Боздошти як нафар ба занни таҳияи мадраки низомӣ дар Суғд

  • 18 Март, 2015

Кормандони Ожонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон аз боздошти як омӯзгори риштаи омодагии низомӣ ба занни тақаллуб дар вилояти Суғди ин кишвар хабар додаанд.

Тибқи иттилоъи торнамои ин ниҳод Абдуқаюм Исматов дар изои 1300 дулор ваъдаи омода кардани мадраки низомии хидмат дар артиш ба як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғаффуровро кардааст.

Дар ин хабар омада, ки оқои Исматов, ки омӯзгори мактаби ҳамагонии шумораи 38-и деҳистони Хистеварз буда, аз фарде ба номи Бобомуллоев 200 дулор дарёфт карда ва барои анҷоми кор талаби овардани пули бештаре кардааст.

Аммо оқои Бобомуллоев аз ин амали вай ба кормандони Ожонси мубориза бо фасод шикоят бурда ва дар натиҷа, кормандони ин ниҳод дар амалиёте вижа, замоне ки оқои Исматов 500 дулорро дарёфт мекард, ӯро боздошт кардаанд.

Дар Тоҷикистон хидмати сарбозӣ барои ҷавонон 18 то 27-сола ҳатмӣ аст. Вале бисёре аз волидон бо таваҷҷуҳ ба меҳтарсолорӣ ва озору азияти тозасарбозон аз сӯи меҳтаронашон дар артиш кӯшиш мекунанд, ки бо роҳҳои мухталиф фарзандонашонро аз хидмати сарбозӣ бадур нигаҳ доранд.