Раҳмон ба порлумони нав гуфт, ки чигуна қонунҳое тасвиб кунад

  • 17 Март, 2015
Image copyright BBC World Service

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ширкат ва суханронӣ дар нахустин иҷлоси ҳайъати ҷадиди порлумони ин кишвар хостори тасвиби қавонине шуд, ки "саботи сиёсиву иҷтимоъии ҷомеъаро таъмин намоянд."

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз аъзои ҷадиди Маҷлиси намояндагон, ки аксарияти кулли онҳоро аъзои ҳизби ҳокими халқи демукрот ташкил медиҳанд, хост, ки қавонин ва муқаррароти марбут ба мубориза бо терурисм, ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир, фасод ва ҷароими дигари иқтисодиро такмил кунанд.

Ҷаласаи нахусти порлумони ҷадиди Тоҷикистонро, ки рӯзи сешанбеи 17 март доир шуд, Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари ҳизби сусиёлист, ифтитоҳ кардааст. Оқои Ғаффоров аз миёни аъзои ҷадиди Маҷлиси намояндагон болотарин синро дорад ва нахустин узви порлумон аз ҳизби сусиёлист аст.

Баъд аз ифтитоҳи ҷаласа аъзои порлумон бо раъйдиҳии пинҳонӣ Шукурҷон Зуҳуровро ба унвони раиси Маҷлиси намояндагон интихоб карданд. Оқои Зуҳуров, ки аз ҳавзаи интихоботии шумори 12 дар минтақаи Рашт ба узвияти порлумон интихоб шуд, тайи панҷ соли гузашта низ риёсати ин маҷлисро ба уҳда дошт.

Сипас бо пешниҳоди раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ ба унвони муъовини аввал, Хайринисо Юсуфӣ ва Акрамшоҳ Фелалиев ба унвони муъовинони раиси маҷлис интихоб шудаанд. Ин афрод аз аъзои шинохташудаи ҳизби халқи демукрот ҳастанд, ки раҳбарии онро худи раисҷумҳур ба уҳда дорад.

Пас аз интихоби ҳайъати раҳбарии Маҷлиси намояндагон Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, дар суханрони худ аъзои ҷадиди порлумонро ба муносибати интихоб шуданашон ба узвияти порлумон шодбош гуфта ва аз шеваи баргузории интихоботи порлумонӣ ва маҷолиси маҳаллӣ ситоиш кард.

Вай аз ҷумла гуфт: "Рӯзи 1-уми марти соли ҷорӣ интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоъатҳо дар доираи талаботи Конститутсия (Қонуни асосӣ) ва қонунҳои амалкунанда, дар сатҳи баланди ташкилӣ, шаффофу озод, ба таври демукротик ва бо иштироки фаъъоли интихобкунандагон доир гардид."

Оқои Раҳмон афзуд: "Дар фазои озоду демократӣ баргузор гардидани ин маъракаи сиёсӣ, ки аз ҷониби намояндагони ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва нозирони милливу байналмилалӣ дар сатҳи баланд арзёбӣ гардид, бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки халқи соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва эътимоди комил ба ояндаи неки давлати Тоҷикистон ва бо дарки амиқи масъулияти шаҳрвандӣ дар ин чорабинии муҳим иштирок намуд."

Ин дар ҳолест, ки нозирони байналмилалӣ аз шеваи баргузории интихоботи гузашта интиқод карда ва гуфтаанд, ки мавориди фаровони тақаллуб, фароҳам нашудани фазои рақобат ва имконоти баробар барои ҳамаи аҳзоб ва номзадҳо, истифодаи густардаи ҳизби ҳоким аз манобеъи давлатӣ ва маҳрумияти мухолифон аз минбар барои таблиғи худ, бар ҷараёни интихобот соя афкандааст.

Ба гуфтаи Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон, дар интихоботи ахир 285 номзад ширкат кардаанд. Дар ин тадбири муҳимми сиёсӣ наздик ба се милюну 800 ҳазор нафар ё 87,7 дарсад аз шаҳрвандони воҷиди шароити раъй мушорикат кардаанд.

Бар асоси натоиҷи интихоботи порлумонӣ, ки ин кумисиюн эълом кард, ҳизби ҳокими халқи демукрот 51 курсии порлумонро ба худ ихтисос додааст. Ҳизби кишоварзӣ панҷ курсӣ, ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ се курсӣ, ҳизби кумунист ду курсӣ, ва аҳзоби сусиёлист ва демукрот ҳар кудом як курсӣ ба даст овардаанд.

Ҳизби наҳзати исломӣ, бонуфузтарин ҳизби мухолифи давлат, ки дар порлумони гузшта ду намоянда дошт, дар интихоботи ахир аз курсиҳои порлумонии худ маҳрум шуд. Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон ҳам муваффақ ба дарёфти курсиҳои порлумонӣ нашуд.

Дар ҳамин ҳол, оқои Раҳмон раҳнамудҳое дар бораи чигунагии тасвиби қавонини ҷадид ва такмилу ислоҳи қавонини мавҷуда ба аъзои ҷадиди порлумони Тоҷикистон ироа кардааст.

Вай аз ҷумла хитоб ба аъзои Маҷлиси намояндагон гуфт: "Вакилон ҳангоми қабули қонунҳо бояд ба сифати онҳо аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд ва қонунҳоро аз лиҳози ҷавобгӯ будан ба талаботи замон ва ҷомеъа асоснок намоянд. Бо ин мақсад фаъъолияти ҳокимияти қонунгузор бояд танҳо ба қабули қонунҳое равона карда шавад, ки онҳо суботи сиёсиву иҷтимоъии ҷомеъаро таъмин намоянд."

Оқои Раҳмон афзуд: "Қонунҳое, ки қабул мешаванд, бояд меконисми мушаххаси амалишавии меъёрҳои дар онҳо пешбинишударо дошта бошанд. Ба ин масъала бояд ҳанӯз дар ҷараёни таҳияи қонунҳо эътибор дода шавад, ки қонунҳои қабулшуда дар ҳаёти ҷомеъа то чӣ андоза муваффақона амалӣ карда мешаванд."

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин ҳашт "пешниҳод" ба порлумони ҷадид дар заминаи таҳияву тасвиби қавонини ҷадид ва ислоҳи қавонини мавҷуд ироа дода, ки яке аз онҳо такмили қавонин "дар бораи мубориза бо терурисм, ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир, фасод ва ҷароими дигари иқтисодӣ" аст.

Зимни суханронии худ дар порлумон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз буҳрони молию иқтисодӣ ва рақобатҳои шадиди жиюпутилик, ки "саросари ҷаҳонро фаро гирифта" ва дар иқтисоди Тоҷикистон низ таъсири манфии худро мегузорад, ибрози нигаронӣ кард.

Нигаронии оқои Раҳмон дар ҳолест, ки таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия ва коҳиши ҷиддии интиқоли пул аз сӯи муҳоҷирони кории тоҷик дар он кишвар Тоҷикистонро дучори буҳроне ҷиддӣ кардааст. Тайи моҳҳои ахир нархи сомонӣ, пули миллии ин кишвар, дар баробари арзи хориҷӣ башиддат пойин рафта ва баҳои як дулор аз панҷуним ба шашу ним сомонӣ расидааст.

Мақомот барои ҷилавгирӣ аз таваррум ва афзоиши баҳои дулор саррофиҳоро таҳти назорати шадид қарор дода ва афроди зиёдеро, ки бо арзи хориҷӣ муъомила мекунанд, боздошт кардаанд. Аммо коршиносон мегӯянд, ки ин иқдомот ба "наҷоти" пули миллии Тоҷикистон ҳеч кумаке нахоҳад кард.

Дар ҳоле ки ба дунболи интихоботи ахир аҳзобу гурӯҳҳои мухолиф комилан ба ҳошия ронда шудаанд, давлати оқои Раҳмон бо аксарияти кулли аъзои ҳизбаш дар порлумон масъулияти комили сарнивишти кишварро ба дасти худ гирифта ва бо чолишҳои ҷиддии амниятию сиёсӣ ва иқтисодӣ рӯбарӯст.

Соҳибназарон мегӯянд, ки идомаи буҳрони Укройн ва таҳрими Русия аз сӯи Ғарб, ки коҳиши пулҳои интиқолии муҳоҷиронро ба ҳамроҳ дорад, вазъи иҷтимоъиву амниятии Тоҷикистонро ба мухотира андохтааст.

Ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, пулҳои интиқолии муҳоҷирон муъодили беш аз 40 дарсади тавлиди нохолиси дохилии Тоҷикистон аст ва ҳеч кишваре дар ҷаҳон ба ин андоза вобастаи пули муҳоҷират нест.

Эмомалӣ Раҳмон, ки тайи 23 соли гузашта зимоми қудратро дар Тоҷикистон дар даст дорад, аз ихтиёроти густардае бархурдор аст ва қувои қазоия ва муқаннана таҳти кунтрулаш ҳастанд. Гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ӯро ҳамвора ба тамаркузи қудрат ва саркӯби мухолифон муттаҳам кардаанд.

Матолиби муртабит