Мардони мусаллаҳ 13 мусофири як утубусро дар ҷануби Афғонистон куштанд

  • 24 Март, 2015

Мардони мусаллаҳ 13 сарнишини як утубуси мусофирбариро дар вилояти Вардак дар ҷануби Афғонистон куштанд.

Атовуллоҳ Хугиёнӣ, сухангӯйи волии Вардак? ба хабаргузории Фаронса гуфт, ки муҳоҷимони мусаллаҳ имрӯз, (сешанбеи 24 март) ҳудуди соъати яки бомдод ба вақти маҳаллӣ ба рӯи мусофирони ин утубус оташ гушуданд ва 13 нафар ба шумули як занро куштанд.

Қурбониён раҳсипори Қандаҳор буданд.

Муҳаммад Алӣ, муъовини волии Ғазнӣ, ки дар ҳамсоягии Вардак қарор дорад, низ ин воқеаъро таъйид карда ва гуфтааст, ки мардони мусаллаҳ мусофиронро яке ба як ҷудо карда ва ба сӯйи ҳар кадом ҷудогона тирандозӣ мекарданд.

Мақомот гуфтаанд, ки ангезаи ин ҳамла ҳанӯз мушаххас нест ва таҳқиқот ҷараён дорад.