Бунёдгузори Сингопури мудерн даргузашт

  • 23 Март, 2015
Image copyright .
Image caption Маросими давлатии бузургдошти ӯ рӯзи 29 март пас аз як ҳафта сӯгвор баргузор хоҳад шуд

Лӣ Куон Ю , давлатмарде, ки Сингопурро аз як шаҳри бандарии кучак ба як конуни муҳимми иқтисодии ҷаҳон бадал кард, дар синни 91-солагӣ даргузаштааст.

Оқои Лӣ, ки барои 31 сол нахуствазир буд, ба унвони меъмори рифоҳи иқтисодии Сингопур мавриди эҳтироми бисёре аз мардуми ин кишвар аст.

Аммо ӯ ба хотири қабзаи шадиди қудрат мавриди интиқод буд. Таҳти ҳокимияти ӯ озодии баён башиддат маҳдуд шуд ва мухолифони сиёсӣ ба додгоҳ кашонда шуданд.

Маросими давлатии бузургдошти ӯ рӯзи 29 март пас аз як ҳафта сӯгворӣ баргузор хоҳад шуд.

Оқои Лӣ нозири истиқлоли Сингопур аз Бритониё ва ҷудоӣ аз Молезӣ буд. Хабари даргузашти ӯ дар соъоти нахусти рӯзи душанбе мунташир шуд.

Лӣ Син Лунг, нахуствазири Сингопур, ки писари Куон Ю аст, дар баёнияе гут: "Бо таассуфи зиёд хабари даргузашти оқои Лӣ Куон Ю, нахуствазири бунёдгузори Сингопурро эълом мекунам."

Ӯ дар пайи зотуррияи (бемории шуш) шадид чандин ҳафтаи ахирро дар бемористон бистарӣ буд.

Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, гуфт, ки ӯ амиқан аз даргузашти оқои Лӣ ғамгин аст ва ба мардуми Сингопур таслият гуфт.

"Хадамоти беҳисоб"

Оқои Лӣ, ки шахсияте пурҷозиба дошт ва ҳаргиз рафторашро тавҷеҳ намекард, Ҳизби Амали Мардумӣ (Пи-Эй-Пӣ)-ро бунён гузошт, ки аз соли 1959 ҳизби ҳоким будааст. Ӯ аввалин нахуствазири ин кишвар буд.

Ҳизби Пи-Эй-Пӣ дар баёнияе дар Фейсбук навишт: "Дар ҳоле ки мо ба сӯги даргузашти яке аз бузургтарин раҳбарони ҳизб нишастаем, аммо ҳадамоти беҳисоби ӯ ба Сингопур ва мардумашро ҷашн мегирем."

Image copyright na
Image caption Оқои Лӣ дар ҷараёни як суханронӣ дар соли 1955 дар Сингопур

Тунӣ Тан, раиси ҷумҳури Сингопур, дар номаи таслияти худ оқои Лиро "меъмори ҷумҳурии мудерни мо" тавсиф кард.

Оқои Лӣ, ки дар Кембриҷ ваколат хонда буд, нозир бар идғом бо Молезӣ ва сипас ҷудоӣ аз он буд; рӯйдоде, ки онро "лаҳзае дарднок" тавсиф кард.

Ӯ дар кунфронсе хбарӣ дар соли 1965 пас аз он ҷудоӣ қавл дод, ки як ҷомеъаи шоистасолор ва чанднажодӣ бисозад.

Аммо Сингопури кучак, ки аз манобеъи табиъӣ маҳрум буд, ниёзманди як мудели тозаи иқтисодӣ буд.

Ӯ дар ин ақида буд, ки Сингопур барои бақои худ бояд чизе мутафовит аз ҳамсоягонаш ироа кунад.

Ӯ санги бинои эҷоди як нерӯи кори таҳсилкарда ва мусаллат ба забони инглисиро гузошт ва ба сӯи сармоягузорони хориҷӣ дасти дӯстӣ дароз кард, то Сингопур ба конуни тавлид бадал шавад.

Ин давлат-шаҳр батадриҷ сарватманд шуд ва баъд бо тавсеъаи бештар ба як маркази молии умда бадал шуд.

Аммо кишварсозӣ бо кунтрули шадид ҳамроҳ буд ва яке аз меросҳои оқои Лӣ саркӯби расонаҳо буд.

Ин маҳдудиятҳо имрӯза ҳам дар Сингопур барқарор аст. Сингопур дар нимаи соли 2014 озодии матбуъоти ҷаҳон, ки аз сӯйи созмони Гузоришгарони Бидуни Марз таҳия мешавад дар рутбаи 150 пойинтар аз Русия, Мионмор ва Зимбобве истод.

Мухолифони норозии сиёсӣ ҳам башиддат саркӯб шуданд. Имрӯз ҳизби Пи-Эй-Пии оқои Лӣ ҳамчунон қудратро дар қабза дорад ва фақат шаш сиёсатмадори мухолиф дар порлумон ҳаст.

Оқои Лӣ аммо дар муқобили интиқодҳо дар замина озодиҳо тағйире эҷод накард.

Ӯ дар соли 1980 дар як таҷаммуъ гуфт: "Ҳар касе бар Сингопур ҳукумат кунад бояд аз ҷинси оҳан бошад. Ман зиндагиамро сарфи сохтани инҷо кардаам ва то вақте ки ман масъулам иҷоза нахоҳам дод касе онро хароб кунад."

Image copyright Reuters
Image caption Оқои Лӣ, ки барои 31 сол нахуствазир буд, ба унвони меъмори рифоҳи иқтисодии Сингопур мавриди эҳтироми бисёре аз мардуми ин кишвар аст.