Занони Кобул пайкари Фархундаро ба хок супурданд

  • 22 Март, 2015
Занон худ тобути Фархундаро ба қабристон интиқол доданд Image copyright AP
Image caption Занон худ тобути Фархундаро ба қабристон интиқол доданд

Имрӯз маросими хоксупории пайкари Фархунда дар Кобул анҷом шуд. Занони ширкаткунанда дар ин маросим иҷоза надоданд, ки тобути ин духтар тавассути мардон ҳамл шавад.

Фархунда се рӯз қабл дар маркази шаҳри Кобул бо сангу чӯби шуморе аз мардон кушта ва сипас ҷасадаш сӯзонда шуд.

Имрӯз шумори зиёде аз мардуми Кобул, фаъъолини маданӣ ва бастагони ӯ тобути ин духтари 28-соларо ба гӯристоне дар минтақаи "500 Фомилӣ" дар шимоли Кобул ба хок супурданд.

Дар маросими хоксупорӣ намояндагони ақшори мухталифи ҷомеъа ҳузур доштанд.

Женерол Зоҳир Зоҳир, масъули ҷиноии пулиси Кобул, дар ин маросим гуфт, ки то кунун 13 нафарро ба иттиҳоми қатли Фархунда боздошт кардааст ва таҳқиқот барои пайдо кардани бақияи афроди муттаҳам идома дорад.

Тамомии афроде, ки дар ин маросим ширкат карда буданд, шиъори "Адолат, адолат!"-ро сар медоданд.

Image copyright AP
Image caption Теъдоди зиёде аз мардум дар маросими хоксупории Фархунда ширкат карданд

Нодир, падари Фархунда, ки худ муҳандиси беҳдошт аст, ба хабарнигорон гуфта, ки субҳи ҳамон рӯз духтараш маблағи 100 афғонӣ (муъодили 2 дулор) аз ӯ пул гирифта, ки дафтарча бихарад. Дар поёни рӯз хабар шуда, ки духтараш зери санги мардон кушта ва ҷасадаш сӯзонда шудааст.

Ӯ гуфт, ки духтараш ҳамеша ба масоили исломӣ побанд буд ва дигаронро ҳамвора барои риъояти масоили исломӣ тавсия мекард. Ба гуфтаи ӯ, духтараш мехост муъаллим шавад. Чанде қабл дучори беморӣ шуда буда, ки бо муроҷеъа ба дуктур беҳбуд ёфта буд.

Падари Фархунда аз давлати Афғонистон хост, ки омилони қатли духтарашро ба сазои аъмолашон бирасонад.

Мавлавӣ Аҳмад, имоми масҷиди маҳал, солҳост Фархунда ва хонаводаашро аз наздик мешиносад. Ӯ ба Би-би-сӣ гуфт, ки тамоми аъзои ин хонавода аҳли фарҳанг ва илм ҳастанд ва ба масоили исломӣ муътақиданд.

Ӯ дар идома афзуд, ки Фархунда низ бо мабодии улуми исломӣ ошноӣ доштааст.

Image copyright AP
Image caption Фархунда се рӯз қабл кушта ва сипас ҷасадаш сӯзонда шуд

Ин мавлавии афғон гуфт, ки бар асоси иттилоъоти бадастомада, ин духтар бо муллое, ки дар маҳал таъвизнивис буда, мушоҷараи лафзӣ карда, ки баъд ӯ Фархундаро муттаҳам ба сӯзондани Қуръон мекунад ва тӯдаи хашмгин низ Фархундаро ба қатл мерасонад.

Марги Фархунда боъиси эҷоди вокунишҳои зиёде дар ин кишвар шуда ва дар шабакаҳои иҷтимоъӣ низ сафаҳоте ба манзури ҳимоят аз ӯ ба номи "Манам Фархунда!", "Додхоҳӣ барои муҳокимаи Фархунда!" ва "Қотилони Фархунда бояд муҳокима шаванд!" роҳ уфтодааст.

Имрӯз Муҳаммад Аёзи Ниёзӣ, имоми ҷамоъати яке аз масоҷиди муҳимми шаҳри Кобул, ба маросими хоксупории Фархунда роҳ дода нашуд, Ташйиъкунандагон ӯро маҷбур карданд, ки маҳалли баргузории маросимро тарк кунад.

Оқои Аёзӣ дар ҷараёни хутбаи намози ҷумъа гуфта буд: "Хоҳиши ман аз ургонҳои (ниҳодҳои) адлӣ ва қазоӣ ин аст, ки бо диққат ҳаракат кунанд... Вақте ки ба муқаддастарин муътақади мардум (Қуръон) иҳонат сурат бигирад, мардум мукаллаф нестанд, ки бипурсанд ин (муттаҳам) аъсобаш ҷӯр аст ё ноҷӯр аст. Фикратон бошад, ки ин иштибоҳи бузург аст ва агар даст мезанед ба дастгирии мардум, шояд ин мардум қиём кунанд. Ҷамъ кардани ин мардум боз бисёр мушкил аст, фикрита бигир."

Оқои Аёзӣ имрӯз дар сафҳаи фейсбуки худ гуфта, ки изҳороти қаблии ӯ таҳриф шуда ва хабарнигорон суханони ӯро бадурустӣ интиқол надодаанд.

Илова бар Кобул, беш аз сад тан аз фаъъолони маданӣ ва фарҳангиёни ҷавон имрӯз дар маркази шаҳри Ҳирот бо як таҷаммуъи эътирозомез аз давлати Афғонистон хостанд, то омилони қатли Фархундаро муҳокима кунад.

Муътаризин шиъор сар намедоданд ва танҳо ба сукут иктифо карданд. Онон хостаҳо ва эҳсосоташонро бо шиъорҳои нивишташуда иброз карданд.

Ин таҷаммуъ бо як ҳаракати нумодин ҳам ҳамроҳ буд. Онон тобутеро, ки самбули ҷанозаи Фархунда буд, дар муқобилашон гузошта ва дар атрофи он шамъ рӯшан карда буданд.

Image caption Мардуми Ҳирот низ бо таҷаммуъи эътирозӣ хостори муҷозоти омилони қатли Фархунда шуданд

Матолиби муртабит