи бештаре доранд, чунки онро Созмони Илмию Омӯзишӣ ва Фарҳангии Милали Муттаҳид, Юнеску, як ҷашни ҷаҳонӣ эълом кардааст.

Дар Афғонистон низ ба Наврӯз эҳтироми хоссе доранд. Пиру барно, духтару писар ҳама дар рӯзҳои Наврӯз дар ҳаркатанд. Баробари сипарӣ шудани зимистон ва шукуфтани аввалин гулҳои баҳорӣ шодию нишот дар байни хурду калон бештар мегардад.

Мардум дар умури кишоварзӣ ва фаъолиятҳои дигари зиндагӣ расму ойинҳоеро иҷро мекунанд ва дар раванди он барои таскин ва тасаллои дили худ ашъоре месароянд. Сурудани осори манзуми шифоҳӣ ба истиқбол аз Наврӯз ва дар рӯзҳои Наврӯз зиёд ба назар мерасад, ки он дар равиши зиндагии мардум, расму ойинҳои наврӯзӣ, фаъъолияти кишту кор ва ба таври куллӣ дар фасли баҳор бештар аст. Бахусус, дар бораи маросими гулгардонӣ, рӯзҳои ҷашн, пухтани саману, бориши ками борон дар фасли баҳор ва амсоли ин сурудҳои зиёде мавҷуд аст.

Ҷашни Наврӯз дар вилояти Кундузи Афғонистон ба ҷашнҳо дар манотиқи дигар шабоҳатҳое дорад. Аксари маросими шоди баҳорию наврӯзӣ, ки дар Тоҷикистон ва манотиқи дигари Афғонистон вуҷуд дорад дар вилояти Кундуз ҳам ба мушоҳида мерасад.

Ҳудуди вилояти Кундуз дар тӯли торих борҳо тағйир ёфтааст. Имрӯзҳо ин вилоят аз назари мавқеъияти ҷуғрофиёӣ дар шимоли шарқии Афғонистон қарор дорад. Масоҳати он бештар аз 80 ҳазор килуметри мураббаъ буда, ин минтақа аз сатҳи дарё дар иртифоъи 405 метр воқеъ аст.

Вилояти Кундуз бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, ки дар байни онҳо рӯди Ому қарор дорад. Ин вилоят дорои шаш вулусволӣ, монанди Имомсоҳиб, Дашти Арчӣ, Хонобод, Чаҳордара, Алиобод, қалъалаи Зол, мебошад. Дар вилоят манотиқи сарсабз фаровон буда, дар фасли баҳор аз вилоёт ва манотиқи дигар низ мардум барои сайру гашт ба инҷо меоянд. Мазореъи ин вилоят ҳосилхез аст. Аз меваҳо анвоъи мухталифи ангур, харбуза, тарбуз, тут, зардуолу, олуболу, биҳӣ, шафтолу, нок, себ ва амсоли ин фаровон аст. Мардум бо домдорӣ низ машғул ҳастанд. Зиндагии худро бештар бо гӯшту шири ҳайвоноти аҳлӣ таъмин мекунанд.

Тақрибан 90-95 сол пеш шаҳрҳои вилоят ва шаҳри Кундуз аҳолии зиёд надоштанд. Дар асари буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ аз манотиқи дигар мардум ба ин ҷо кӯч бастанд. Аз ҷумла, пас аз он ки дар кишвари ҳамсоя, собиқ Иморати Бухоро (то соли 1920), пас аз вуруди булшевикҳо тағйироти куллӣ ба вуҷуд омад, бахше аз мардум аз он ҷо дар солҳои 20 ва 30-и қарни 20 ба Кундуз паноҳ бурданд. Тавре ки бисёре аз мардуми Кундуз мегӯянд, онҳо аз Кӯлоб, Хуҷанд, Бухоро, Самарқанд ва ҳатто аз Қазоқистону Қирғизистон ба онҷо муҳоҷират кардаанд.

Image copyright BBC World Service

Аз нуқтаи назари қавмӣ (этникӣ) дар вилояти Кундуз ақвоми мухталиф зиндагӣ мекунанд, ки аз тоҷикҳо, паштунҳо, ҳазораҳо, узбакҳо, туркманҳо, аймоқҳо, арабҳо иборатанд. Ҳар кадоме аз ин ақвом дорои фарҳанги вижаи худ ҳастанд. Дар айни замон, ба далели зиндагии муштарак дар тӯли торих, расму ойини муштараке доранд, фарҳанги суннатии онҳо, бо вуҷуди тафовутҳои ҷузъӣ ба якдигар хеле наздик шудааст.

Забони расмии вилояти Кундуз форсӣ мебошад, ки он ҳам дар ниҳодҳои фарҳангӣ ва ҳам дар мактабҳо тадрис мешавад ва корбурдаш бав таври густарда роиҷ аст. Қаввмҳои дигар забони форсии дариро хуб балад буда, дар гуфтор ва навиштор аз он истифода менамоянд.

Мутуни назми шифоҳӣ, ки аз гӯшаву канори вилояти Кундуз гирдоварӣ шудааст, ҳар кадоме аз чандин нусха иборат аст ва бархе аз онҳо дар манотиқи дигари Афғонистон низ ба назар мерасанд. Ин гувоҳи он аст, ки на танҳо расму ойинҳои баҳорӣ ва наврӯзӣ дар ҳавзаи Наврӯз шабоҳатҳои наздике доранд, балки ҳатто назми шифоҳии онҳо бо тафовути баъзе калимаҳо, ё мисраъҳо дорои ҳамоҳангии наздик мебошад.

Ашъори баҳорӣ ва наврӯзиро, ки дар дасти мост, метавон ба ду бахш ҷудо кард: 1) ашъоре, ки аз омадани баҳор ва Наврӯз хабар медиҳанд; 2) ашъоре, ки дар ситоиши баҳор, Наврӯз ва расму ойинҳои марбут ба он гуфта шудаанд. Ашъоре, ки аз омадани баҳор ва Наврӯз хабар медиҳанд, пеш аз ҳама ба шукуфтани аввалин гулҳои баҳорӣ рабт дорад.

Шукуфтани нахустин гулҳои баҳорӣ аз омадани баҳор ва Наврӯз мужда медиҳад. Дар Кундуз баробари ба поён расидани зимистон ва шукуфтани аввални гулҳои баҳорӣ, монанди зардгул, қоқу, лолак (савсан) ва ғайра маросими Гулгардонӣ баргузор мешавад.

Тавре ки ривоят карданд, дар замони гузашта аксари маросими мардумӣ аз ҷониби бузургсолон иҷро мешуд, вале дар раванди он хурдсолон низ ширкат мекарданд. Дар натиҷа, бо мурури замон онҳо низ бо тақлид аз бузургсолон ба иҷрои баъзе аз ин ойинҳо шурӯъ карданд.

Дар вилояти Кундуз маросими "Гулгардонӣ" имрӯзҳо асосан аз ҷониби бузургсолон иҷро мешавад. Баробари шукуфтани аввалин гулҳои баҳорӣ, маъмулан дарвеше, маланге (гадое) ё фарди муҳтоҷе гулҳои баҳориро чида ва бо хондани сурудҳои гуногун хона ба хонаи мардуми деҳ мегардад ва аз омадани баҳору Наврӯз мужда медиҳад.

Image copyright BBC World Service

Дар гузаштаи на чандон дур ва гоҳе дар баъзе деҳот дида мешавад, ки ашхоси гулгардон баробари расидани баҳор, агар ҳанӯз гулҳои баҳорӣ нашукуфта бошад, аз коғазҳои ранга сурати гулҳои баҳориро таҳия намуда, барои чидани ризқу рӯзии худ бо сароидани сурудҳои баҳорӣ хона ба хонаи мардум мегарданд. Маъмулан гулгардонҳо сурудҳои гуногун месароянд.

Тибқи мушоҳидаҳо ва пурсишҳо, имрӯзҳо оини гулгардонӣ агарчи дар аксар манотиқ бо ҳам шабоҳат дорад, вале боз ҳам тавофутҳое дар он дида мешавад. Ин тафовутҳо ҳам дар иҷрои маросими гулгардонӣ ва ҳам дар матни сурудҳо мушоҳида мешавад. Гурӯҳе аз бачаҳо борои худ раҳбареро интихоб мекунанд, ки маъмулан ӯ суруди гулгардонӣ ва сурудҳои зиёдеро дар ёд дорад ва онҳо дар байни мардум мераванду месароянд. Баъзе аз ин матнҳо хурд аст ва баъзе ҳаҷман бузург:

Сархон: Ба номи Худо гӯям, Дуруд ба Мустафо гӯям, Ба ҳама боз сано гӯям.

Ҳамроҳон: Буҳори нав буборак бод!

Сархон: Гули гулҳо муъаттар шуд, Ба саҳро лола зевар шуд, Баҳор аз фазли Довар шуд.

Ҳамроҳон: Баҳори нав муборак бод!

Сархон: Даруни ғунча пурхун шуд, ҷумла олам дигаргун шуд, Гули зардак ба берун шуд. ҳамроҳон: Баҳори нав муборак бод!

Сархон: Гули зардак гули харгӯш, Миёни сабза бизад ҷӯш, Бинол, ай мурғи хомӯш.

Ҳамроҳон: Баҳори нав муборак бод!

Сархон: Баҳор бар фазли яздон шуд, Ана ҳар ҷо борон шуд, Чи хуб соле ба халқон шуд.

Ҳамроҳон: Баҳори нав муборак бод!

Сархон: Баҳор омад ба меҳмонӣ, Ту қадрашро бояд донӣ, Бидонию ҳам бихонӣ.

Ҳамроҳон: Баҳори нав муборак бод!

Бояд ёдовар шуд, ки нусхаҳое аз суруди мазкур ва ҳамчунин сурудҳои дигари "Гулгардонӣ" дар манотиқи ҷанубии Тоҷикистон низ маъмул аст.

Матни дигари ин суруд дар шимоли Афғонистон дар манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистон дар вулусволии Имомсоҳиби вилояти Кундуз хеле машҳур буда, бо чунин мисраъҳо шурӯъ мешавад:

Сархон: Гули сияҳгӯши сеқуша, Миёни гандуму ғӯза, Дилут бар мо намесӯза.

Дигарон: Баҳори нав муборак бод!

Сархон: Гули сияҳгӯши қошгардон, Тавақ пур куну даст гардон, Бите ба дасти гулгардон. Дигарон: Баҳори нав муборак бод!

Image copyright BBC World Service

Ҳар кадоме аз ин матнҳо вижагиҳои худро дошта, ҳангоми дар ин ё он муҳит сароидан таъсири он боз ҷаззобтар мегардад. Зимнан, бо таваҷҷуҳ ба муҳит сарояндаи суруди "Гулгардонӣ" бадоҳатан, дар ҳамон қолиб, мисраъҳои матнро тағйир медиҳад ё калимаҳои нав ворид месозад, ё садои оҳангини худро дигар менамояд. Борҳо мушоҳида кардем, ки оҳанги суруд дар аввал ҳазин аст, вале баробари дар атрофи сароянда ҷамъ шудани мардум оҳанг зуд дигар мегардад ва хурдсолон ба навбат мерақсанд.

Дар охири бархе аз чунин сурудҳои "Гулгардонӣ" сарояндагон бо шӯхӣ аз хонаводае, ки дар назди ҳавлии ӯ суруд месароянд, тақозо менамояд, ки ҳадяе бидиҳанд. Ин тақозо дар охири суруди гулгардонии "Биё, биё, булбулак" ба таври зерин омадааст:

Сархон: Биё, биё, булбулак, Вахти замистон гузашт, Сандалӣ бардошта шуд, Марги ғарибон гузашт. Дигарон: Баҳори нав муборак бод!

Сархон: Биё, биё, баҳор шуд, Вахти гули анор шуд, Бача тирандоз шуд, Духтар гудибоз шуд. Дигарон: Баҳори нав муборак бод!

Сархон: Бибӣ, бибӣ, ҳу ку(н), Даста да канду ку(н), Ҳарчи дорӣ беру(н) ку(н), Духтар дорӣ, дару ку(н). Дигарон: Баҳори нав муборак бод!

Суруди гулгардонии мазкур бештар дар рустоҳои вилоёти Кундуз роиҷ аст. Ин суруд аз дарвеше сабт шудааст, ки дар паси дарвозаи ҳавлӣ месароид ва дар охири суруд "Даста да канду ку"-гӯён аз соҳибхона чизе талаб мекард. Ин матнро бачаҳо дар ёд доранд. Соҳибхона низ дар айни замон пас аз шунидани он ба сароянда ҳадяҳо медиҳад.

Маъмулан гулгардонҳо рӯзҳои офтобиро интихоб мекунанд. Дар чунин ҳолат дар баъзе ҷойҳо одамони шӯх ойини гулгардониро ба базми суруду рақс табдил медиҳанд. Дар чунин маворид сурудҳои дигаре, ки хусусиёти шодмонӣ доранд, низ сароида мешаванд.

Мазмун ва муҳтавои суруд дар асл ситоиши баҳор, Худо, пайғамбар, гулҳои навшукуфта, парандаҳо, меҳмонавозӣ ва ҳар он чи ки марбут ба баҳор ва кишту кор аст, мебошад.

Бахше аз ашъори шифоҳӣ дар ситоиши баҳор, Наврӯз ва расму ойинҳои он гуфта шудаанд. Ин навъ сурудҳо дар байни мардуми рустоҳои вилояти Кундуз зиёд аст. Ҳамин ки баҳор расиду сабза дамид, аз як тараф кишту кор, аз тарафи дигар мелаҳо шурӯъ мешавад. Мазмуни сурудҳои баҳорӣ бештар тавсифи сабзаю гулҳои баҳорӣ, ба таври куллӣ, зебоиҳои табиъат мебошад.

Image copyright BBC World Service

Мардум низ баробари расидани баҳору Наврӯз хушҳол мешаванд. На фақат хонаву дару девори худро тамиз мекунанд, балки худ низ либосҳои тозаву озода дар бар намуда, чандин рӯз бо хонаводаи хеш ба саҳрову дашту даман баромада, базмороӣ менамоянд.

Аксари сурудҳои марбут ба баҳору Наврӯз шодиовар аст. Мазмун ва муҳтавои сурудҳои баҳорӣ тавсифи табиъат, сарсабзии он, ба ҳаракат даромадани тамоми ҷондоронро дар бар мегирад. Масалан, дар яке аз сурудҳо, ки "Мужда деҳ, омад баҳор" аст ва дар шаҳри Кундуз ва бархе ноҳияҳо аз ҷониби овозхонҳои маҳаллӣ сароида мешавад, баҳор чунин тавсиф шудааст:

Мужда, ки омад баҳор, Сабзаву гул бешумор. Оби фаровон ба боғ, Гашта равон ҳар канор. Ку-кузанон фохта, Нишаста бар шохсор, Ба шохи сарви баланд, Нола кунад зор-зор. Ту, ай писари ҳушёр, Бирав туям пушти кор.

Дар фасли баҳор фаъъолияти кишоварзон бисёр муҳим аст. Чунки маҳз заҳмати онҳо аст, ки дастархони мардум аз неъматҳои зиндагӣ фаровон аст. Аз сабаби он ки кишоварзӣ боъиси ризқу рӯзии мардум аст, дар сурудҳои мардумӣ ба касбу кори деҳқонон ва муҳим будани он таваҷҷуҳи махсус мешавад. Яке аз чунин сурудҳое, ки дар вилояти Кундуз ва ҳатто вилоёти дигар низ аксари мардум дар ёд доранд, суруди "Баҳор омад, баҳор омад" аст. Порае аз ин суруд чунин аст:

Баҳор омад, баҳор омад, Ба деҳқон вақти кор омад. Ба дӯстон гул қатор омад, Баҳори нав муборак бод!

Image copyright BBC World Service

Ин суруд аз аввал то охир дар тавсифи баҳор аст. Ин гуна сурудҳои тавсифӣ дар байни мардуми вилояти Кундуз зиёданд. Чунин сурудҳо на фақат дар байни тоҷикон, балки дар байни паштунҳо, ҳазораҳо, узбакҳо, туркманҳо, арабҳо ва дигар қавмҳои маскуни ин вилоят низ дида мешаванд. Бояд ёдовар шуд, ки аксари ақвоми сокини вилояти Кундуз бештар суруду таронаҳои омиёнаи форсиро месароянд.

Баробари шукуфтани аввалин сабзаҳои баҳорӣ мардуми тамоми манотиқи вилояти Кундуз ба пухтани саману омодагӣ мебинанд. Самануро пеш аз Наврӯз ва ҳам дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ва ҳам пас аз он мепазанд. Аз сабаби он ки пухтани саманук вақти зиёде мехоҳад, дар гирди деги он суруду рақс, шухию базлагӯӣ, факоҳигӯӣ ва нақлу ривоятҳо ва дигар "соъаттирӣ" баргузор мешавад.

Яке аз машҳуртарини онҳо, суруди "Саманак дар ҷӯш, мо кафча занем" мебошад. Ин суруд қариб дар ҳамаи манотиқи Афғонистон ва ҳамчунин кишварҳои Тоҷикистон ва ҳатто дар байни қавму миллатҳои дигари ҳавзаи Наврӯз роиҷ аст ва дар ҳар ҷо нусхаҳои гуногуни худро дорад. Ҳангоми сароидани суруди суманак духтарон ва занон бо навбат рақс мекунанд. Яке аз матнҳои ин суруд чунин аст:

Ҳама: Суманак дар ҷӯш мо кафча занем, Дигаро да хоб мо дафча занем.

Хонанда: Сумнак назри баҳор ас(т), Мелаи шабзиндадор ас(т), Дилхушӣ соле як бор ас(т), Соли дигар ё насиб.

Ҳама: Сумнак дар ҷӯш мо кафча занем, Дигаро да хоб мо дафча занем.

Хонанда: Мавсуми айшу баҳорас(т), Мӯҷиби тахту шиъор ас(т), Духтаро давраш қатор ас(т), Соли дигар ё насиб.

Муҳаққиқон аз ҳар гӯшаву канор намунаҳои гуногуни ин сурудро сабт кардаанд ва ҳатто сарояндагони ҳирфаӣ онро бо ҳамон оҳанг бо маҳорат аз тариқи родию ва телевизиюн месароянд.

Роҷеъ ба Наврӯз ва баҳор дубайтӣ, рубоъӣ ва анвоъи дигари сурудҳои мардумӣ низ вирди забони мардуми вилояти Кундуз аст. Аз ҷумла сурудҳои "Баҳори нав муборак бод!", "Пироҳани зардӯз", "Наврӯзӣ", "Ма, ки бозор биравум", "Мужда, ки омад баҳор", "Рӯзи Наврӯз аст Худоҷон, ҷанда боло мешавад", "Биё, бирем ба Мазор, Мулломамадҷон", "Гул, гули анор аст, фасли баҳор", "Наврӯзи нав муборак", "Баҳор омад" ва боз чанд суруди дигар зебоиҳои баҳор ва Наврӯзро тавсиф менамояд.

Image copyright BBC World Service

Ҳамчунин, сурудҳое ҳаст, ки ба баҳор марбут бошанд ҳам, вале дар онҳо воқеъияти рӯзгори мардум, мушоҳидаи парандаҳо, муҳити зист, дарахт, об ва амсоли ин мунъакис шудааст. Баъзе аз ин ашъори манзум дар байни хурдсолон маъруф аст ва баъзеро ҳам калонсолон месароянд ва ҳам навҷавонон. Сурудҳои "Қу-қу-қу барги чинор", "Об омаду об омад", "Ман оби равон ҳастам", "Ғучӣ, ғучӣ баҳор шуд", "Абри сиёҳ", "Ё раб бите ту борон" аз ҷумлаи онҳост.

Дар байни мардум дубайтиҳои зиёде ҳастанд, ки роҷеъ ба баҳор ва Наврӯз мебошанд. Ҳар кадоми онҳо як лаҳзаи марбут ба Наврӯзу баҳорро, ки дар он замон шахс дар чи ҳолат қарор дорад, мунъакис намудааст:

Баҳор омад, баҳор омад, Худоҷон, Гули ман ам Мазор омад, Худоҷон. Ҳама қатӣ ман наврӯзӣ мекард, Сари ман рӯзгор омад, Худоҷон.

Баҳор омаду гулҳо чиданӣ шуд, Лабойи духтарон бӯсиданӣ шуд. Лабойи духтаро шакару ширин, Ба мисли найшакар ҷӯшиданӣ шуд.

Ба ин тартиб, бояд ёдовар шуд, ки дар ситоиши баҳор ва Наврӯз ашъори зиёди омиёна мавҷуд аст, ки ҳар кудоме аз онҳо бозгӯи ҳаёти моддӣ ва маънавии мардум мебошанд.

Матолиби муртабит