Додгоҳ муҷрии собиқи телевизиюнро ба 9 сол зиндон маҳкум кард

  • 18 Март, 2015
Муъатарра Ҷӯраева Image copyright BBC World Service
Image caption Хонум Ҷӯраева гуфтааст, ки бегуноҳ аст ва омода аст сармояи қарз гирифтаи худро бозгардонад

Додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе Муъаттара Ҷӯраева, муҷрии собиқи барномаҳои телевизиюни давлатии ин кишварро, барои 9 сол ба зиндон маҳкум кард.

Қозии додгоҳ Муъатарра Ҷӯраеваро тибқи модди 247-и қонуни кайфарии Тоҷикистон дар қаллобӣ (кулоҳбардорӣ) муҷрим шинохтааст.

Аммо Сафарбек Нурализода, қозӣ, гуфтааст, ки тибқи қонуни афви соли гузашта муҳлати маҳкумияти хонум Ҷӯраева то ба шаш сол коҳиш дода шудааст.

Вале Модари хонум Ҷӯраева ба хабарнигорон гуфтаст, ки духтараш худро бегуноҳ медонад. Вай афзуда, ки духтараш барои тиҷорат аз афроде пул қарз гирифта ва ҳеҷ гоҳ аз бозгардондани ин маболиғ сарпечӣ накардааст.

Хонум Ҷӯраева дар авохири соли гузашта аз сӯйи масъулони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ба иттиҳоми тассаруфи маболиғи ҳангуфте боздошт шуда буд.

Дар Тоҷикистон хонум Ҷӯраева ба унвони яке аз муҷриёни саршиноси собиқ дар телевизиюни давлатӣ машҳур аст. Вай дар гузашта барномаҳои мухталифи телевизиюн, аз ҷумла барномаҳои хабариро, иҷро мекард. Аммо тайи даҳ соли ахир хонум Ҷӯраева машғули тиҷорат будааст.

Хонум Ҷӯраева дар интихоботи порлумонии соли 2005 аз ноҳияи Ашт ба таври инфиродӣ номзад шуд ва бо Нодирҷон Солеҳҷонов, як фарди дигар аз ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон, ҳизбе, ки ӯ низ узвияташро дорад, вориди рақобат шуд, аммо натавонист баранда шавад.

Матолиби муртабит