Панҷ равиши боқӣ мондан дар қудрат дар Осиёи Миёна

  • 25 Март, 2015
Image copyright BBC World Service
Image caption Нурсултон Назарбоев (чап) ва Ислом Каримов (рост) рӯйи ҳамрафта ҳудуди 50 сол дар қудрат будаанд

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Қазоқистон ва Ӯзбакистон қарор аст базудӣ баргузор шавад. Боқӣ мондани Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури феълии Қазоқистон, дар қудрат ва интихоби муҷаддади Ислом Каримов ба мақоми раёсати ҷумҳурии Узбакистон баъид аст таъаҷҷуби касеро барангезад.

Ҳар ду раҳбар аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар раъси ҳукумат буда ва ҷузви қадимитарин раҳбарони ҷаҳон ҳастанд. Мавориде, ки дар ин матолиб ба он ишора мешавад, равишҳои раҳбарони Осиёи Миёна барои боқӣ мондан дар қудрат аст, ки дар амал ба кор бурда шуда ва дар ин кишварҳо натиҷа додааст.

1- Баргузории ҳамапурсӣ

Маъмулан дар ин кишварҳо ба ҷои интихобот ва раъйгирӣ барои тамдиди давраи раёсати ҷумҳурӣ як ҳамапурсӣ баргузор мешавад. Ин равиш бахусус дар даҳаи навади мелодӣ ва замоне ки ин ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ даврони интиқоли душвореро тай мекарданд, бисёр мутадовил буд.

Дар он шароит, ки фақр ва бекорӣ башиддат густариш ёфта буд ва иқтисоди ин кишварҳо рӯ ба вайронӣ сайр мекард, баргузории интихобот ба нерӯҳои мухолиф ва мунтақид имкон медод, ки аз норизоятии мардум алайҳи низоми ҳоким истифода кунанд.

Image copyright BBC World Service
Image caption Дар кишварҳои Осиёи Миёна раъйдиҳандагон гузинаи чандоне надоранд

Ду кишвари Қазоқистон ва Узбакистон дар соли 1995 бо баргузории як ҳамапурсӣ давраи раёсати ҷумҳурии раҳбарони ҳоким бар кишварро то соли 2000 тамдид карданд. Дар Узбакистон баргузории як реферондуми дигар дар соли 2003 даври севуми раёсати ҷумҳурии Ислом Каримовро то соли 2007 тамдид кард.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки шеваи тамдиди даврони раёсати ҷумҳурӣ аз тариқи ҳамапурсӣ мавриди интиқоди ҷомеъаи байналмилалӣ аст, раҳбарони кишварҳои Осиёи Миёна акнун талош мекунанд аз ин равиш парҳез кунанд.

2 - Интихобот дар замони номаълум

Агар дар кишварҳои Осиёи Миёна интихоботе баргузор шавад, маъмулан замони он мушаххас нест ва дар мавъиди муқаррар баргузор намешавад. Аз замоне ки давраи раёсати ҷумҳурии Ислом Каримов дар Узбакистон қонунан ба поён расид, ин дувумин боре аст, ки дар ин кишвар интихобот баргузор мешавад. Ин бор ба тасмими давлат ва барои парҳез аз ҳамзамон шудани интихоботи порлумонии декабри 2014 қарор шуд дар рӯзи 29 марти 2015 баргузор шавад.

Дар айни ҳол баргузории интихоботи зудрас ва қабл аз замони муқарраршуда дар кишварҳои Осиёи Миёна, ки то кунун се бор дар Қазоқистон иттифоқ афтода, ба раҳбарони ҳоким имкон медиҳад. ки муқхолифони худро ғофилгир кунанд. Ба унвони намуна дар мавриди интихоботи зудраси соли 2011 нерӯҳои мухолиф онро таҳрим карда ва эълом карданд фурсати кофӣ барои омодагӣ ва муборизоти интихоботӣ надоштанд.

Илова бар ин дар мавориде, ки кишвар мумкин аст бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ шавад ва баргузории интихоботи зудрас ба раҳбарони ҳоким иҷоза медиҳад, ки қабл аз бурузи паёмадҳои ин мушкилот ва норизоятии мардум аз сандуқҳои раъй ба беҳтарин шакл баҳрабардорӣ кунанд.

Ба унвони мисол, Нурсултон Назарбоев моҳи гузашта барои баргузории интихоботи зудрас далоиле мисли "ташдиди буҳрони иқтисодӣ" ва ё "ташдиди танишҳои жеупулитик" аз ҷумла буҳрони Укройнро зикр кард. Бар асоси ин тасмим қарор аст интихоботи Қазоқистон 26 апрел баргузор шавад.

Барои машрӯъ ҷилва додани равиши ҳамапурсӣ ва ё интихоботи зудрас дар Қазоқистон маъмулан ин тавр вонамуд мешавад, ки пешниҳоди гурӯҳе аз шаҳрвандон будааст. Ба унвони намуна аз қарори маълум баргузории интихоботи зудрас дар соли 2015 тавассути Шӯрои миллати Қазоқистон матраҳ шудааст.

Image copyright BBC World Service
Image caption Дар Узбакистон сандуқҳои раъй хона ба хона чархонда мешаванд.

Ва ё дар соли 2011 туморе бо милюнҳо имзои шаҳрвандони Қазоқистон ҷамъоварӣ шуд, ки аз баргузории як реферондум барои тамдиди даврони раёсати ҷумҳурии Нурсултон Назарбоев то соли 2020 ҳимоят мекард. Дар ниҳоят оқои Назарбоев ба унвони як роҳи ҳалли "байнобайнии" баргузории интихоботи зудрас аз мавъиди муқаррарро баргузид ва пешниҳод дод.

3- Фуқдони як упузисиюни воқеъӣ

Яке аз интиқодҳои аслии Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо , муҳимтарин нозири байналмилалӣ дар интихоботи кишварҳои Осиёи Миёна ,ин аст, ки дар ин кишварҳо ҳеҷ нерӯи сиёсӣ ва ё ҳизби мухолифи давлат вуҷуд надорад. Ин ниҳод таъкид мекунад, ки ширкати номзадҳои дигар дар ин интихобот ба маънои додани гузинаҳои воқеъӣ ва мутафовит ба раъйдҳандагон нест. Дар аксари маворид номзадҳои дигар ҷузъи тарафдорони раъиси ҷумҳур ҳастанд ва ҳатто баъзе аз маворид эътироф мекунанд, ки худи онҳо ҳам ба раҳбарии ҳоким раъй доданд.

Бо таваҷҷуҳ ба фишори шадиде, ки номзадҳои дигар бо он мувоҷеҳ мешаванд, шояд ин вазъият қобили дарк бошад. Ба унвони намуна раҳбари сиёсии мухолифе, ки дар интихоботи соли 1991 Узбакистон бо Ислом Каримов рақобат кард, ба хотири саркӯби шадид маҷбур шуд аз Узбакистон фирор кунад.

Дар Қазоқистон низ сиёсатдорони аслии мухолифи ҳукумат маъмулан ба равишҳои гуногун аз ширкат дар интихобот маҳрум мешаванд. Ба унвони намуна дар соли 1999 рақиби мухолифи давлат ба ҷурми ширкат дар як "роҳпаймоии ғайриқонунӣ" амалан аз ҳаққи ширкат дар интихобот маҳрум шуд. Ва ё дар соли 2011 ҳизби аслии мухолифи давлат дар эътироз ба баргузории зудтар аз мавъиди интихобот онро таҳрим кард.

4- Тағйир додани Қонуни асосӣ

Баҳори имсол Ислом Каримов барои давраи чаҳоруми раёсати ҷумҳурӣ дар интихоботи Узбакистон ширкат мекунанд ва Нурсултон Назарбоев низ барои панҷумин давраи раёсати ҷумҳурӣ номзад мешавад.

Image copyright BBC World Service
Image caption Раҳбарони кишварҳои Осиёи Миёна тавонистаанд ҳадде аз суботро ҳоким кунанд.

Ҳатто агар Қонуни асосии кишварҳои Осиёи Миёна мушаххас карда, ки ҳар фарде фақат барои ду давра метавонад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ бирасад, раҳбарони ин кишварҳо бо тасвиби ҷадид ва ё ба таври куллӣ бознависии Қонуни асосӣ аз ин монеъ убур мекунанд. Маъмулан ин тағйирот дар Қонуни асосӣ ба шакле танзим мешавад, ки давраҳои қаблии зимомдории руасои ҷумҳури феълӣ дар назар гирифта нашавад.

Дақиқан бо чунин тағйироте дар Қонуни асосии Узбакистон ва Қазоқистон раҳбарони он ду кишвар тавонистанд барои даври севум мақоми раёсати ҷумҳуриро ҳифз кунанд. Ҳатто Қазоқистон тасмим гирифт ба таври куллӣ чунин маҳдудият ва истисноеро аз Қонуни асосӣ ҳазф карда ва ба оқои Назарбоев иҷоза диҳад, ки барои давраҳои номаҳдуди мақоми раёсати ҷумҳуриро барои худ ҳифз кунад.

5 - Тақаллубҳои интихоботӣ

Маъмулан дар тамоми интихоботи раёсати ҷумҳурии кишварҳои Осиёи Миёна мизони ширкати воҷидони шароити бисёр боло аст ва раиси ҷумҳури ҳоким беш аз 90 дарсади ороро ба даст меоварад. Коршиносон муътақиданд, ки фақат аз тариқи тақаллуби интихоботӣ метавон чунин арқом ва ороеро ба даст овард.

Нозирони интихоботии Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо дар гузоришҳои худ ба шеваҳои мисли рехтани орои ношинос дар сандуқҳо, раъйи чандбораи тарафдорони ҳукумат ва шеваҳои ғайриқонунии дигар, аз ҷумлаи эъмоли фишор ва таҳдиди раъйдиҳандагон бо ҳадафи раъй дододан ба номзади мавриди назари ҳукумат ишора мекунанд.

Аммо ҷолиб ин аст, ки ҳам Ислом Каримов ва ҳам Нурсултон Назарбоев эҳтимолан бидуни он ки лозим бошад дар раъйгирӣ тақаллуб кунанд, ба пирӯзӣ хоҳанд расид, чун дар кишварҳое мисли Узбакистон ва Қазоқистон, ки башиддат таҳти кунтрули ҳукумат қарор доранд, ҳеҷ фазое барои шаклгирӣ ва ибрози назари мухолифон вуҷуд надорад.

Вале бо ин ҳама дар фарҳанги сиёсии он кившарҳо дарсади бисёр болое аз орои шаҳрвандон ба унвони як омили муҳим дар машрӯъияти раҳбари ҳоким талаққӣ мешавад. Пирӯзӣ бо дарсади пойинтаре аз раъй ба манзалаи заъфи онҳо аст ва мумкин аст барои муттаҳидон ва мухолифони онҳо паёми номуносибе бошад.