Уламои Кобул: Қатли Фархунда ғайриинсонӣ ва ғайриисломӣ аст

  • 25 Март, 2015

Шӯрои уламои Кобул бо гирдиҳамоӣ дар шаҳри Кобул қатли Фархунда, духтари ҷавони Афғонистонро дасисае аз сӯйи таъвизнависон (туморнависон) дониста ва оноро ғайриинсонӣ ва ғайриисломӣ хонданд.

Атоуллоҳ Файзон, узви Шӯрои уламои Кобул дар бораи таҷаммуъи уламои Кобул, кишавоҳиде, ки амалан ба он даст ёфта нишон медиҳад, ки Фархунда як мубаллиғи исломӣ будааст, ки бар алайҳи хурофот мубориза мекардааст.

Ӯ гуфт, ки Фархунда дар оташ задани Қуръон даст надошта, балки мехоста, ки порчаҳое аз Қуръонро, ки дар як дегдон дар наздикии таъвизнависон дар оташ месухта, берун биёварад, ки бо таҳрики таъвизнависон, мардум ба фаҷеътарин ҳолат ин духтари ҷавонро куштаанд.

Оқои Файзон таъкид кард, ки ислом барои касе ки муртад мешавад, низ аҳкоми хоси худро дорад, ки иборат аз се рӯз зиндонӣ ва баъд аз он дар сурате, ки даст аз иртидод набардорад, бояд эъдом шавад.

Ӯ гуфт, ки уламои Кобул нигаронии худро дар бораи суъистифодаи таъвизнависон ба вазорати ҳаҷ ва авқофи Афғонистон ибрози карда, ки онон низ ваъдаи ҳамкорӣ дар ин заминаро додааст.

Дар ҳамин ҳол Хаплувок Софӣ, узви кумиссюне, ки аз сӯйи раиси ҷумҳури Афғонистон, маъмури баррасии ҳодисаи қатли Фархунда таъйин шуд, ба Би-би-сӣ гуфт, ки таҳқиқоти ин кумиссюн нишон медиҳад, ки иддаъои оташ задани Қуръон тавассути Фархунда “комилан нодуруст” аст.

Оқои Софӣ гуфт, ки яке аз муҷовирони масҷиди Шоҳи Душамшера пас аз мушоҷараи лафзӣ бо Фархунда ки аз ӯ хоста буд “мардумро ба бидъат ташвиқ накунад” авроқи сухтаи қуръониро, ки аз солҳо пеш дар ин зиёрат нигаҳдорӣ мешуд ба мардум нишон дод ва иддаъо карда, ки Фархунда ин Қуръонро оташ задааст.

Сибғатуллоҳ Муҷаддадӣ, аввалин раиси ҷумҳурии ҳукумати муҷоҳидон ва аз раҳбарони ҷиҳодӣ ва мазҳабии ин кишвар бо судури баёнияе дар Кобул қатли Фархундаро амали ғайриинсонии авбошон дониста ва таъкид карда, ки ин амал хилофи шариъати исломӣ буда ва афроде, ки муртакиби ин қатл шудаанд, бояд муҳокима шаванд.

Оқои Муҷаддадӣ бо ишора ба инки ин амал ҳеҷ рабте ба Ислом надорад афзудааст, ки шариъати Ислом ва азҳо баён дошта ки ҳар муттаҳам ба ҷурм бояд дар чорчуби низоми қазоӣ муҳокима ва бо дарназардошти шавоҳиди мавҷуд тавассути ҳукми додгоҳ дар маҳдудаи ҳукми шариъат муҷозот шавад.

Дар бахши дигари ин эъломия ӯ аз давлати исломии Афғонистон хостааст, ки ин мавзуъро сареъан ва бо бодиққати тамом баррасӣ карда ва ҳама касонеро, ки дар иртикоби ин ҷинояти фаҷеъ даст доштаанд, ба дасти адолат кашонида ва мутобиқи аҳкоми шариъат муҷозот намояд.

Фархунда, духтари 27-солаи афғон рӯзи 28-уми исфанд тавассути афроди хашмгин бо сангу чуб кушта ва баъд аз он ҷасадаш сузонда шуд.

Ин ҳодиса боъиси вокунишҳои густардаи иҷтимоъӣ дар Афғонистон шуд ва то кунун дар вилоятҳои мухталифи Афғонистон мардум бо хонаводаи Фархунда ибрози ҳамбастагӣ карда ва ба ёдбуди Фархунда шамъ равшан кардаанд.