Ҳамоиши минтақаӣ барои ҳамкорӣ дар мубориза бо маводди мухаддир дар Душанбе

  • 16 Март, 2015
Ашета Металл Image copyright BBC World Service
Image caption Хонум Металл мегӯяд, ки муборизаи муъассир бо маводди мухаддир дар минтақа ба ҳамкориҳои танго-танги ниҳодҳои интизомии кишварҳои минтақа бастагӣ дорад

Дар шаҳри Душанбе дар ҳамоише бо ширкати намояндагони ниҳодҳои интизомии кишварҳои минтақа шеваи фаъъолияти ин ниҳодҳо барои тақвияти ҳамкориҳо дар роҳи мубориза бо маводди мухаддир дар оянда баррасӣ шуд.

Ин нишаст рӯзи душанбеи 16 март ба ибтикори масъулони Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон доир шуда ва дар он намонядагони чаҳор кишвари минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Афғонистон ширкат карданд.

Дар ин ҳамоиш ҳамчунин намояндагони чаҳор кишвари минтақа аз фаъъолияти хеш дар заминаи мубориза бо маводди мухаддир гузориш хоҳанд дод.

Ашета Металл, масъули намояндагии Идораи мубориза бо маводди мухаддир ва ҷароими Созмони Миллаи Муттаҳид дар Осиёи Марказӣ барои ширкат дар ин нишаст ба Тоҷикистон омадааст.

Хонум Металл мегӯяд, ки муборизаи муъассир бо маводди мухаддир дар минтақа ба ҳамкориҳои танго-танги ниҳодҳои интизомии кишварҳои минтақа бастагӣ дорад.

Вай бо таъкид ба зарурати баргузории нишасти имрӯзӣ гуфт: “Барномаи вижае, ки мо ҳоло роҳандозӣ мекунем аз сӯйи Жопун ва Омрико сармоярезӣ мекунанд. Ҳадафи аслӣ аз боло бурдани сатҳи фаъъолияти ниҳодҳои давлатии кишварҳои минтақа барои мубориза муъассир бо маводди мухаддир аст.”

Хонум Металл мегӯяд, ки ниҳоди онҳо дар чаҳорчӯби барномаи вижае фаъъолиятеро барои таъсиси дафтарҳои марзии ҳамкориҳо бо кишварҳои минтақа, ки бо Афғонистон ҳаммарз ҳастанд, роҳандозӣ мекунад.

Вай афзуд, ки то ҳол дар маҷмӯъ даҳ дафтар дар минтақа таъсис ёфтанд, ки 6 то аз онҳо дар қаламрави Тоҷикистон фаъъол ҳастанд, ки кори онҳо аз табодули имттилоъот дар заминаи мубориза бо маводди мухаддир будааст.

Хонум Металл ҳамчунин мегӯяд, ки дар солҳои 2013 ва 2014 кишти хашхош ва тавлиди маводди мухаддир дар Афғонистон афзоиш ёфта ва ба гуфтаи ӯ ин омил ба афзоиши интиқоли ин мавод аз Афғонистон ба кишварҳои дигар таъсиргузор хоҳад буд.

Аз ин рӯ хонум Металл меафзояд, ки кишварҳои минтақа бояд барои мубориза бо интиқоли ин мавод омода бошанд ва вай мегӯяд: “Бо ин вуҷуд мизони маводди мухаддире, ки дар қаламрави кишварҳои минатқа ифшо ва мусодира мешавад, зиёд нест. Бо дарназрдошти ин ман гуфта метавонам, ки қочоқчиён сол то сол боҳуштар мешаванд ва роҳҳои дигареро барои интиқоли ин мавод интихоб мекунанд.”

Аз ин рӯ дар ҳамоиши имрӯзии намояндагони ниҳодҳои интизомии Қирғизистон, Узбакистон, Афғонистон ва Тоҷикистон заминаҳои тақвияти мубориза бо қочоқчиён ва иттилоъоти зарурӣ дар мавриди мавҷудияти гурӯҳҳои табаҳкори қочоқчиро баррасӣ хоҳанд кард.

Ҳамчунин ширкаткунандагони ҳамоиш тақвияти мубориза бо сармояи ғайриқонуние, ки аз қочоқи маводди мухаддир ба даст меоядро, матраҳ хоҳанд кард.

Матолиби муртабит