Созмони Милал Доъишро ба иртикоби "тамомии анвоъи ҷиноёти ҷиддӣ" муттаҳам кард

  • 19 Март, 2015
Image copyright Reuters
Image caption Рафтори давлати исломӣ бо эзадиҳо аз масодиқи ҷинояти ҷангӣ, ҷиноят алайҳи башарият ва наслкушӣ тавсиф шудааст

Гурӯҳи таҳқиқи Шурои ҳуқуқи башари Созмони Милал гурӯҳи Давлати исломӣ (Доъиш)-ро ба иртикоби ҷиноёти ҷиддӣ муттаҳам кардааст ва гуфтааст, ки нерӯҳои давлатӣ ва шибҳнизомиёни тарафдори давлати Ироқ низ дар амалиёт алайҳи Доъиш муртакиби ҷароими ҷангӣ шудаанд.

Ин шӯро дар гузорише зимни ироаи феҳристе аз иқдомоти хушунатомези Давлати исломӣ ба хусус алайҳи ақаллияти эзадии Ироқ, гуфтааст, ки бар асоси қавонини байналмилалӣ метавон гуфт, ки ин гурӯҳ муртакиби тамомии ҷароими ҷиддии шомили ҷинояти ҷангӣ, ҷиноят алайҳи башарият ва наслкушӣ шуда бошад.

Ин гузориш шомили ҷузъиёти мавориди мутаъаддиди қатл, шиканҷа, таҷовузи ҷинсӣ, бардадории ҷинсӣ ва истифода аз кӯдакон дар амалиёти ҷангӣ аст, ки Давлати исломӣ дар Ироқ ва Сурия муртакиби онҳо шудааст. Тамомии ин иқдомот ба манзалаи тахаттӣ аз тамомии қавонин ва меъёрҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи башар аст.

Барои таҳияи ин гузориш бо беш аз дувист тан аз шоҳидони айнии иқдомоти хушунатомези Давлати исломӣ байни июни соли 2014 ва феврали 2015 ва афроде, ки аз ин иқдомот ҷон ба дар бурдаанд, мусоҳиба шудааст. Ҳадафи аслии ҳамалоти Давлати исломӣ ақаллиятҳои қавмӣ ва мазҳабӣ аз ҷумла эзадиён, масеҳиён, туркманҳо, курдҳо ва шиъиён будаанд.

Яке аз дилхароштарин иқдомоти нафароти Давлати исломӣ рафтори онон бо ақаллияти эзадии сокини устони Нинво дар Ироқ буд, ки дар моҳи августи соли гузашта ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Гурӯҳи таҳқиқи Шурои ҳуқуқи башари Созмони Милал гуфтааст, ки ба назар мерасад ҳадафи амалиёти моҳи август "нобудии амдии эзадиҳо ба унвони як гурӯҳи қавмӣ" будааст. Дар чунини сурате Давлати исломӣ ошкоро муртакиби наслкушӣ алайҳи эзадиҳо шудааст.

Image copyright afp
Image caption Бархе иқдомоти нерӯҳои давлатӣ низ мавриди интиқод қарор гирифтааст

Дар бисёре аз рустоҳои эзадинишин нерӯҳои Давлати исломӣ мардон ва писарони болотар аз 14 солро куштанд ва сипас занонро ба унвони "ғанимати ҷангӣ" бо худ бурданд. Теъдоде аз занон ва духтарони эзадӣ ҳатто духтарони хурдсол барои "бардадории ҷинсӣ" фурӯхта шуданд ё ба унвони ҳадя дар ихтиёри нафароти Доъиш қарор гирифтанд.

Як духтари нуздаҳсолаи эзадӣ, ки ҳомила буд, гуфтааст, ки ба унвони каниз дар ихтиёри як "пизишки" Доъиш қарор гирифт, ки ӯро борҳо мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор дод.

Ҳамчунин писарони хурдсол, ки баъзе аз онҳо танҳо ҳашт сол син доштанд, таҳти омӯзиши низомӣ ва мазҳабӣ қарор гирифтанд ва маҷбур шуданд нозири саҳнаи гардан задани афрод бошанд.

Дар ин гузориш омадааст, ки дар моҳи июн нафароти Доъиш ба зиндоне дар Ироқ бо се ҳазор зиндонӣ ҳамла карданд ва пас аз тасарруфи ин маҳал ва озод кардани зиндониёни суннӣ сойири зиндониёнро, ки аксари онон шиъа буданд ба маҳалле бурданд ва ба рагбори гулӯла Шурои ҳуқуқи башар дар гузориши худ артиш ва шибҳинизомиёни тарафдори давлати Ироқро низ муттаҳам кардааст, ки дар ҷараёни амалиёт алайҳи Доъиш, муртакиби ҷароими ҷиддӣ шудаанд.

Дар гузориши ин гурӯҳ омадааст, ки бо густариши амалиёти низомӣ алайҳи Доъиш, нерӯҳои давлатӣ "бидуни воҳима ва бе ҳеч маҳдудияте амал мекунанд ва ҳатто аз марг ва вайронӣ аз худ бар ҷой мегузоранд." Ба хусус гурӯҳҳои шибҳнизомии тарафдори давлат "ба иқдомоте монанди куштани бидуни муҳокима, шиканҷа, одамрабоӣ ва кӯчи иҷбории ҷамъият мубодират кардаанд, ки аз масодиқи ҷиноёти ҷангӣ аст."

Матолиби муртабит