Қавли раиси ҷумҳури Тунис барои муборизаи "бераҳмона" бо терурисм

  • 19 Март, 2015
Image copyright AP

Дар пайи ҳамлаи мусаллаҳонае ба музейи Борду дар пойтахти Тунис, ки дар он 19 нафар кушта шуданд, раиси ҷумҳури ин кишвар қавл додааст, ки кишвараш дар набард бо терурисм нармише нишон нахоҳад дод.

19 нафар, аз ҷумла 17 туристи хориҷӣ дар ин ҳамлаи мусаллаҳона ба музейи Борду кушта шуданд.

Муҳаммад Албоҷӣ Қоъид Ал-Сибсӣ , раиси ҷумҳури Тунис, гуфт: "Мо бо терурисм дар ҷанг ҳастем... Бераҳмона бо онҳо хоҳем ҷангид."

Ӯ дар суханоне, ки аз телевизиюн пахш шуд , ҳамчунин гуфт: "Ин ҳаюлоҳо, ки дар ақаллият ҳастанд, моро наметарсонанд... демукросӣ пирӯз хоҳад монд."

Илова бар шаҳрвандони Тунис , аз ҷумла як маъмури пулис , ҷаҳонгардони аҳли Итолиё, Испониё, Лаҳистон ва Олмон дар миёни куштаҳо ҳастанд. Раиси ҷумҳури Куламбиё ҳам марги ду куламбиёиро таъйид кардааст.

Пас аз ин ҳамла нерӯҳои амниятӣ ду марди мусаллаҳро куштанд.

Мақомҳо мегӯянд, ки беш аз 40 нафар ҳам дар ин ҳамла захмӣ шудаанд.

Ҳабиб Алсайд, нахуствазири Тунис, ҳам гуфт: "Ин лаҳзае ҳаётӣ дар таърихи кишвари мост ва лаҳзае таъйин кунанда барои ояндаи мо."

Дар замони ҳамла намояндагони порлумон, ки сохтмони он дар муҷовирати музей аст, дар ҳоли баҳс дар бораи як мусаввабаи зиддитеруристӣ буданд. Порлумон дар пайи ҳамла тахлия шуд, аммо баъдан як ҷаласаи изтирорӣ баргузор кард.

Биноба гузоришҳо, чаҳоршанбе аср тазоҳуроти зиддитеруристӣ дар маркази Тунис, пойтахт, баргузор шуд ва ҷамъият, ки парчами Тунисро такон медоданд, ҳамларо маҳкум карданд

Маҳкумияти байналмилалӣ

Image copyright AP

Як сухангӯйи Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милал, гуфт, ки оқои Бон ин ҳамларо башиддат маҳкум мекунад.

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо зимни таслият ба хонаводаҳои қурбониён гуфт, ки "Иттиҳодияи Урупо комилан аз набарди Тунис бо терурисм ҳимоят мекунад."

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, гуфт, ки кишвараш "дар ин давраи душвор дар канори мардуми Тунис меистад" ва ба ҳимоят "аз талошҳои давлат барои пешбурди як кишвари амн, мураффаҳ ва демукротик идома медиҳад."

Себостиён Ошер, дабири ахбори ҷаҳони Би-бисӣ, гуфт, ки ин ҳамла як зарбаи сангин ба санъати гардишгарии Тунис ва давлат аст, ки чанд моҳ пеш ба дунболи як давраи тӯлонӣ гузор ташкил шуд.

Ба гуфтаи хабарнигори мо пайкорҷӯёни исломгаро саъй кардаанд гузори демукротик дар ин кишварро мухтал кунанд, гузоре, ки алорағми шиканандагӣ мусбаттарин натиҷаи баҳори арабӣ дар Ховари Миёна аст.

Матолиби муртабит