Раҳмон: Мо бояд ойини мудороро риъоят кунем!

  • 19 Март, 2015
Image copyright AFP

Эмомалӣ Раҳмон нақши зиёиёни кишварро ба унвони “қувваи пешбарандаи ҷомеа” дар бақои арзишҳои миллӣ, забони давлатӣ ва давлатдории демукротику дунявӣ муҳим хонд.

Ӯ дар паёми худ унвонии зиёиёни кишвар дар робита ба ҷашни Наврӯз, онҳоро ба ташвиқи худогоҳиву худшиносӣ ва ойини мудоро даъват кардааст.

Оқои Раҳмон дар суханрониаш аз ҷумла гуфт: “Ин қишри бонуфузи ҷомеа бояд минбаъд низ дар тавсеаи худогоҳиву худшиносӣ, тарғиби мафкураи миллӣ ва ғояҳои ватандӯстӣ, ҳифзи анъанаҳои фарҳангӣ ва пойдории забони давлатӣ ҳамчун бақои миллат нақши асосиро иҷро намояд ва ҳомии воқеии арзишҳои неки ин марзу бум бошад.”

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин суханронӣ гуфт, ки замони он фаро расидааст, ки олимону муҳаққиқон барои тавсеъаи мафкураи миллат пешниҳодҳои худро барои Консепсияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2050 ироа кунанд.

Оқои Раҳмон дар ин замина таъкид кард: “Дар чунин ҳолат вазифаи зиёиён аз он иборат мегардад, ки ҳангоми манзур кардани пешниҳодҳои худ ба ин консепсия принсипи дунявиятро афзал дониста, барои рушди тафаккури милливу дунявӣ ҷаҳду талош намоянд”.

Барои анҷоми ин кор раиси ҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, ки Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва Маркази пажуҳишҳои истротежик барои таҳияи як чунин кунсепсиюн як гурӯҳи кории вижаи иборат аз олимону донишмандон таъсис бидиҳанд ва лоиҳаи консепсиюнро ба давлат пешниҳод кунанд.

Оқои Раҳмон дар ин бора гуфт: “Ин консепсия бояд ба бунёди ҷомеаи муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мусоидат намояд ва ояндаи рушди кишвари моро муайян гардонад.”

Президент Раҳмон ҳамзамон самтҳои аслии ин кунсепсиюнро ба зиёиён худ пешниҳод кард. Ӯ гуфт, ки ин санад бояд дар панҷ самти, 1) ислоҳоти маъориф, 2) тавсеъаи воқеъии илм, 3) тарғиби тарбия дар ҳамаи радифҳои ҷомеъа, 4) баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ ва устувор намудани ғояҳои миллӣ ва 5) таблиғи зидди ифротгароӣ ва таҳкими ҳифзи озодиҳои инсон авлавият қоил бошад.

Чунин ба назар мерасад, ки ҷилавгирӣ аз густариши мафкураи ифротгароёна, дар меҳвари даъвати раиси ҷумҳури кишвар аз зиёиён қарор дошт.

Оқои Раҳмон ҳамчунин аз зиёиён хост то “барои рушди устувори ҷомеа ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ пешниҳодҳои мушаххас ва таҳлилҳои саривақтӣ манзур намоянд, то мо барои пешгирӣ намудани ҳар гуна равандҳои носолим омода бошем ва ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизро таъмин гардонем.”

Оқои Раҳмон афзуд: “Мо бояд ойини мадоро ва таҳаммулгароиро, ки дар фарҳангу мафкураи халқамон асрҳо боз идома меёбад, риоя намоем.”

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз зиёиён ба хусус адибони тоҷик хостааст, ки ба таҳияи мақолаҳои публисистӣ даст зананд то “мардумро аз рӯйдодҳои кишвар, дастовардҳои диёри азизамон, масъалаҳои рӯз ва хатарҳои даҳшатбори замонаи ноором огоҳ созанд. Инчунин, камбудиҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, хусусан гаравидани ҷавонон ба ҷараёнҳои ифротӣ ва сабабҳои чунин тамоюли хатарнокро ошкор карда, оқибатҳои даҳшатбори онро ба оммаи васеъ фаҳмонед.”