Артиши "ғулҳои интернетӣ" дар хидмати Кремлин

  • 24 Март, 2015
ғул
Image caption Ғулҳои интернетӣ метавонанд пушти чеҳраи хеле маҳбуб пинҳон шаванд...

Тайи як соли ахир дар Русия фаъъолияти “ғулҳои кремлинӣ” – блогерҳо, ки гуфта мешавад давлат ба онҳо барои интиқоди Укройн ва Ғарб ва васфи раҳбарони Кремлин дар шабакаҳои интернетӣ пул медиҳад, бамаротиб шиддат гирифтааст.

Ҳарчанд вуҷуди чунин "артиши интернетӣ" дигар ҳарфи наве нест, аммо иттилоъоти ахире ки дар матбуъот ба нашр расид, пардаро аз рӯйи бархе ҷузъиёти фаъъолияти ин абзори муҳимми пропогандои русӣ бар медоранд.

"Ғори ғулҳо"

Image copyright LIVEJOURNAL
Image caption Барои мисол Татяна, ки худро "муъҷизаи меҳрубон" муъаррифӣ карда, бино ба боварҳо як ғули воқеъӣ будааст

Дар "Ожонси пажуҳиши интернетӣ", ки дафтари одиеро дар ҳумаи шаҳри Сонкт-Питерсбург иҷро гирифтааст ҳадди ақал 400 нафар фаъъолият дорад.

Аммо агар ба гузориши "Мой район", нашрияи маҳаллӣ бовар кунем, ончи деворҳои одии ин сохтмон ба назар мерасад, дарвоқеъ як "ғори ғулҳои кремлинии" будааст.

Ин нашрия фаъъолияти ин ожонсро бо Евгений Пригожний, хорборрасон (бархеҳо ӯро таббохи Путин низ меноманд) иртибот медиҳад, ки гуфта мешавад ӯ кори блогерҳоро пардохт мекунад ва онҳо садҳо шарҳу эзоҳ (комментарий) дар вебсойтҳои ожонсҳои матраҳ менависанду дар шабакаҳои "Твиттер", "Жывой журнал" ва дигар шабакаҳои иҷтимоъии интернетӣ аккаунтҳои фейки зиёде доранд.

Антон, яке аз кормандони сибиқи ин ожонсӣ ба родиюи "Свобода" гуфтааст: "Дар тӯли навбати 12-соъата ман бояд зери хабарҳои афроде, ки кормандони худи ҳамон ожонсӣ коштаанд, 126 шарҳу эзоҳ ва дар зери коштаҳои корбарони воқеъӣ 25 шарҳ мегузоштам, то таваҷҷӯҳи дигаронро ҷалб кунад. Дар саҳифаҳои худам ман бояд то 10 пост мегузоштам."

Ғулҳои интернетӣба навиштаи "Мой район" маъмулан зери ҳуввияти занҳои хонашин ва ё "шаҳрвандони навмедшудаи омрикоӣ" фаъъолият мебурдаанд.

То ин ки фейк будани онҳо ошкор нагардад, онҳо ҳамзамон ибрози ақоиди сиёсии худ постҳои рӯзмарае дар бораи сафарҳо, пухтупаз ва ё ҳайвоноти хонагӣ низ мекоштаанд.

Барои мисол "Мой район" менависад корбаре бо номи "tuyqer898" худро дар саҳифааш чунин муъаррифӣ мекунад: "Номи ман Татяна, ман як муъҷизаи кучак ҳастам. Ҳар ончи дар дунё мегузарад, бароям ҷолиб аст, ман ҳамчунин сафар кардан, ҳунар ва синаморо дӯст медорам."

Аммо тибқи феҳристи ғулҳои кремлинӣ, ки "Новая газета" мунташир кардааст, Татяна яке аз ин ғулҳо мебошад.

Фармонҳои қатъӣ

Image copyright Getty
Image caption Ба ғулҳо фармонҳои қатъӣ дода мешавад: барои мисол тӯҳмат задан ба мунтақиди Кремлин Немсов....

Асноди ҷамъоваришуда ва мунташиршуда дар "Мой район" ҳокӣ аз он аст, ки кор дар "ғори ғулҳо" ҷиддан бо як силсила муқаррарот танзим шудааст.

Бино ба иттилоъи дарзшуда дар матбуъот, ҳар шарҳи кормандони ожонс дар навбати рӯзона бояд на камтар аз 700 ва дар навбати шабона на камтар аз 1000 ҳарф иборат бошад.

Image copyright AP
Image caption ... Ё васф кардани раҳбарияти Русия

Ин қавоид ҳамчунин дорои барномаи замонӣ ва калимаву ибораҳои калидӣ ба мисли "Украина", "российская оппозиция" ва "робита бо Ғарб" будааст.

Ба навиштаи "Радио Свобода", Лена, яке аз кормандони собиқи "Ожонси пажуҳиши интернетӣ" ба ин расона гуфт, ки яке аз "фармонҳои фаннӣ" ба кормандони ожонс ба мавзӯъи қатли мунтақиди Кремлин - Борис Немсов иртибот дошт.

Ӯ афзудааст: "Мо бояд дар зеҳни мардум ин фикрро мекоштем, ки қатли Немсов як фитнаи қабл аз роҳпаймоӣ буд, ва ӯ тавассути ҳамроҳони худаш ба қатл расид. Ба ин тартиб зери ҳар матлаби хабарии расонаҳои матраҳ садҳо ва ҳазорҳо шарҳу эзоҳҳои дорои ин ақида пайдо мешаванд."

"Сонсури баръакс"

Image copyright YOUTUBE
Image caption Ба гуфтаи Петр Померансев, Кремлин тавони кунтрули фазои иттилоъотиро надорад, аммо метавонад онро пур аз туҳмат кунад

Ба ин ҳама талош барои таъсис "ғорҳои ғулҳо" бархе аз коршиносони рус ба ин ақидаанд, ки Кремлин ба чунин артиши ғулҳо ниёз надорад.

Рустам Адагамов, ба сойти хабарии питербургӣ Fontanka.ru. гуфтааст: "Ин талошҳои таъсиси миллатгароёни дурӯғини пулӣ дар интернет дар баҳри анзору ақоиди зиёде гум мешаванд. Ва назари умумӣ тавассути телевизиюнҳо шакл мегиранд, на тавассути фазои интернетӣ."

Антон Носик дар мусоҳибае бо "Мой район" бо ин ақида ҳамовоз аст. Ӯ ба нашрияи "Мой район" гуфтааст: "Ҳадафи "ғулҳои интернетӣ" аз оғоз тағйири ақоиди сиёсии мардум набудааст."

Аммо Петр Померансев, коршинос ва хабарнигори матраҳ гуфтааст, ки талошҳои "ғулҳо" на ба мутақоид сохтани хонандагони интернертӣ равона шудааст, балки ҳадафи онҳо гумроҳ кардани онҳост.

Ин хабарнигор дар мусоҳибааш бо Hromadske TV. гуфтааст: "Русҳо талош доранд сонсури баръаксро ба кор баранд. Аз баски онҳо наметавонанд фазои интернетиро сонсур кунанд, онҳо талош мекунанд, ки ин фазоро бо шоеъот ва назарияҳои тавтеъаомез пур кунанд."