Исроилиҳо пои сандуқи раъй мераванд

  • 17 Март, 2015
Image copyright Reuters
Image caption Бинёмин Нетонёҳу бо чолише ҷиддӣ аз сӯй Исҳоқ Ҳертзук, раҳбари ҳизби коргар рӯбарӯст

Раъйдиҳандагон дар Исроил рӯзи сешанбе дар интихоботе, ки интизор меравад танготанг бошад, пойи сандуқҳои раъй мераванд.

Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил, бо чолише аз сӯйи эътилофи миёна-чап, ки қавли беҳбуди равобити фаластиниҳо ва ҷомеъаи байналмилалиро дода, рӯбарӯст.

Интизор намеравад ҳеҷ кадом аз тарафҳо беш аз як чаҳоруми ороро ба даст оварад.

Номзадҳои ҳар ду ҳизб рӯзи душанберо ҳам сарфи мубориза барои ҷалби оро карданд.

Марокизи ахзи раъй аз соъати ҳафти субҳ ба вақти маҳаллӣ боз мешавад ва соъати даҳи шаб баста хоҳад шуд.

Дар ҳоле, ки натоиҷ мумкин аст билофосила пас аз поёни раъйгирӣ эълом шавад, рӯшан шудани натоиҷи қатъӣ мумкин аст каме тӯл бикашад.

Баъд аз рӯшан шудани натоиҷи мумкин аст як давраи тӯлонӣ барои ташкили давлати эътилофии оянда дар пай биёяд.

Назарсанҷиҳо пеш аз поёни ҳафта нишон медод, ки иттиҳоди саҳунистии миёна-чап эҳтимолан барандаи бештарини курсиҳо хоҳад шуд.

Бо ин ҳол, хабарнигори Би-би-сӣ дар Байтулмукқаддас мегӯяд, ки ҳатто дар сурати дувум шудани ҳизби Ликуд ба раҳбарии Бинёмин Нетонёҳу имкон дорад, ки ӯ дар мавқеъияти беҳтаре барои ташкили давлат бошад.

Дар интихоботи Исроил то кунун ҳеҷ ҳизбе муваффақ ба касби аксарияти қотеъ нашуда ва дар натиҷа давлатҳо дар ин кишвар ҳамеша эътилофе будаанд.

Бахши муҳимме аз тамаркузи муборизот ба масоили байналмилалӣ, аз ҷумла равобити Исроил бо Омрико ва нигаронӣ дар бораи барномаи атумии Эрон маътуф будааст.

Аммо бисёре аз номзадҳо бар масоили иҷтимоъӣ ва иқтисодии Исроил, аз ҷумла масъалаи ҳазинаи болои зиндагӣ ва рушди кунди иқтисодӣ тамаркуз кардаанд.

Ояндаи шаҳри Байтулмуқаддас яке аз масоили меҳварӣ будааст.

Image copyright AFP

Оқои Нетонёҳу мукарран рақибони худ аз аҳзоби чап ва миёнаро муттаҳам кардааст моиланд дар музокироти сулҳи фаластиниҳо даст аз иддаъои Исроил бар Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти ҷудоинопазири ин кишвар бикашанд.

Оқои Нетонёҳу рӯзи душанбе дар шаҳраки яҳудинишини Ҳор Ҳумо дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ гуфт ӯ танҳо касест, ки метавонад амнияти шаҳрро тазмин кунад.

Ӯ гуфт то замоне, ки нахуствазир бошад кишвари фаластинӣ шакл нахоҳад гирифт.

Фаластиниҳо ҳам мехоҳанд, ки Байтулмуқаддаси Шарқӣ, ки дар ҷанги 1967 тавассути Исроил ишғол шуд, пойтахти кишвари ояндаи фаластинӣ бошад.

Аммо Исҳоқ Ҳертзук, раҳбари ҳизби Коргар, ки ҷузви Иттиҳоди саҳюнист аст, гуфт, ки оқои Нетонёҳу "ҳул" кардааст.

Исҳоқ Ҳертзук ва Зипӣ Ливнӣ, вазири умури хориҷаи пешин, ҷабҳаи воҳиди "Иттиҳоди саҳюнист"-ро эҷод кардаанд, то шонси пирӯзии худро бештар кунанд.

Оқои Ҳертзук рӯзи якшанбе дар боздиде аз "Девори ғарбӣ", ки аз муқаддастарин маконҳо брои яҳудиён аст, қавл дод, ки "дар амал ва на дар ҳарф, беш аз ҳар раҳбари дигаре аз Байтулмуқаддас ва сокинонаш муҳофизат кунад."