Рустами Эмомалӣ раиси Ожонси мубориза бо фасод таъйин шуд

  • 16 Март, 2015
Рустами Эмомалӣ
Image caption Писари бузурги Эмомалӣ Раҳмон тайи чанд соли ахир раёсати ниҳодҳои мухталифи давлатиро бар ӯҳда дошт

Рустами Эмомалӣ, фарзанди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки то ҳоло раёсати Идораи гумруки Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт, раиси Ожонси мубориза бо фасоди кишвар таъйин шуд.

Ин хабар дар канори хабари фармонҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи чандин барканорӣ ва таъйиноти мақомоти мухталифи кишвар, рӯзи душанбе, 16-уми март дар сойти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мунташир шуд.

Рустами Эмомалӣ ки то ҳоло раёсати Идораи гумруки Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт дар мансаби раиси Ожонси мубориза бо фасод ҷойгузинӣ Абдулфаттоҳи Ғоиб шудааст. Дар иваз Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Идораи гумруки Тоҷикистон таъйин шудааст.

Ҳамзамон раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо имзои фармонҳое дигар Асадулло Раҳмонро ки то ҳол раёсати Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо таъйин кардааст.

Симмати ёвари раиси ҷумҳурӣ дар умури кодрҳоро тайи чанд соли ахир Абдуҷаббр Азизӣ иҷро мекард. То ҳол маълум нест ки оқои Азизӣ ҳамакнун ба кадом симмат таъйин хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол Пирзода Маҳмадсаид, ки то ҳоло вазифаи муъовини вазири фарҳанги Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт бо фармони Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷадиди Кумитаи телевизиюн ва родиюи давлатии Тоҷикистон таъин шуд.

Ибодулло Машрабов ҷойгузини оқои Пирзода дар вазифаи муъовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон шуд. Ӯ то ҳол раёсати теотри давлатии окодемии ба номи Лоҳутиро бар ӯҳда дошт.