Заҳри мор: Аз куштани душманон то дармони беморон

  • 17 Март, 2015
Image copyright Getty Images
Image caption Мори зангии Омрико

Мор афсунгаре беҳамто аст, мавҷуде, ки дар айни нафрини абадӣ, мавриди ситоиш қарор гирифта, дар мавриди он достонҳо навишта шуда ва маншаи афсонаҳои бешумор ва устураҳои ваҳмангез будааст. Он чи морро аз қадимулайём барои одамиён ҷаззоб карда, хат ва холҳои рангӣ, печиши масҳуркунанда ва албатта заҳри кушандаи он аст.

Радди пойи мор, ба унвони мавҷуде ҷолиби таваҷҷуҳро ҳатто метавон дар асотири куҳан аз ҷумла Юнони бостон ёфт. Нишони мор дар асотири юнонӣ-румӣ ба 1200 соли қабл аз мелоди Масеҳ бармегардад, ки дар он "Оскилипиюс" (фарзанди Опулон) худогунаи пизишкӣ ва дармон, беморонро шифо мебахшид ва мурдагонро зинда мекардааст. Ӯ ҳамвора асоеро бо худ ба ҳамроҳ дошт, ки море ба даври он печида буд, чиро ки дар асотири юнонӣ-румӣ намоди ҳуш ва саломат буд.

Image copyright Getty Images
Image caption Оскилипиюс худои пизишкии Юнони бостон бо чӯбдасте, ки море ба даври он печида

Дунёи пизишкии навин ҳамчунон вомдори устураҳои куҳан аст, чиро ки дар дунёи имрӯз ҳам намоди пизишкӣ ва саломат аст. Радди пои ин мавҷуди афсунгарро дар Мисри бостон низ метавон ёфт; Кубро намоди салтанат ва қудрати Мисри бостон буда ва "Буту", илоҳаи нигаҳбони Миср ва фиръавн дар қомати кубро худоӣ мекардааст.

Илова бар достонҳои асотирӣ дар Инҷил беш аз ҳаштод бор аз мор ном бурда шуда ва шайтон дар қолаби мор Одам ва Ҳавворо фиреб додааст; ҳамчунин дар Қуръон низ чандин бор аз анвоъи гуногуни он ном бурда шудааст ва бо вуҷуди он ки ишораи мустақиме ба фурӯ рафтани шайтон дар колбади мор вуҷуд надорад, ин қисса дар ривояте омадааст.

Заҳр аз даврони қадим масорифи зиёде доштааст, ки шояд муҳимтарин истифодаи он масмум кардани душманон будааст, аммо ҳамаи морҳо саммӣ нестанд ва заҳри ҳамаи морҳои саммӣ низ кушанда нест.

Бар асоси омори Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз миёни 3000 гуна, ҳудуди 600 гуна саммӣ ҳастанд ва беш аз 200 гунаи онҳо аз лиҳози пизишкӣ мавриди таваҷҷуҳ ҳастанд.

Морҳои саммӣ дар ағлаби нуқоти ҷаҳон ба ҷуз навоҳии бисёр сарди наздик ба қутби шимол ва ҷануб ёфт мешаванд. Онҳо дорои саре мусалласшакл, мардумаки чашми байзавӣ ва думе кӯтоҳтар ҳастанд, дар ҳоле ки анвоъи ғайрисаммӣ дорои саре гирд, мардумаки чашми гирд ва думи баландтар ва маъмулан фаъъолтар ва сареътар аз гунаҳои саммӣ ҳастанд.

Анвоъи нимасаммӣ мушаххасоти морҳои ғайрисаммиро доранд, аммо думи онҳо каме баландтар аст. Барои мардуми оддӣ ва бахусус онҳое, ки ҳадафи ҳамла қарор мегиранд, ташхиси саммӣ ё ғайрисаммӣ будан чандон осон нест, аммо ба ёд овардани мушаххасоти зоҳирӣ барои дармон бисёр ҳаётӣ аст.

Image copyright Getty Images
Image caption Гирифтани заҳри мори шоҳкубро дар мазраъаи парвариши мор дар Тойланд

Аммо ба ростӣ заҳри мор чист? Заҳри мори базоқи тағйирёфтаи мор аст, ки барои шикор, ҳазми туъма ва дифоъ тарашшуҳ мешавад. Ғудудҳое, ки тавлид ва тарашшӯҳи самро ба уҳда доранд, дар ду тарафи сар ва дар ғилофе моҳичаӣ қарор доранд.

Таркиботи заҳри мор дар гунаҳои мухталиф ва ҳамин тавр дар ҳар гуна бар асоси син, фасл ва замони охирини тарашшӯҳ мутафовит аст. Таркиботи аслии он прутеин ва пулипептидҳое аст, ки хосияти онзоймӣ ва саммӣ доранд.

Заҳри мор аз туруқи мухталиф асар мекунад. Дар бархе аз гунаҳо, заҳри тарашшуҳшуда бар рӯйи системи асабӣ асар мегузорад, бад-ин сурат ки аъсоб ё паёмрасони асабии (нурутронсимитрҳо)ро даргир карда ва аз кор меандозад. Дар гунаҳои дигар заҳри мор бар рӯйи системи қалбӣ ва уруқӣ асар гузошта ва боъис мешавад зарбони қалб дучори ихтилол шавад, ки метавонад ба марг мунҷар шавад.

Дар гунаҳои дигар, заҳр ба системи гардиши хун ҳамла карда ва бо ҳемулиз (тахриби) глубулҳои қирмиз боъиси эҷоди лахта ва ниҳоятан марг мешаванд. Дар бархе гунаҳо ҳам сам ба сойири андомҳо аз ҷумла куля ва азалот осеб зада ва гоҳе боъиси марг мешавад.

Image copyright Getty Images
Image caption Пойтуни алмос, яке аз морҳои ғайрисаммии Устролиё

Заҳри мор ба хотири асароти доруӣ ва физиюлужик метавонад бар мулекулҳои зистӣ, селулҳо, бофтҳо ва андомҳои мухталиф асар бигузорад, бинобарин қобилияти онро дорад, ки дар санъати дорусозӣ ба кор гирифта шавад. "Коптуприл", доруе, ки дар дармони фишори хун ва бемориҳои қалбӣ истифода мешавад, шояд яке аз маъруфтарин мисолҳои баҳрагирӣ аз заҳр дар санъати дорусозӣ бошад.

Баррасии асароти пептиди мавҷуд дар заҳри мори тираи войпридо (гурзаморон) боъиси шинохти онзоймҳои муассир бар коркарди қалб ва фишори хун шуд, ки дар ниҳоят тавлиди ин дору ба инқилобе дар дармони бемориҳои қалбӣ ва уруқӣ анҷомид.

Бархе аз пептидҳои мавҷуд дар заҳри мор монанди текстилинин хосияти зиди хунрезӣ доранд, аз ин мода барои сохти доруи ҷилавгирӣ аз хунрезӣ дар ҳангоми амали қалби боз истифода шуда, ки мароҳили озмоишгоҳӣ ва болинии худро тай мекунад.

Image copyright SPL
Image caption Афъии урупоӣ; ба мардумаки байзавии ин мори саммӣ таваҷҷуҳ кунед

Аз суи дигар дар ҷаҳони имрӯз, ки бо масъалаи муқовимати онтибиютикҳо мувоҷеҳем, таркиботе бо хосияти зидибоктериёӣ ва зидиқорчӣ метавонанд ба кашфи онтибиютики ҷадид мунҷар шавад.

Заҳри мор ба далели доштани таркиботи печидаи зистӣ ва доруӣ монанди прутеинҳо ва пептидҳои онзоймӣ ва ғайрионзоймӣ, маводи маъдании мутафовит ва маводи ғайримаъдании хоси худ, хосияти ҳидрулиз дорад. Ин хосият метавонад дар дармони бемориҳои мухталиф аз ҷумла дармони саратон мавриди истифода қарор гирад ва роҳҳои ҷадидеро дар дармон бигшояд.

Инсон ҳамвора аз табиат омӯхта ва онро манбаи илҳоми худ қарор додааст. Сам ва сойири мавҷудоти заҳрогине, ки гоҳе ҳатто дидани аксаш ё шунидани номашон боиси ваҳшат ва ҳароси мо мешаванд, метавонад мустақим ва ғайримустақим дар улуми пизишкӣ ва саноеъи дорусозӣ мавриди истифода қарор гирад ва роҳгушои дармони бемориҳои гуногун бошад.