Даъвати Омбудсман барои таъсиси пизишкии қонунии мустақил

  • 18 Март, 2015

Ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар гузориши солонаи худ дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар, тафсияҳои худро ба давлат ироа кардааст.

Тибқи гузориши Омбудсмани Тоҷикистон дар соли 2014 дар ин кишвар, шикоёти шаҳрвандон дар нисбат ба мақомоти интизомӣ афзоиш ёфта ва шикоёт дар робита ба мақомоти додгоҳӣ дар ин кишвар дар муқоиса бо соли гузашта коҳиш ёфтааст.

Ба ҳар рӯй, Ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар гузориши худ бори дигар аз вуҷуди мавориди шиканҷа дар муассисоти бастаи кишварро эътироф карда ва дар бораи барномаҳои мавҷуд барои ҷилавгирӣ аз ин падида гузориш додааст.

Бо ин вуҷуд Ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон ба давлат тафсия додааст, ки дар ин кишвар як ниҳоди мустақил барои анҷоми ташхисҳои пизишкии қоноунӣ таъсиси шавад.

Ваколатдор аз ҷумла таъкид кардааст, ки барои ҷилавгирӣ аз мавориди шиканҷа бояд боздоштшудагон аз нахустин лаҳазоти боздошташон ба вакили мудофеъ дастрасӣ дода шаванд, наи ин ки пас аз нахустин истинтоқ дар зери фишору таҳдидҳои мақомоти интизомӣ.

Гузориши омбудсман ҳамчунин давлати Тоҷикистонро даъват кардааст, ки прутукули иловагӣ дар бораи мубориза бо шиканҷаро тасвиб кунад.

Яке дигар аз пешниҳодҳои Омбудсмани Тоҷикистон ба давлати ин кишвар афзоиши будҷаи нигаҳдории зиндонҳо ва муассисоти баста дар Тоҷикистон аст.