Вазири хориҷаи Яман хостори дахолати кишварҳои араб шуд

  • 24 Март, 2015
Image copyright Reuters
Image caption Ҳусиҳо моҳи гузашта Санъоро ишғол ва раиси ҷумҳур Абдраббуҳ Мансур Ҳодиро барканор карданд

Вазири хориҷаи Яман аз кишварҳои араби халиҷи Форс хостааст барои ҷилавгирӣ аз пешравии шӯришиёни шиъаи ҳусӣ ба сӯйи ҷануби ин кишвар мудохила кунанд.

Ҳусиҳо моҳи гузашта Абдраббуҳ Мансур Ҳодӣ, раиси ҷумҳури Яманро барканор карданд ва ӯ ба шаҳри Адан дар ҷануби Адан гурехт, то дар онҷо барои худ пойгоҳе эҷод кунад.

Шӯришиён дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе Таъз севумин шаҳри бузурги Яманро ишғол карданд ва ба Адан наздиктар шуданд.

Созмони Милал ихтор додааст, ки Яман дар остонаи ҷанги дохилӣ аст.

Риёз Ёсин, вазири хориҷаи оқои Ҳодӣ, ба рӯзномаи Алшарқ алавсат, вобаста ба Оли Саъуд, гуфт ӯ аз шаш кишвари Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс хостори мудохила шуда, аммо тавзеҳоти бештаре дар мавриди навъи мудохила надод.

Ӯ гуфт, ки ҳамчунин аз Созмони Милал ва Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс хоста як минтақаи парвоз мамнӯъ эълом кунанд, ки пас аз ҳамлаи ҳавоӣ ба кохи раёсвати ҷумҳурӣ дар Адан дар поёни ҳафта буд.

Қудрат гирифтани ҳусиҳо боъиси эҳсоси хатари Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс ва бахусус Арабистони Саъудӣ шудааст, ки ҳусиҳоро муттаҳам мекунад ба ниёбат аз Эрон меҷанганд. Эрон ва шӯришиёни ҳусӣ ин иттиҳомро рад кардаанд.

Вазири хориҷаи Саъудӣ ҳам рӯзи душанбе ихтор дод, ки кишварҳои халиҷи Форс мумкин аст барои ҳимоят аз оқои Ҳодӣ иқдом кунанд.

Саъуд Алфайсал гуфт: "Агар ин масъала ба таври мусолиматомез ҳал нашавад, тадобири лозим барои ҳифозат аз минтақа аз таъаррузи онҳоро иттихоз хоҳем кард.

Image copyright AP
Image caption Нерӯҳои ҳаводори Абдраббуҳ Ҳодӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи Яман.

Ҷамол Банумор, фиристодаи Созмрони Милал, ба Би-би-сӣ гуфт, ки саъудиҳо "далоили хубе" барои нигаронӣ аз ин вазъият доранд.

Аммо ӯ афзуд: "Фикр намекунам ҳеҷ кадом аз тарафҳо битавонад дар як ҷанги дохилӣ баранда шавад. Танҳо роҳи пеши рӯ музокира аст, ки ба маънии имтиёз додан аз сӯйи ҳама тарафҳост ва ин яъне созиш."

Ҳамзамон Бритониё ҳам пас аз Омрико эълом карда нерӯҳои вижаи низомиашро ба далели вахимтар шудани авзоъ дар Яман аз онҷо хориҷ мекунад.

Дар ин миён ба назар мерасад, ки зуҳури Доъиш дар Яман буҳронро амиқтар карда бошад.

Як гурӯҳи вобаста ба Дръиш мегӯяд омили ҳамлае аст, ки боъиси марги 29 нафар дар Лоҷ, шимоли Адан шуд. Як шохаи дигари Доъиш ҳафтаи пеш масъулияти ҳамла бар Санъоро, ки беш аз 100 кушта ба ҷо гузошта, ба уҳда гирифта буд.

Матолиби муртабит