Интихоботи Исроил: Ликуд ба раҳбарии Нетонёҳу пирӯз шуд

  • 18 Март, 2015
Нетонёҳу Image copyright Reuters
Image caption Нетонёҳу мухолифи ташкили кишвари фаластинӣ аст

Бо шумориши тақрибан ҳамаи орои интихоботи порлумонии Исроил ҳизби Ликуд ба раҳбарии Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири феълӣ, бо касби 30 курсӣ ё ҳудуди 24 дарсад аз оро дар садри феҳристи аҳзоби ин кишвар қарор гирифтааст.

Эътилофи мавсум ба "Иттиҳоди Саҳюнистӣ" ба раҳбарии Исҳоқ Ҳертзуг, ки аз мухолифони аслии оқои Нетонёҳу аст, бо 24 курсӣ ё 19 дарсад аз орои умумӣ дар радаи дувум қарор гирифтааст.

Бар хилофи бештари натоиҷи аввалия, ки ҳокӣ аз рақобати шона ба шонаи ду рақиб буданд (бо 27 курсӣ барои ҳар кудом) бо шумориши ҳудуди 99 дарсад аз оро ҳизби ростгарои Ликуд дар камоли шигифтӣ ба пирӯзии муҳимме даст ёфт.

Оқои Нетонёҳу зимни эъломи пирӯзияш гуфтааст, ки басуръат давлати ҷадиди худро дар эътилоф бо аҳзоби дастиростии кӯчактар, монанди "Хонаи яҳудӣ" ва "Исроил хонаи мо", ташкил медиҳад.

Исҳоқ Ҳертзуг ва Зипӣ Ливнӣ, раҳбарони ду ҳизби Коргар ва Ҳотнуъо, ки Иттиҳоди саҳюнистиро ташкил медоданд, бо пазируфтани шикасти худ гуфтанд: "Субҳи сахте барои мо ва онҳоест, ки ба роҳи мо эътиқод доштанд. Мо ба муборизаамон дар роҳи арзишҳое, ки ба он бовар дорем, ҳамроҳ бо ҳампаймононамон дар Кенсет (баргирифта аз вожаи канаст ё куништ) идома медиҳем."

"Мо аз сӯи шаҳрвандони исроилӣ, ки ба умеди адолати иҷтимоъӣ, уфуқи диплумотик, баробарӣ ва демукросӣ меҷангем, то битавонем кишвари яҳудии амн, шоиста ва демукротике дошта бошем. Аз самими қалб аз ҳамаи касоне, ки ба мо ва роҳи мо эътиқод доштанд, ташаккур мекунем."

Ба гузориши хабаргузории Руйтерз, оқои Ҳертзуг гуфтааст, ки ба оқои Нетонёҳу телефун карда ва пирӯзии ӯро табрик гуфтааст.

Дар радаи севуми интихоботи имсол Феҳристи муттаҳиди аъроб бо 13 курсӣ аз 120 курсии Кенсет (порлумони Исроил) қарор дорад. Бо ин ҳол, ин ташаккул гуфтааст, ки аъзояш дар ҳеч давлате ҳузур нахоҳад ёфт.

Ҳизби миёнарави "Йеш Ъатид" ба раҳбарии Ёир Лапид, ки дар интихоботи гузашта 19 курсӣ ба даст оварда буд, дар ин давра фақат 11 курсӣ касб кард.

Аҳзоби Кулону, "Хонаи яҳудӣ", Шос, "Иттиҳоди яҳудияти тавротӣ", "Исроил хонаи мо" ва Меретс батартиб дар радаҳои баъдӣ қарор доранд.

Image copyright AFP
Image caption Тарафдорони Исҳоқ Ҳертзуг

Ба гузориши рӯзномаи Ҳооретс, Заҳово Гол-ун, раҳбари ҳизби чапгарои Меретс, гуфтааст, ки бо поён ёфтани шумориши оро ин ҳизб 4 курсӣ ба даст меоварад. Ҳарчанд ӯ эълом кардааст, ки аз узвият дар Кенсет истеъфо мекунад ва раҳбарии ҳизбашро ба Томор Зандберг, узви дигари Кенсет, месупорад.

Ҳудуди 72 дарсад аз наздик ба шаш милюн нафаре, ки воҷиди шароит буданд, дар ин давра раъй додаанд, ки бештарин мизбони мушорикат аз соли 1999 будааст.

Дар сурате, ки оқои Нетонёҳу барои чаҳорумин бор ба нахуствазирии Исроил даст ёбад, то поёни даврааш беш аз ҳар нахуствазири дигаре дар торихи Исроил дар раъси давлат будааст.

Таъкиди ӯ дар ин давра монанди пеш бештар бар амнияти Исроил ва робита бо фаластиниён будааст. Ӯ гуфтааст, то замоне ки нахуствазири Исроил аст, иҷозаи ташкили кишвари Фаластинро нахоҳад дод.

Дар муқобил, рақиби ӯ, оқои Ҳертзуг, ва ҳампаймононаш бештар бар ҳалли мушкилоти рифоҳӣ ва иқтисодии мардуми Исроил таъкид доштанд.

Оқои Нетонёҳу барои ташкили давлати эътилофӣ ниёз ба ҳамроҳии ҳизби Кулону ба раҳбарии Муше Каҳлун, вазири собиқаш, дорад.

Эҳтимол дорад оқои Каҳлун, ки дар ихтилоф бо оқои Нетонёҳу аз ҳизби Ликуд хориҷ шуда буд ва Кулонуро таъсис кард, ба унвони вазири иқтисод дар кобине ҳузур дошта бошад. _________________________________________________________________________________________

Интихоботи 2015 дар як нигоҳ

Бистумин Кенсет

Теъдоди курсиҳо: 120 Ҳадди ақалли раъй барои вуруди як ҳизб ба Кенсет: 3.25 дарсад аз кулли оро Ҳадди ақалли курсӣ барои ташкили давлат барои эътилоф: 61 курсӣ. То кунун ҳеч давлати ғайриэътилофӣ дар Исроил ташкил нашудааст. Теъдоди воҷидони шароит: 5881696 (шаҳрвандони исроилии болои 18 сол) Теъдоди ҳавзаҳои ахзи раъй: 10372 Муҳлат барои ташкили давлати эътилофӣ: 28 рӯз Бештар бихонед: Сафҳаи вижаи интихоботи Исроил ________________________________________________________________________________________

Комбиз Фаттоҳӣ, хабарнигори Би-би-сӣ дар Вошангтун

"Раъйдиҳандагони исроилӣ бори дигар нозирони сиёсиро шигифтзада ва ғофилгир кардаанд. Бино бар натоиҷи муқаддамотӣ, ҳизби Ликуд ба раҳбарии Бинёмин Нетонёҳу, алорағми ақаб будан дар назарсанҷиҳо бештарин курсиро дар порлумон касб карда. Ин муваффақият эҳтимолан бидуни мавзеъгириҳои ҷанҷолии раҳбари Ликуд имконпазир набуд. Нахуствазири Исроил чанд рӯз пеш аз раъйгирӣ аз тавтеаи хориҷӣ барои канор задани вай аз қудрат ва рӯи кор овардани давлате чапгаро суҳбат мекард ва низ барои ҷалби ҳимояти ростгароён эълом кард, ки агар барои бори чаҳорум нахуствазир шавад, кишвари Фаластин таъсис нахоҳад шуд.

Ин ҳарф давлати Борок Убоморо, ки дар пайи азсаргирии музокироти сулҳ байни Исроил ва фаластиниҳост, хашмгин хоҳад кард. Хатти машйи оқои Убомо бо назароти Исҳоқ Ҳертзуг, рақиби аслии Нетонёҳу, ҳамхонии бештаре дорад. Оқои Ҳертзуг низ ваъда додааст, ки барои ташкили давлати эътилофӣ талош кунад, аммо ба назар мерасад, дар арсаи сиёсии ростгарои Исроил Нетонёҳу дар муқоиса бо Ҳертзуг дар байни раҳбарони аҳзоб шурако ва муттаҳидони бештаре дошта бошад."

Матолиби муртабит