Исроил ҷосусӣ аз музокироти ҳастаии Эрон ва Омрикоро такзиб кард

  • 24 Март, 2015
Image copyright AP
Image caption Таниши миёни Кохи Сафед ва давлати Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил, ташдид шудааст

Давлати Исроил гузориши рӯзномаи омрикоии Вол Истрит Журнол мабнӣ бар ҷосусӣ аз гуфтугӯҳои Эрон ва Омрико бар сари барномаи ҳастаии Эронро такзиб кардааст.

Як мақоми баландпояи исроилӣ ба Би-би-сӣ гуфт гузориши рӯзномаи Вол Истрит Журнол "кизби маҳз" аст.

Ин рӯзнома навишта буд, ки Исроил барои ин дунболи ҷузъиёти гуфтугӯҳои Эрон ва Омрико буд, то битавонад алайҳи тавофуқномае бо Эрон мадорики кофӣ ҷамъоварӣ кунад.

Бинёмин Нетонёҳу дар суханронии худ дар кунгреи Омрико ҳушдор дод, ки музокироти ҳастаии Омрико ва Эрон ва тавофуқе, ки мумкин аст ба даст биёяд, "роҳи ин кишвар барои дастёбӣ ба бумби атумиро" ҳамвор мекунад.

Ҳадаф аз музокироти Эрон ва Омрико ба унвони узви аслии Гурӯҳи 5+1 пайдо кардани роҳе барои идомаи фаъъолияти ҳастаии Эрон ва дар айни ҳол итминони бахше ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар мавриди ғайринизомӣ будани ин фаъъолиятҳо аст.

Вол Истрит Журнол навиштааст, ки Исроил аз соли пеш шурӯъ ба шунуди пинҳонии музокирот кард ва иттилоъоте аз гузоришҳои маҳрамонаи мақомҳои омрикоӣ ва манбаъи диплумотики тарафҳои урупоии музокирот ба даст овард.

Ин рӯзнома навиштааст, ки Кохи Сафед замоне аз ин амалиёт муталеъ шуд, ки сервисҳои иттилоъотии Омрико, ки аз Исроил ҷосусӣ мекарданд, паёмҳои мубодилашуда миёни мақомҳои исроилиро забт карданд ва мушаххас шуд, ки ин паёмҳо танҳо метавониста аз музокироти маҳрамона дарз карда бошад.

Вол Истрит Журнол мегӯяд Омрико бахусус аз ин нороҳат буд, ки Исроил талош карда буд ин иттилоъотро бо қонунгузорони омрикоӣ дар миён бигузорад ва барои мухолифат бо тавофуқномаи эҳтимолӣ бо Эрон мадорик ва асноде ҷамъоварӣ кунад.

Таниши миёни Кохи Сафед ва давлати Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил, ташдид шудааст

Image copyright Getty
Image caption Убомо ва Нетонёҳу мавозеъи комилан мутафовитеро дар мавриди музокира бо Эрон иттихоз кардаанд

Матолиби муртабит