Давлати Афғонистон ҳузури Доъиш дар ин кишварро таъйид кард

  • 17 Март, 2015
Image caption Оқои Обидӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки ҳузури Доъиш дар Афғонистон воқеъан нигаронкунанда аст

Дафтари раиси ҷумҳурии Афғонистон барои аввалин бор расман ҳузури гурӯҳи мавсум ба Давлати Исломӣ ё Доъишро дар Афғонистон таъйид кард.

Аҷмал Обидӣ, сухангӯйи раиси ҷумҳурии Афғонистон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки "ҳузури Доъиш дар Афғонистон воқеъан нигаронкунанда аст."

Оқои Обидӣ афзуд, ки навъияти ҷанг дар Афғонистон тағйир карда ва терурисм ҳоло табдил ба як систем шудааст.

Ӯ гуфт, ки давлати Афғонистон барои саркӯби афроди Доъиш барномаҳое дорад ва то ҳоло ду фармондеҳи аршади гурӯҳи мавсум ба Давлати Исломӣ дар амалиёти нерӯҳои афғон кушта шудаанд.

Ҳукумати Афғонистон дар ҳоле аз ҳузури Доъиш ибрози нигаронӣ мекунад, ки рӯзи гузашта низ намояндаи вижаи Созмони Милал дар умури Афғонистон дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳузури гурӯҳи Доъиш дар ин кишварро нигаронкунанда хонд.

Никулос Ҳейсум, намояндаи вижаи Созмони Милал барои Афғонистон, гуфт: "Аҳаммияти ҳузури Доъиш дар Афғонистон марбут ба тавоноиҳои он дар ин кишвар нест, балки зарфияти Доъиш дар гирдоварии гурӯҳҳои инфиродии шӯришӣ зери як чатр аст, ки нигаронии бештаре эҷод мекунад."

Image copyright
Image caption Ҳудуди ду моҳ пош видиюе мунташир шуд, ки дар он теъдоде аз афроди мусаллаҳро зери парчами Доъиш нишон медод, ки иддаъо карданд дар Афғонистон ҳузур доранд.

Оқои Ҳейсум, ки гузориши чаҳормоҳаи Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милал дар мавриди Афғонистонро ба Шӯрои Амният ироа мекард, дар айни ҳол гуфт: "Нишонае аз ҳимояти густарда ва системотик аз Доъиш дар Афғонистон дида намешавад."

Дар гузориши дабири кулли Созмони Милал омада, ки шуморе аз фармондеҳони Толибон вафодории худро ба Доъиш эълом карданд ва теъдоди физояндаи дигаре аз онҳо низ дар талоши касби ҳимояти молӣ ва ҳамкорӣ бо Доъиш ҳастанд.

Дирӯз мақомҳои Афғонистон эълом карданд, ки Ҳафизи Ваҳидӣ, раҳбари гурӯҳи Доъиш дар Афғонистон ва 9 пайкорҷӯйи дигар дар як ҳамлаи мушакӣ дар вилояти Ҳилманд кушта шудаанд.

Як моҳ пеш Мулло Абдурауф, фарде, ки ба унвони муъовини Доъиш дар Афғонстон шинохта мешавад, дар як амалиёти низомӣ кушта шуд.

Мақомҳои маҳаллии Афғонистон дар моҳҳои ахир гуфтаанд, ки афроди мусаллаҳи ношинос ва ниқобпӯш дар бахшҳое аз ин кишвар фаъъолият доранд.

Матолиби муртабит