Ҷон додани кӯдакони зери 3-сола дар сонеҳаҳо дар рӯзҳои таътил

  • 24 Март, 2015
Сонеҳаи худрав Image copyright BBC World Service
Image caption Дар рӯзҳои таътил дар Тоҷикистон се кӯдаки зери 3-сола дар сонеҳаҳо кушта шуданд

Масъулони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз кушта шудани кӯдаки 2-сола дар зери чархи худрави яке аз хешовандонаш дар ин кишвар хабар додаанд.

Тибқи иттилоъи торнамои вазорат ин воқеъа, дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Турсунзода, воқеъ дар шаст килуметрии ғарби шаҳри Душанбе рух додааст.

Дар иттилоъи торнамои ин ниҳод, ки рӯзи сешанбеи 24 март пахш шудааст, омадааст, ки Абдуманон Жулманов, доии 30-солаи ин кӯдак замоне Нурмуҳаммад Ҷумаеви хурдсолро пахш кардааст, ки худрави худро ба ақаб мерондааст.

Ин дар ҳолест, ки ду рӯзи қабл дар воқеъаи дигаре, ки дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон рух додааст, кӯдаки 3-сола кушта мешавад.

Ин воқеъа низ ҳангоми ба ақиб рондани худрав рух медиҳад ва кормандони пулис ангезаҳои ин воқеъаҳоро “аз беэҳтиётӣ рондани худравҳо” арзёбӣ кардаанд.

Аммо кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон тибқи иттилоъи дигаре аз кушта шудани 8 нафар аз сокинони дигар дар рӯзҳои таътили наврӯзӣ дар ин кишвар хабар медиҳанд.

Дар миёни афроди кушта шуда як кӯдаки 3-сола низ будааст, ки дар натиҷаи сонеҳа дар роҳи иртибототӣ аз ноҳияи Айнӣ ба ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ҷони худро аз даст додааст.

Дар ин сонеҳа, ки рӯзи 21 март рух додааст, ҳамчунин ду сокини 26 ва 29-сола ва ронандаи худрав ҷонҳои худро аз даст додааанд.

Воқеъаи тасодуми дигаре, ки дар ноҳияи Шаҳринав рух додааст, се кушта ва ду нафар захмӣ бар ҷой гузоштааст.

Матолиби муртабит