Наврӯз дар Тоҷикистон: Нумоди фарҳанги миллӣ ё абзори таблиғи сиёсӣ?

  • 23 Март, 2015
Image copyright BBC World Service

Наврӯз дар Тоҷикистон беш аз он ки як суннати мардумӣ бошад, як ҷашни расмӣ аст. Лоақал дар чашми ман ин тур менамояд. Ҷанбаҳои расмиву ташрифотии он имрӯзҳо бештар аз вижагиҳои суннативу куҳани он ҷилва мекунад.

Дар маросими наврӯзии тоҷикон таъсироте аз ҷашнҳои дигари роиҷ дар Шӯравии собиқ, чун Соли нави масеҳӣ, ҳамчунон падидор аст, монанди “Бобои Деҳқон ва Маликаи Наврӯз”, ду қаҳрамони аслии барномаҳои намоишии наврӯзӣ, ки тақлиде аз “Бобои Барфӣ” (Дед Муруз ё ҳамон Бобо Нуэл) ва “Барфак” (ҳамон Иснегуручкои русӣ ё Маликаи Барф) ҳастанд. Ё расми оташбозӣ (фейерверк), ки дар солҳои гузашта шаҳрдории Душанбе бехабар аз лаҳзаи тавҳили сол дар шаби 21 морс баргузор мекард, тақлиде ошкор аз шаби Соли нави милодӣ аст.

متن فارسی را اینجا بخوانید

Ин дар ҳолест, ки бисёре аз ойинҳои куҳани наврӯзӣ, монанди Чаҳоршанбеи сурӣ, расми таҳвили сол, Ҳоҷӣ Фирӯз ва Сездаҳбадар, ба фаромӯшӣ супурда шудаанд ё иҷрои онҳо дигар ба пуррангии гузашта нест. Хонатаконӣ ва оростани суфраи наврӯзӣ бо ҳафт син ва ҳафт шин низ дигар ба шаҳомати пешин боқӣ намондааст.

Шояд далелаш ин бошад, ки сарзамини Варорӯд беш аз ҳар гӯшаи дигари Эронзамин ё қаламрави густардае, ки имрӯз бархеҳо онро ҳавзаи Наврӯз ё Наврӯзистон меноманд, тайи торихи худ дастхуши шикастҳо ва ошуфтагиҳои мудом қарор гирифтааст.

Абӯрайҳони Берунӣ дар бораи ҷашнҳои суғдиён мегӯяд: “Аҳли Суғдро дар моҳҳои худ идҳои бисёре аст, ки монанди идҳо ва айёми форсиён аст... Навсард (навсол), рӯзи аввал, он Наврӯзи суғдиён аст, ки Наврӯзи Бузург бошад. Ва рӯзи бисту ҳаштуми он зардуштиёни Бухороро идест, ки “Ромиш оғом” меноманд. Ва дар ин ид дар оташкадае, ки наздики қаряи Ромиш аст, ҷамъ мешаванд. Ва ин оғомҳо назди онон азизитарини идҳост...”

Image copyright BBC World Service

Бо вуҷуди ҳамалоти пайвастаи қабоили кӯчӣ аз шимолу шарқ, ривоҷи мулукуттавоифӣ ва ноамнии дохилӣ расму ойинҳои наврӯзӣ тайи қарнҳои мутамодӣ дар Варорӯд ҳамеша зинда будааст. Бавижа, қабл аз истеъмори русҳо ва барпоии ҳукумати шӯравӣ дар Осиёи Миёна амирони Бухоро дар таҷлил аз Наврӯз мубоҳот меварзидаанд.

Аҳмади Дониш, аз нивисандагони қарни 19, дар ин бора менивисад: “Ва аз ҷумлаи русуми тоза, ки дар асри амир (Музаффархон – 1860-1885) шуюъ ёфт, таъзими Наврӯз буд, ки чун Офтоб ба авсоти Ҳут расад, тараддуди ҷашну сур намуда, асбоби масхарагӣ ва дорбозӣ ва шуъбада ҷамъ менамоянд, то авосити моҳи савр ба ҳамаи деҳот ва қаря ва мазорот мардумро ба иҷтимоъ фармон дода, аснофи аҳли ҳирфаро ба зӯру заҷр аз шаҳр бароварда, шаб ҳама шаб чароғон фармуда, қавволу мутрибу муғаннӣ ва раққосу масхарабозро ба кор дароварда...”

Дар Иморати Бухоро дар даврони амирони Манғитӣ наврӯзгоҳҳо ва сайргоҳҳои зиёде мавҷуд будааст, ки дар онҳо мардуми зиёде ҷамъ мешуданд ва хушҳолӣ мекарданд. Муҳиммтарини ин сайргоҳҳо Файзобод ва Ширбадан ном доштаанд, ки Садриддини Айнӣ, нивисандаи маъруф, дар китоби “Ёддоштҳо”-яш аз онҳо ёдовар шудааст.

Дар ин сайргоҳҳо анвоъи ғизоҳои наврӯзӣ таҳия ва ба фурӯш гузошта мешуданд ва бозиҳову мусобиқоти мухталифе миёни мардум, бавижа ҷавонон, монанди куштӣ, буҷулбозӣ, қиморбозӣ, гирдубозӣ, тухмҷанг, кандакбозӣ, саъвабозӣ, зоғчабозӣ, ғирғиракбозӣ ва ғайра доир мешуд. Овози карнай ва сурнай, таблу рубоб, тору дутор ва чангу даф ҳамаҷо шунида мешуд. Мардум мусобиқоти асбдавонӣ, дорбозӣ ё сирки русиро низ тамошо мекарданд.

Садриддини Айнӣ менивисад: “Дар Бухоро дар он вақтҳо Наврӯзро, ки иди баҳори умумии форсизабонон аст, бисёр ҳурмат мекарданд. Ҳатто уламои динӣ ба ин ид, ки пеш аз исломият, пеш аз истилои арабҳо, одати миллӣ буда ва баъд аз мусалмон шудан ҳам мардум ин идро тарк накарда буданд, ранги дини исломӣ дода, аз вай фоида мебурданд. Аз оятҳои Қуръон “ҳафт салом” нивишта, ба ғулингоб (обмеваи зардолу), ки хӯрдани вай дар Наврӯз аз одатҳои миллии пештара (собиқ) буд, тар карда, мехӯронданд ва пул мегирифтанд.”

Image copyright BBC World Service

Шукӯҳу азаммати Наврӯз пас аз инқилоби булшевикӣ ва истиқрори давлати Шӯравӣ дар Осиёи Миёна батадриҷ коста шуд. Давлати навпои Шӯравӣ Наврӯзро як ҷашни феудолӣ ва мазҳабӣ медонист ва таҷлил аз онро расман иҷоза намедод, ҳарчанд ба гуфтаи бархе аз мақомоти вақти Шӯравӣ, ҳеч гуна санади расмӣ дар бораи мамнӯъияти он вуҷуд надошт.

Сиёсати қавмӣ ва миллии Шӯравӣ боъис шуд, ки Осиёи Миёна ба чанд “ҷумҳурии шӯравии сусиёлистӣ” тақсим шавад. Тоҷикон дар ин миёна аз марокизи фарҳангии худ, шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ва Фарғонаву Хоразм, маҳрум шуданд ва ин шаҳрҳо ба Узбакистон таъаллуқ гирифт. Давлати Шӯравӣ дар соли 1929 хатти лотин ва даҳ сол баъд хатти сирилликро ҷойгузини хатти порсӣ кард. Табдили хат боъис шуд, ки мардуми форсизабони Варорӯд аз мероси фарҳангиву адабии худ то ҳадди зиёде дур монанд. Агарчи осори бархе аз шуъаро ва нивисандагони клосик ба таври гузинишӣ ва мутобиқ бо идеулужии кумунистӣ дар мадорис ба шакли мухтасар тадрис мешуд.

Зоҳиран терури истолинӣ дар соли 1937, ки ҳазорҳо нафар аз фарҳангиён ва пешвоёни миллиро ба коми худ кашид, ба ҳадде дар дили мардум ҳарос афканда буд, ки касе дар бораи зарурати таҷлили расмӣ аз Наврӯз лаб во намекард. Бо ин ҳол, мардуми маҳаллӣ ба шеваҳои мухталифе, аз ҷумла бо баргузории маросими Гулгардонӣ, Сайри лола ё гули сурх, пухтани саману ва ғизоҳои дигари наврӯзӣ, расми шиёр кардани замин ва дарахткорӣ ин ҷашнро барпо медоштанд.

Масалан, дар рустои Вашан дар дарраи Зарафшон мардум дар мазори Хоҷа Мулло ҷамъ мешуданд ва аз гандуми хурдшуда оши “ғармич” мепухтанд, ки шабеҳи шула ва бисёр хушмазза аст. Дар боғи пушти мазор занон гирди ҳам саф мекашиданд ва духтарони навҷавон дар васат бо либоси маҳаллии он рӯзгор, ки остинҳои дарозе дошт, нармак-нармак мехиромиданд ё баистилоҳ рақс мекарданд ва ҷавонон аз буландӣ онҳоро тамошо мекарданд ва аз миёни духтарони навҷавон барои худ номзад хуш (интихоб) мекарданд.

Image copyright BBC World Service

Дар замони ҳукумати Шӯравӣ агарчи Наврӯз расман ҷашн гирифта намешуд, вале пажӯҳишгарони ойинҳои мардумӣ дар манотиқи мухталиф расму русуми наврӯзӣ ва суруду таронаҳои омиёнаи марбут ба ин ҷашнро ба сабт расондаанд. Дар авохири аҳди Шӯравӣ миёни фарҳангиёни тоҷик ҷараёне по гирифт, ки мехостанд Наврӯз ба унвони ҷашни расмӣ баргузор шавад. Дар даҳаҳои шасту ҳафтоди милодӣ шеъру мақолоте дар нашрияҳои расмии Шӯравӣ чоп мешуданд, ки аз Наврӯз ба унвони як ҷашни табиъат ва баҳор ситоиш мекарданд.

Он замон буд, ки гурӯҳе аз шуъаро ва нивисандагон, монанди Мирзо Турсунзода, Боқии Раҳимзода, Лоиқи Шеръалӣ, Гулрухсори Сафӣ, Бозори Собир, Меҳмони Бахтӣ ва чанде дигар ба назди Ҷаббор Расулуф, раҳбари вақти ҳизби кумунисти Тоҷикистон рафтанд ва хостори расмӣ кардани Наврӯз шуданд. Ишон пазируфт, вале гуфт номашро “Наврӯз” нагӯянд, балки “Иди меҳнат” гӯянд. Аммо ба ибтикори Буринисо Бердиево, сардабири “Маъориф ва маданият”, нашрияи Вазорати фарҳанг ва Иттиҳодияи адибони Тоҷикистон, ки бархе ӯро “қаҳрамони Наврӯз” меноманд, шумораи вижа аз ин нашрияро дар 21 морси соли 1966 комилан ба ҷашни Наврӯз бахшид. Ин рӯйдод нуқтаи атфе дар таҷлил аз ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Image copyright BBC World Service

Пас аз он даврон буд, ки Наврӯз батадриҷ ба яке аз нумодҳои ҳувиятии тоҷикон табдил шуд ва ба гуфтаи Мирбобо Мирраҳим, пажӯҳишгари тоҷик, нахустин ҷашни расмии Наврӯз дар соли 1980 дар шаҳри Қурғонтеппа, дар ҷануби Тоҷикистон, бо сенориюи ҳадафманде баргузор шуд. Оқои Мирраҳим мегӯяд, ки ӯ роҳнамои вижае барои баргузории ҷашни Наврӯз нивишта буд, ки тибқи он дар чорчӯби аврӯз озмуни зебоӣ ва маҳорат, маросими ҷуфтбаророн (шиёри замин), ҷашнвораи “Наврӯз иди меҳнат, ҷавонӣ ва дӯстӣ” барпо шуд.

Бо рӯи кор омадани Михоил Гурбочуф дар соли 1985 ва сиёсати “Переструйко”-и ӯ ҷараёни ҳувиятхоҳии тоҷикон тақвият шуд ва аз ҷумла бо талоши фарҳангиёни тоҷик Наврӯз ба таври густарда ва расмӣ ҷашн гирифта шуд. Бисёре аз ойинҳои наврӯзӣ низ дар ин даврон дар рустоҳо ва шаҳрҳо дубора зинда шуданд. Бо фишори рӯзафзуни фарҳангиён давлати кумунистии вақт водор шуд, ки дар соли 1989 забони форсиро дар Тоҷикистон пас аз 70 соли сайтараи забон ва фарҳанги русӣ дубора бо тасвиби қонуне расмӣ кунад.

Ҷанги дохилии панҷсола (1992-1997) дар Тоҷикистон албатта асароти амиқе дар ҷараёноти фарҳангӣ ва худогоҳи миллии тоҷикон ва ҳамин тур дар баргузории Наврӯз дошт. Бисёре аз фарҳангиён ва рӯзноманигорон ба дасти гурӯҳҳои мусаллаҳ кушта шуданд, нашрияҳо аз фаъъолият бозмонданд ва родиюву телевизиюн байни гурӯҳҳои даргир дастбадаст мешуд. Мардум он замон бештар ба фикри молу ҷонашон буданд ва ба масоили фарҳангӣ, монанди Наврӯз, камтар меандешиданд. Наврӯз дар он солҳои мусибат ва мотам чандон пурранг набуд.

Бо ин ҳол, дар ду даҳаи даврони истиқлоли Тоҷикистон ҷашни Наврӯз батадриҷ ба яке аз муҳиммтарин ҷашнҳо дар Тоҷикистон табдил шуд. Давлат барои баргузории ҷашни Наврӯз чаҳор рӯз таътил эълом карда ва ҳамасола барои ҳар рӯз анҷоми маросиме дар назар гирифта мешавад. Аз корзори дарахткорӣ бо ширкати раисҷумҳур гирифта, то намоиши теотрии наврӯзӣ дар яке аз поркҳои бузурги шаҳри Душанбе ва аз мусобиқоти варзишӣ, монанди куштӣ ва бузкашӣ, гирифта, то баргузории намоишгоҳҳои осори ҳунари дастӣ ва маҳсулоти ғизоӣ ва ҳатто намоиши муд ва озмуни муйи дароз миёни духтарони ҷавон.

Image copyright BBC World Service

Барои мақомҳои тоҷик Наврӯз дар солҳои ахир фурсати муносибе барои ифтитоҳи сохтмонҳои ҷадид, монанди мадорис ва муассисоти фарҳангӣ ва корхонаву таъссоти иҷтимоъӣ ва давлатӣ будааст, то ба мардум нишон бидиҳанд, ки кишвар дар ҳоли пешрафт аст. Дар ин маросим маъмулан худи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, ширкат мекунад ва бо дасти худ наворҳоро мебурад. Дар маросими дарахткорӣ низ худи ӯ бо соири мақомот ширкат мекунад.

Оқои Раҳмон дар остонаи Наврӯз ҳамасола бо фарҳангиёни тоҷик мулоқот мекунад ва ба розу ниёзҳои онон гӯш медиҳад ва пешниҳодҳояшонро мепазирад, ҳарчанд мунтақидон мегӯянд, ки ин мулоқотҳо бештар намоишӣ аст ва фарҳангиён дар он бештар ба мадҳу ситоиши раисҷумҳур мепардозанд. Рӯзи 19 морс низ ӯ мулоқоте бо фарҳангиён анҷом дод ва зимни суханронӣ дар ин ҳамоиш аз онон хост, ки бо ифротгароӣ мубориза ва таҳаммулгароиро таблиғ кунанд.

Оқои Раҳмон ҷашни Наврӯзро “нумоде аз таҳаммул ва мудоро” хондааст. Тоза бархе аз исломгароёни ифротӣ дар солҳои ахир мардумро таблиғ мекунанд, ки аз таҷлил аз Наврӯз, ки ба гуфтаи онҳо, як ҷашни маҷусӣ маҳсуб мешавад, бипарҳезанд. Онҳо ба мардум ҳамчунин мегӯянд, ки аз додани номҳои форсӣ, монанди Хуршеду Ҷамшеду Сиёваш ва Рустаму Суҳроб ва монанди инҳо ба фарзандони худ иҷтиноб варзанд ва номҳои “исломӣ”-ро тарҷеҳ бидиҳанд. Таҳти таъсири ин таблиғот бархе аз хонаводаҳои мазҳабӣ аз оростани хони наврӯзӣ худдорӣ мекунанд.

Яке аз ибтикороти наврӯзӣ, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба худ нисбат медиҳад, баргузории Наврӯзи байналмилалӣ аст, ки ҳамасола бо ширкати раҳбарон ва мақомҳои буландпояи кишварҳое, ки Наврӯзро ҷашн мегиранд, дар яке аз ин кишварҳо барпо мешавад. Ду ҷашни ҷаҳонии Наврӯз солҳои 2010 ва 2011 дар Эрон ва севумини он соли 2012 бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, Маҳмуди Аҳмадинажод ва Ҳомиди Карзай, раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон, дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Image copyright BBC World Service

Мақомот қаблан эълом карда буданд, ки Наврӯзи байналмилалии имсол рӯзи 22 морс дар шаҳри Хуҷанд, дар шимоли Тоҷикистон, баргузор мешавад, ҳарчанд раҳбарони кишварҳо ба Тоҷикистон сафар накардаанд. Дар чорчӯби ин маросим муҷтамаъи бузурге ба номи “Боғи Камоли Хуҷандӣ” дар ин шаҳр ифтитоҳ шуд, ки ҳовии муҷассама ва мақбараи ин шоъири ғазалсарои қарни 14-и милодӣ аст. Ба ин манзур, мақомҳои тоҷик қаблан порае аз хоки қабри Камолро аз шаҳри табрез ба Хуҷанд интиқол додаанд.

Аммо барои мардуми Тоҷикистон, бавижа дар манотиқи рустоӣ, Наврӯз ва баҳор пас аз зимистони сарду тӯлонӣ ва маҳрумият аз нерӯи барқ бешак навиди фараҳбахше аст. Умеди онон ба зиндагии беҳтар дар мавсими баҳор ва Наврӯз дубора зинда мешавад, вале фақру фасоди густарда аз иштиёқи онон ба эҳёи ойинҳои куҳани наврӯзӣ костааст. Дар Наврӯз занону духтарон пироҳанҳои рангӣ ба тан мекунанд ва ба наврӯзгоҳҳо мераванд. Вале шӯру шавқе, ки дар ҷавомеъи дигари форсизабон дар Наврӯз дида мешавад, дар чеҳраи мардуми тоҷик имрӯзҳо камтар ба мушоҳида мерасад.

Таъсири таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия, ки мӯҷиби коҳиши интиқоли пул аз сӯи муҳоҷирони кории тоҷик шуда, ва баҳои сомонӣ, пули миллии Тоҷикистонро, бо хок баробар карда, имсол суфраи наврӯзии бисёре аз хонаводаҳои тангдасти тоҷикро холитару камбортар мекунад. Шояд бисёре натавонанд суфраи наврӯзиро ба дилхоҳи худ биёроянд.

Аз дигар сӯ, бисёре аз мардуми одӣ аз тамошои ҷашнҳои расмии бошукӯҳу таҷаммул, ки бо ширкати раиси ҷумҳур ва мақомҳои дигари буландпоя ва меҳмонони хориҷӣ таҳти тадобири шадиди амниятӣ баргузор мешаванд, бебаҳра мемонанд. Ин маросим ва барномаҳои намоишӣ ва мусобиқоти варзишӣ, ки аз телевизиюнҳои саросарӣ мукаррар бо шиъорҳои “Шукрона кунед!” ва мадҳу ситоиши раисҷумҳури Тоҷикистон пахш мешаванд, ончунон Наврӯзро таҳтушшуъоъ қарор додаанд, ки мардумӣ будани ин ҷашн дигар зери суол рафтааст.

Image copyright BBC World Service

Дар ҳоле ки мақомҳои тоҷик аз Наврӯз ба унвони яке аз нумодҳои фарҳангу ҳувияти миллӣ, вале дарвоқеъ ба унвони абзоре сиёсӣ барои тарвиҷи сиёсатҳои худ камоли истифодаро мекунанд, аммо фуқдони яке аз аносири муҳимми ин фарҳанг, хатти порсӣ, ҳамчунон монеъи пайванди тоҷикон бо гузаштаи худ ва ё бо ҳамзабонони бурунмарзияшон боқӣ мондааст.

Ҳузури ин хат ва хушнивисии порсӣ метавонист бар зебоии хиёбонҳои шаҳр бияфзояд ва тасвири беҳтаре аз Тоҷикистон ба мардумони порсигӯ, ки алоқаи фаровоне ба ин кишвар доранд ва дар рӯзҳои Наврӯз барои гардишгарӣ ва тамошои маросими наврӯзӣ тӯда-тӯда ба Тоҷикистон сафар мекунанд, ироа бидиҳад. Бар хилофи ин, мебинем, ки ҷои ашъори зебо ва ҷаззоби бузургони адабиёти форсӣ дар бораи Наврӯзро шиъорҳо ва овезаҳои ҳовии суханони раисҷумҳур ва ҷумлаҳо ва абёти омиёнаи хушку забонзади хосу ом пур кардаанд.

Фосилае, ки тоҷикон бо хатти форсӣ ё ба истилоҳ, “хатти ниёкони” худ доранд, дар забони расмии ин кишвар, ки пас аз солҳо султаи Шӯравӣ дубора мехоҳад дар ҷомеъа нуфуз ёбад, таъсири амиқе барҷой гузошта. Чунончи дар нақшаи тадобири шаҳрдории Душанбе барои таҷлил аз аз Наврӯзи имсол мехонем: “Омода кардани 240 адад дастачӯби семетрии ҳалқашакл (аз ҳар ноҳия 60-ададӣ), 80 адад духтарон (аз ҳар ноҳия 20-ададӣ) бо либосҳои миллӣ бо лаълӣ (синӣ)-ҳои меваҳои хушк ва мағзу мавиз барои пешкаш ба меҳмонон.” Чӣ? Ҳаштод адад духтарон? Барои пешкаш ба меҳмонон?

Матолиби муртабит