Мардони хашмгин занеро дар маркази Кобул куштанд ва сӯзонданд

  • 20 Март, 2015
Image copyright Getty
Image caption Масҷиди Шоҳи душамшера дар маркази Кобул қарор дорад

Мақомҳои амниятӣ дар Кобул мегӯянд, ки мардони хашмгин дар маркази шаҳри Кобул як занро, ки гуфта шуда Қуръонро оташ зада буд, куштанд ва баъд ҷасадашро сӯзонданд.

Дар соъати нахустини ин ҳодиса Солеҳ Муҳаммад, фармондеҳи яке аз ҳавзаи амниятии пойтахти Афғонистон, ба Би-би-сӣ гуфт: "Ин ҳодиса замоне рӯй дод, ки як зан нусхае аз Қуръонро ба оташ кашид ва даҳҳо тан аз раҳгузарон бо сангу чӯб ба ӯ ҳамла карданд ва ӯро куштанд."

Ӯ гуфт, ки пулис дар маҳал натавониста монеъи иқдоми мардони хашмгин шавад.

Чанд соъат баъдтар Садиқи Садиқӣ, сухангӯйи вазорати дохилаи Афғонистон, гуфт, ки мақомҳои амниятӣ ҳанӯз дақиқан намедонанд, ки чи чизе боъиси кушта шудани ин зан шуд.

Ин ҳодиса асри рӯзи панҷшанбеи 19 март дар наздикии масҷиди Шоҳи душамшера дар маркази Кобул рӯй додааст.

Телевизиюнҳои хусусӣ дар Кобул тасовире аз ҷасади сӯзондашудаи ин занро мунташир кардаанд.

Видиюҳое аз ҷараёни лату кӯб ва сипас сӯзондани ҷасади ин зан дар шабакаҳои иҷтимоъӣ, бавижа Фейсбук ба шакли густардае ҳамрасонӣ шуд. Дар видиюҳо дида мешавад, ки пулис коре анҷом намедиҳад.

Яке аз шоҳидони айнӣ, ки дар маҳалли ҳодиса ҳузур дошта, ба Би-би-сӣ гуфт: "Онҳо (мардум) ӯро лату кӯб карданд ва куштанд баъд ҷасадашро ба рӯдхона (бистари хушки рӯдхона) андохтанд ва сӯзонданд. Оташнишонҳо баъдан омаданд ва оташро хомӯш карданд ва ҷасадашро бурданд.

Телевизиюни Тулӯъ ба нақл аз хонаводаи зани кушташуда гуфта, ки номаш Фархунда аст ва дар 14 соли гузашта мушкили равонӣ доштааст. Хонаводаи ин зан ба телевизиюни Тулӯъ гуфтаанд, ки ӯ қасди сӯзондани Қуръонро надошт.

Шумори зиёде аз корбарони афғрон ин ҳодисаро маҳкум карданд

Ҷузъиёти дақиқи моҷаро ҳанӯз мушаххас нашуда ва пулис мегӯяд таҳқиқот дар ин маврид оғоз шудааст.