Ҷаъбаи сиёҳи ҳавопаймои суқуткарда дар Олпи Фаронса пайдо шуд

  • 25 Март, 2015
Image copyright AFP

Вазорати кишвари Фаронса эълом карда, ки ҷаъбаи сиёҳи ҳавопаймои олмонии Аэробус-А320, ки имрӯз субҳ суқут карда буд, пайдо шудааст.

Ҳамзамон хабар мерасад, ки тимҳои наҷот ба маҳалли дуруфтодаи вуқуъи ҳодиса расидаанд.

Парвози шумораи 9525U мутаъаллиқ ба ширкати олмонии Жерманвингз аз Борселуни Испониё дар ҳоли парвоз ба Дуселдурф буд.

Ин ҳавопаймои 166 мусофир, ду халабон ва чаҳор хадамаи парвозӣ дошта ва тибқи гузоришҳо тамоми мусофирон ва хадамаи он кушта шудаанд.

Иллати суқут ҳануз маълум нест ва ҳавопаймо дар тули ҳашт дақиқае, ки ба суръат ба самти замин мерафт ҳеҷ паёми хатаре нафиристод.

Ба гуфтаи мақомҳои ширкати Жерманвингз тамоси ҳавопаймо бо бурҷи мухобироти Фаронса дар соъати 10:53 ба вақти маҳаллӣ дар иртифоъи ҳудуди ду ҳазорметрӣ қатъ шуд.

Бештари мусофирони ин ҳавопаймо шаҳрвандони Испониё ва Олмон буданд. Ду навзод ва 16 донишомузи як мадрасаи олмонӣ ки дар ҳоли бозгашт аз сафар буданд, дар ин ҳавопаймо ҳузур доштанд.

Онгело Меркел, садри аъзами Олмон ба хабарнигорон гуфта, ки “ин лаҳзае аст, ки эҳсоси андуҳе амиқ вуҷуди ҳамаи моро гирифта” ва гуфт қасд дорад ба маҳалли суқут биравад.

Ин ҳавопаймо дар ихтиёри ширкати олмонии Жерманвингз буд, ки аз ҷумлаи ширкатҳое аст, ки билетҳои арзон мефурушад. Саҳҳоми ширкати ЖЕрманвингз мутаъаллиқ ба ширкати Луфтанзо аст.

Фронсуо Улонд, раиси ҷумҳури Фаронса пештар гуфт, дастрасӣ ба минтақае, ки ин ҳавопаймо суқут карда бисёр душвор аст.

Вазорати кишвари Фаронса мегӯянд, ки як тими имдод ба маҳалли суқут расида ва кор дар онҷо идома дорад.

Image copyright BBC World Service
Image copyright BBC World Service
Image copyright BBC World Service
Image copyright BBC World Service
Image copyright BBC World Service
Image copyright BBC World Service