Ширкати раҳбари ҲНИТ дар ду ҳамоиш дар Молезӣ

  • 17 Март, 2015

Раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) барои ширкат дар ҳамоишҳои байналмилалии кишварҳои исломӣ ба Молезӣ рафтааст.

Бар асоси иттилоъи дафтари матбӯъотии ҲНИТ, Муҳиддин Кабирӣ нахуст дар Анҷумани осиёӣ барои сулҳ ва ваҳдат, (Asian Forum for Peace & Development), ки рӯзи сешанбеи 17 март оғоз ёфтааст, ширкат мекунад.

Тавре, ки сухангӯи ҲНИТ мегӯяд, қарор аст, ки раҳбари ҳизб дар ин ҳамоиш, ки ду рӯз идома хоҳад дошт, суханронӣ кунад. Дар ин анҷуман, ки соле қабл аз сӯйи аҳзоб ва ҷунбишҳои мазҳабӣ таъсис ёфтааст, дар мавриди вазъияти аҳзоби мазҳабӣ ва чолишҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо баррасӣ мешавад.

Ҳамчунин, оқои Кабирӣ дар анҷумане зери шиъори ваҳдати уммати исломӣ, ки дар Молезӣ аз 20 то 22 март доир мешавад, низ ширкат мекунад.

Дар ин ҳамоиш дар канори мавзӯъоти мавриди баҳси кишварҳои исломӣ, ҳамчунин буҳрон дар Фаластин низ баррасӣ хоҳад шуд.