Нашрияҳои Душанбе: 19 март

  • 19 Март, 2015
Нигоҳ Image copyright BBC World Service
Image caption Аксари нашрияҳо дар сафаҳоти хеш интисоби писари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба риёсати Ожонси мубориза бо фасодро баррасӣ кардаанд

Аксари нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе дар сафаҳоти хеш тағйироти кодрӣ дар кобинеи давлат, аз ҷумла интисоби писари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба симати раиси Ожонси мубориза бо фасоди молии ин кишварро, ба баррасӣ гирифтаанд.

Asia Plus, ҳафтаномаи русизабон, яке аз матолиби худро ба симати ҷадиди писари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ва онро ба таври пурсишомез “Оё касе ҷуз вай масъулиятпазир нест?” ном гузоштааст.

Нашрия ин суолро матраҳ карда, ки "ин интисоб, вогузор кардани яке аз мансабҳои калидии давлатӣ ба фарди мавриди эътимод ба маънои аз дӯши писар бардоштани масъулият дар душвортарин қисмат (кумитеи гумрук) аст ё гоми баъдӣ дар масири боло рафтани мақоми писари раисҷумҳур?”

Asia Plus ин суолро дар миёни чанде аз коршиносон ба миён гузошта ва Алӣ Мастов дар посух ба ин суол гуфта, ки “ҳамагон бо сиёсати кодрии идомадори раиси ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ ҳастанд."

Аммо нашрия дар идомаи ин суханони оқои Мастов менависад, ки “вале ин сиёсати кодрӣ натиҷаи хубе дар пай надоштааст, надорад ва нахоҳад дошт.”

Нигоҳ, ҳафтаномаи мустақил, дар матлабе зери унвони “Интизориҳо аз Рустами Эмомалӣ” навишта, ки интисоби яке аз хешовандони наздики як мақоми баландпоя ба ин симат бо қонун муғойират доштааст.

Ҳафтанома шарҳ додааст, ки “мантиқи мқубориза бо коррупсия (фасоди молӣ) ба ин зид аст, ки мубориза бо ин падидаи номатлуб аз таъйини хешовандони наздик ба мансаб шурӯъ шавад.”

Нигоҳ аз қавли коршиносон идома медиҳад, ки “паёми аслии ин таъйинот (интисоб) иродаи сарвари мамлакат аст, ки мехоҳад писараш вориси курсии ӯ бошад.”

Image copyright BBC World Service
Image caption Фараж Наврӯзи имсолро барои касоне, ки ба мансаб расиданд, ҷашне шод ва барои касоне, ки зиндонӣ шуданд, ҷашне ғамангез арзёбӣ кардааст.

Тоҷикистон, ҳафтаномаи иттилоъотӣ ва сиёсӣ, зимни баррасии ин мавзӯъ дар матлабе, ки номи онро “Кодрҳо калидҳои қулфкушоянд” гузошта, навиштааст, ки мардум аз раҳбари нави Ожонси мубориза бо фасоди молӣ умедҳои зиёде доранд.

Нашрия меафзояд, ки бо таваҷҷуҳ ба собиқаи кори Рустами Эмомалӣ метавон пешгӯйӣ кард, ки дар ин ҷодда пешравиҳои назаррасеро мумкин аст интизор дошт.

Озодагон, нашрияи мустақил, матлаберо дар мавриди шаҳрдори Душанбе ба табъ расонда ва унвони онро “Убайдуллоев шумораи 2-и Тоҷикистон боқӣ мемонад?” гузоштааст.

Дар ин матлаб Озодагон бо ёдоварӣ аз барномаҳои интиқодомези ахири шабакаҳои телевизюнии давлатӣ дар мавриди муҳити зист ва покизагӣ дар шаҳри Душанбе меафзояд, ки коршиносон он замон ҳадс мезаданд, ки даврони зимомдории Маҳмадсаид Убайдуллоев сар омадааст.

Нашрия менависад, ки изҳороти ахири оқои Убайдуллоев дар ҷаласае дар мавриди дархости канор рафтанаш аз симати шаҳрдорӣ ва розӣ нашудани раиси ҷумҳур ба ин дархост то андозае ғайримунтазира аст.

Озодагон идома медиҳад, ки аз сӯйи дигар аз ҷониби намояндагони маҷлиси шаҳрӣ пешниҳод шудани оқои Убайдуллоев ба узвият дар Маҷлиси Миллӣ сарусадоҳоеро дар ин бора, ки Убайдуллоев барои муддати дигар "эшони шумораи 2-и Тоҷикистон боқӣ мемонад ва барои бори чаҳорум раиси Маҷлиси миллии порлумон интихоб хоҳад шуд”, баланд кардааст.

Ҳафтаномаи Фараж дар матлабе бо таъкид ба тағйироти кодрӣ дар кобинеи давлати Тоҷикистон дар остонаи таҷлил аз Наврӯз ин ҷашнро барои иддае аз мақомоти тозамансаб рӯзи шод хондааст.

Image copyright BBC World Service
Image caption Нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе тағйироти кодрӣ дар кобинеи давлатро баррасӣ карданд

Нашрия ҳамчунин бо ёдоварӣ аз бархе аз сиёсатмадорони зиндонӣ, аз ҷумла Зайд Саидов, тоҷири саршинос, ва Шуҳрат Қудратов, вакили мудофеъи вай, нивишта, ки Наврӯзи имсол барои онҳо паёми хубе наовардааст.

Фараж аксҳоеро низ аз мақомоти тоза ба мансаб расида ва афроди зиндонӣ ба чоп расонда ва сарфасли онро “Барои кӣ Нав-бад-рӯз?” гузоштааст.

Нашрияи СССР ба масоили кишварҳои хориҷӣ пардохта ва сарусадоҳо дар бораи бемории раисони ҷумҳурии Русия ва Узбакистонро ду мавзӯъи доғи моҳи марти соли ҷорӣ арзёбӣ кардааст.

Нашрияин матлабро “Путину Каримовро кӣ ва чиро кушт?” ном гузошта ва менависад, ки “Марги зоҳирии Каримов ва ғайбзанӣ ё марги мармузи Путин” дар моҳи март дар торихи Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд бо ин ду воқеъа сабт мешавад.

Нашрия менависад, ки “Ислом Каримов ситамгортарин чеҳраи торихӣ дар қарнҳои 20 ва 21 барои Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва Владимир Путин душмани шумораи як барои укройниҳои исловӣ шуд.

СССР идома медиҳад, табиист, ки ҳарчанд дар ҷаноза хурсандӣ намекунанд, аммо дар лжеҷанозаи (марги дурӯғин) ин ду нафар мардумони ҳамсояашон оҳи сабуке кашиданд...

Матолиби муртабит