Инфиҷори интиҳорӣ дар вилояти Ҳилманди Афғонистон

  • 18 Март, 2015
Image copyright EPA

Дар вилояти Ҳилманд дар ҷануби Афғонистон як бумбгузори интиҳорӣ худрави мамлу аз маводи интиҳории худро дар маркази шаҳри Лашкаргоҳ мунфаҷир кардааст.

Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи вазорати умури дохилаи Афғонистон мегӯяд, ки ин инфиҷор ҳаволии соъати ёздаҳи қабл аз зуҳр ба вақти маҳаллӣ иттифоқ уфтод.

Дафтари муъовини волии Ҳилманд ба Би-би-сӣ гуфта, ки дар ин рӯйдод ҳафт ғайринизомӣ кушта ва дастикам 41 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Расонаҳои маҳаллӣ гузориш кардаанд, ки пас аз як инфиҷор садои тирандозӣ низ ба гӯш расидааст, аммо оқои Сиддиқӣ дар сафҳаи твитари худ тирандозии пас аз инфиҷорро такзиб кардааст.

Як мақоми маҳаллӣ дар вилояти Ҳилманд ба Би-би-сӣ гуфт ҳамлаи интиҳорӣ дар маҳалае иттифоқ уфтода, ки иҷлосе бо иштироки мақомҳои вилояти Ҳилманд бар зиди одамрабоӣ барпо буд.

Раиси Шурои вилоятӣ ва муъовини идораи амнияти миллии Ҳилманд ҳам гуфта шуда, ки дар наздикии маҳали рӯйдод зиндагӣ мекунанд.

Ин дувумин ҳамлаи интиҳорӣ дар як ҳафтаи гузашта дар вилояти Ҳилманд аст.

Дар ҳамлаи ду рӯз пеш дар вилояти Ҳилманд низ дастикам ду нафар кушта ва чаҳор тани дигар захмӣ шуданд. Ду нафар кушта ва ду нафар аз захмиҳо маъмурони пулис будаанд.

Тасвир аз ҳамлаи ду рӯзи пеш дар Ҳилманд, ки як посгоҳи пулисро ҳадаф қарор дод ва ду кушта ва чаҳор захмӣ бар ҷой монд.

Ҳилманд дар ҷануби Афғонистон аз нооромтарин вилоятҳо ба шумор меравад ва шӯришиён дар рустоҳо ва вулусволиҳои он нуфуз доранд.

Нерӯҳои пулис ва артиши Афғонистон, ки ҳоло масъулияти таъмини амнияти Афғонистонро ба уҳда гирифта, дар солҳои ахир талафоти сангинеро мутаҳаммил шудаанд.

Талафоти артиши Афғонистон дар соли 2014 ба 1300 кушта ва 6200 захмӣ мерасад ва раҳбарони ҳукумати ваҳдати миллӣ ахиран гуфтаанд, ки ба асоси баррасиҳои тоза миёнгини талафоти пулис ҳам 20 кушта дар рӯз будааст.

Матолиби муртабит