Низомиёни вафодор ба раиси ҷумҳурии Яман фурудгоҳи Аданро пас гирифтанд

  • 19 Март, 2015
Image copyright AFP
Image caption Нерӯҳои вафодор ба раиси ҷумҳурӣ фурудгоҳро пас гирифтаанд

Нерӯҳои тарафдори раиси ҷумҳурии Яман бар фурудгоҳи Адан мусаллат шудаанд.

Воҳидҳои низомии вафодор ба Абдраббуҳ Мансур Ҳодӣ, раиси ҷумҳурии Яман, пас аз чанд рӯзи набарди сангин ва истифода аз тонк ва аслиҳаи сангин, тавонистаанд нерӯҳои вафодор ба Алӣ Абдуллоҳи Солеҳ, раиси ҷумҳурии пешин ва аз муттаҳидони ҳусиҳоро аз муҳавватаи фурудгоҳи Адан хориҷ кунанд.

Ба гуфтаи як манбаъи маҳаллӣ дар даргирии байни ду тараф дастикам шаш нафар кушта ва теъдоде захмӣ шудаанд.

Фаъъолияти фурудгоҳи Яман тайи чанд рӯзи ахир мутаваққиф буд ва ҳануз мушаххас нест, ки оё базудӣ фаъолияти худро аз сар хоҳад гирифт ё на.

Шибҳнизомиёни ҳусӣ, ки як гурӯҳи шиъаи зайдимазҳаб аст ва гуфта мешавад аз ҳимояти Эрон бархурдор аст, дар моҳи сентябри соли гузаштаи мелодӣ тавонистанд Санъо, пойтахти Яманро тасарруф кунанд ва дар ҳоли ҳозир бар манотиқи шимолии ин кишвар мусаллат ҳастанд.

Ҳусиҳо пас аз ишғоли Санъо, Мансур Ҳодиро таҳти назар гирифтанд, аммо вай дар моҳи феврал муваффақ шуд ба Ҷануби Яман бигурезад ва аз он замон дар талош барои таҳкими мавқеъияти худ будааст. Вай пештар фармондеҳи ягони низомии мустақар дар Аданро, ки ба ҳусиҳо мутамойил буд, аз кор барканор карда ва як афсари вафодор ба худро ба ин симат мансуб карда буд.

Image copyright AFP
Image caption Аксари кишварҳои ҷаҳон Абдраббуҳ Мансур Ҳодиро ҳамчунони раиси ҷумҳурии қонунии Яман медонанд

Созмони Милал ва бисёре аз кишварҳои хориҷӣ ҳамчунон Абдраббуҳ Мансур Ҳодӣ, раиси ҷумҳурии қонунии Яман мешиносанд ва иртиботи худро бо ӯ ҳифз кардаанд.

Дар ҳоли ҳозир гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ, қабоил ва ҳатто артиши Яман бар асоси вафодориҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ алайҳи якдигар мавзеъ гирифтаанд. Манотиқи ҷанубии Яман замоне бо номи "Ямани Ҷанубӣ" як кишвари мустақил буд, аммо дар пайи иттиҳод бо Ямани Шимолӣ дар соли 1990 истиқлоли худро аз даст дод.

Дар солҳои ахир бахши ҷанубии Яман бори дигар шоҳиди ҳаракатҳои истиқлолталабона будааст.

Матолиби муртабит