Шаш парвандаи ҷиноӣ барои муъомила бо арзи хориҷӣ

  • 17 Март, 2015
Дулор Image copyright BBC World Service
Image caption Дар Тоҷикистон муъомилоти коло ва маводди ғизоӣ бо арзи хориҷӣ мамнӯъ аст

Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боз кардани шаш парвандаи ҷиноӣ дар робита бо муъомилоти коло бо арзи хориҷӣ дар ин кишвар хабар додаанд.

Торнамои ин ниҳод рӯзи сешанбеи 17 март зимни пахши ин иттилоъ навиштааст, ки пулис дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғди Тоҷикистон дар амалиётҳои вижае ҳафт нафар аз сокинонро дар робита бо ин амал боздошт кардааст.

Тавре ки дар хабар омадааст, панҷ нафар аз ин афродро кормандони интизомӣ рӯзи 16 март ҳангоми фурӯши коло, аз ҷумла мошинҳо, боздошт кардаанд.

Дар торнамои вазорати умури дохила омадааст: "Аз ҷумла, рӯзи 16-уми март аз ҷониби кормандони пулис Мақсуд Бобохоҷаеви 49-сола, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳамчун гумонбар дар муъомилоти ғайриқонунӣ бо арзи хориҷӣ боздошт шудааст. Номбурда худрави навъи “Опел-Астра”-ро ба шаҳрванд Улуғбек Ҷумъаев, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ба маблағи 4700 дулори омрикоӣ фурӯхтааст."

Ҳамчунин, ду нафар аз сокинони шаҳри Душанбе, аз ҷумла Тоҷиддин Зиёев ва Парвиз Мирзоев, ба фаъъолият дар як дукони саррофии ғайриқонунӣ аз сӯйи пулис муттаҳам ва боздошт шудаанд.

Тибқи қонунҳои мавҷуда дар Тоҷикистон, хариду фурӯши коло ва маводди ғизоӣ дар бозорҳо ва мағозаҳои ин кишвар танҳо бо пули миллӣ, яъне сомонӣ, муҷоз аст.

Аммо коршиносон мегӯянд, ки ин амалиёти пулис алайҳи тоҷирон барои муъомилот бо арзи хориҷӣ, як талоше барои наҷоти пули миллии сомонӣ аз боло рафтани тавррум дар ин кишвар аст.

Тайи ду моҳи ахир арзиши сомонӣ, пулии миллии Тоҷикистон, дар баробари арзҳои хориҷӣ, аз ҷумла дулор, ба таври чашмгире пойин рафтааст.

Дар бархе аз саррофиҳои шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, имрӯзҳо арзиши як дулор аз 5,60 (авохири соли 2014) то ба 6,50 сомонӣ расидааст.

Бархе аз саррофон дар пойтахт мегӯянд, ки иллати ин амр коҳиши вуруди дулор ба Тоҷикистон ва кам шудани интиқоли сармоя аз сӯйи муҳоҷирони тоҷик аз хориҷ ба ин кишвар будааст.

Як рӯз қабл иддае аз саррофон дар хиёбонҳои маркази шаҳри Душанбе аз сар задани кормандони интизомӣ ба дафотирашон шикоят мекарданд.

Ҳафтаи гузашта масъулони Бонки миллии Тоҷикистон дар як нишасти матбӯъотӣ кормандони саррофиҳоро ба эҳтикор (спекулятсия) дар коҳиши пули миллӣ дар баробари арзи хориҷӣ муттаҳам карда буданд.

Ба эҳтимоли зиёд, амалиёти вижаи кормандони интизомӣ низ дар пайи эъломи масъулони бонк роҳандозӣ шудааст. Иддае аз коршиносони умури иқтисодӣ бар онанд, ки бо ин наҳва аз боло рафтани мизони таваррум дар Тоҷикистон наметавон ҷилавгирӣ кард.

Матолиби муртабит