Бинёмин Нетонёҳу муддаъии 'пирӯзӣ' дар интихоботи Исроил шуд

  • 18 Март, 2015
Бинёмин Нетонёҳу ва Исҳоқ Ҳертзуг Image copyright EPA
Image caption Рақобати аслӣ дар ин интихобот миёни Бинёмин Нетонёҳу ва Исҳоқ Ҳертзуг будааст

Бинёмин Нетонёҳу, раҳбари ҳизби ростгарои Ликуд ва нахуствазири Исроил, муддаъии пирӯзӣ дар интихоботи порлумонии ин кишвар шудааст.

Назарсанҷиҳо аз раъйдиҳандагон дар интихоботи рӯзи сешанбе ҳокӣ аз он буд, ки Ликуд дар рақобате танготанг бо Иттиҳоди Саҳюнист, эътилофе аз аҳзоби миёна ва чап, қарор дорад.

Аммо бино ба гузоришҳо, дар ҳоле ки бештари оро шумориш шуда, гуфта мешавад, ки Ликуд дар масири касби 29 курсӣ аз 120 курсии порлумон, Кнесет, қарор дорад ва Иттиҳоди Саҳюнист 24 курсӣ ба даст хоҳад овард.

Оқои Нетонёҳу гуфт, ки ӯ дар ҳамин чанд соъат бо раҳбарони соири аҳзоби ростгаро барои ташкили давлат гуфтугӯ кардааст.

Оқои Нетонёҳу ин раъйгириро як "пирӯзии бузург" барои ҳизби Ликуд хондааст. Дар назарсанҷиҳои пеш аз интихобот Ликуд аз Иттиҳоди Саҳюнист ақаб буд.

Оқои Нетонёҳу раҳбарони ончиро, ки "урдӯи миллии" Исроил хонд, тарғиб кард "бидуни таъхир як давлат" ташкил диҳанд.

Пештар Исҳоқ Ҳертзуг, раҳбари мухолифони Иттиҳоди Саҳюнист, муташаккил аз аҳзоби чапу миёна, гуфта буд, ки натоиҷ нишон дод наметавон эътилофи таҳти ҳидояти ӯро нодида гирифт.

Ӯ пас аз интишори назарсанҷиҳо ба ҳаводоронаш гуфта буд, ки мутмаин аст давлати баъдиро ташкил хоҳад дод: "Мо имрӯз дастоварде боварнакарданӣ доштаем... Ҳарчи дар тавон дорем, барои эҷоди давлате, ки нигарише иҷтимоъӣ дорад, хоҳам кард."

Бино бар гузоришҳо, мушорикат дар ин интихобот нисбат ба давраи пеш болотар будааст. Тақрибан 82 дарсади касоне, ки воҷиди шароит буданд, раъй додаанд. Раъйгирӣ соъати даҳи шаб ба вақти маҳаллӣ ба поён расид.

Кевин Конулӣ, хабарнигори Би-би-сӣ дар Исроил, мегӯяд, ки фаъъолон ва ҳаводорони Ликуд билофосила ба рақсу шодмонӣ пардохтанд, чун аз назари онҳо Ликуд аз масире нисбатан сода метавонад давлате аз аҳзоби ростгаро ташкил диҳад.

Вақте натоиҷ комилан рӯшан шуд, раиси ҷумҳури Исроил вазифаи ташкили давлатро ба раҳбарии яке аз аҳзоб, ки тасаввур мешавад беҳтарин шонсро барои эҷоди эътилоф дорад, хоҳад супурд.

Агар Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири кунунӣ, бори дигар, яъне бори чаҳорум, баранда шавад, пурсобиқатарин нахуствазири ин кишвар хоҳад шуд.

То кунун ҳеч ҳизбе дар Исроил барандаи аксарияти курсиҳои порлумонӣ барои ташкили давлат нашудааст.

Назарсанҷиҳо пас аз раъйгирӣ нишон медод, ки "Феҳристи муштараки аъроб", эътилофе аз аҳзоби араби исроилӣ, бо 13 курсӣ севум хоҳад шуд.

Бо ин ҳол, ин эътилоф гуфтааст, ки аъзояш дар ҳеч давлати эътилофӣ ширкат нахоҳанд кард.

Оқои Нетонёҳу дар корзори интихоботияш ваъдаи амнияти бештар дода, аммо эътилофи чапи миёна бо такя бар вазъияти иқтисодӣ ва рифоҳ нахустазири Исроилро ба чолиш кашида буд.

Image copyright BBC World Service
Image caption Эъломи натоиҷи тозатарин назарсанҷӣ бо шодии ҳаводорони Ликуд мувоҷеҳ шуд

Матолиби муртабит