Ҷаҳон мунтазири дидани Путин: гумонзаниҳо зиёд мешавад

  • 16 Март, 2015
Image copyright AP

Оё ҳаргиз ҷаҳон барои як дидори расмӣ миёни руасои ҷумҳури Русия ва Қирғизистон, ки қарор аст дар он ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона баррасӣ шаванд, чунин мунтазир монда буд?

Ба хотири фазои аҷибу ғарибе, ки ҳоло дар Маскав вуҷуд дорад, ҷаҳон ба дидоре, ки қарор аст рӯзи душанбе миёни Путин ва Отанбоев баргузор шавад, диққати вижа дорад.

Ин фазо ба далели аз маърази ом ғайб задани шахси ҳамеша қодир ва маъмулан ҳамеша намоёни Владимир Путин аз рӯзи 5-уми март аст.

Барои даҳ рӯз бидуни ҳеҷ шарҳе дар маърази ом пайдо набудани оқои Путин гумонзаниҳои зиёдеро дар интернет ба бор овардааст, ки мегӯянд ин вазъият ғайримаъмулӣ аст – ҳадс мезананд, ки раиси ҷумҳури Русия бемор аст ё даргузашта ва ё қурбонии кудетои дарборӣ шуда.

Такзиби чунин тахминҳо аз сӯйи Кремлин барои коҳиши ин гумонзаниҳо кумак намекунад, аммо дидори имрӯзи Путин бо Отамбоев бояд дар ин росто калидӣ бошад.

Image copyright BBC World Service
Image caption Мулоқоти раиси ҷумҳури Путин бо ҳайъати занон дар Рӯзи Байналмилалии Занон дар рӯзи 8 март – аммо расонаҳои Русия мегӯяд ин акс дарвоқеъ рӯзи 5-уми март гирифта шуда буд.

Коре ғайримаъмулӣ

Агар президент Путин рӯзи душанбе бо ҳамтои қирғизи худ дар ҳузури хабарнигорон мулоқот кунад ва бахусус агар ин мулоқот ба сурати зинда дар телевизиюнҳо пахш шавад, ба гумозаниҳои марбут ба марги ӯ хотима дода хоҳад шуд. Агар на, шоеъот ба печидагии сатҳи болотаре хоҳад афзуд.

Шоеъот дар бораи ин ки пушти деворҳои кулуфту сурхи Кремлин чӣ мегузарад ба хотири наҳваи вокунишҳои худи мақомоти давлатӣ дар ин бора бештар шуд.

Зеро онҳо гуфтанд, аксҳои мунташиршуда собит мекунанд, ки раиси ҷумҳур ба сурати маъмулӣ тӯли ҳафта ба кори худ идома медод, аммо дертар расонаҳо гуфтанд, ки ин аксҳо рӯзҳо қабл гирифта шудаанд.

Ҳамчунин яке аз постҳои тавтеъаомези Рамазон Қодиров, аз тарафдорони Путин дар Инстграми худ, ба ин шоеъот ангезаи бештар дода.

Дар пусти худ оқои Қодиров ба раиси ҷумҳури Русия аз садоқати худ замонат медиҳад ва меафзояд: “Ман ба ӯ ҳамчун ба як шахс вафодорам. Новобаста аз он ки ӯ ҳоло дар мақом ҳаст ё на!”

Image copyright RIA Novosti
Image caption Шояд Рамазон Қодиров, дӯсти Путин мехост чизеро дар бораи танишҳои пушти девори Кремлин бигӯяд, - ё ин ки оқои Путин дарвоқеъ фақат сармо хурдааст?

Чунин ҳарф ба назарияи дигаре ки бархеҳо дар бораи нопадид шудани оқои Путин гумонзанӣ мекунанд, мувофиқат мекунад: ин ки дар ваҳдати нухбагони атрофи Путин шикоф ба вуҷуд омада ва акнун бахши қудратмандтар аз Путин рӯ гардондаанд.

Иртибот ба қазияи Немсов?

Ин назария вазъи бавуҷудомададаро ба қазияи моҳи гузаштаи кушта шудани Борис Немсов ба зарби гулӯла дар паҳлӯи Кремлин иртибот медиҳад.

Муттаҳамони аслӣ дар ин қазия чечен ҳастанд, ва яке аз онҳо Заур Додоев мебошад, ки оқои Қодиров ӯро “мубориза ва ватанпарвари асил” ном бурда буд.

Ин боздошт гумонзаниҳоро дар мавриди ин ки қатли Немсовро мақомоти Чечен фармоиш додаанд ба вуҷуд овард, ва ин амр гӯиё хашми чеҳраҳои қудратманди созмони иттилоъот ва амнияти Русияро ба дунбол доштааст.

Ин амр оқои Путинро дар вазъияти ҳассос қарор медиҳад, зеро ӯ бо раҳбарони Чечен равобити наздик дорад.

Аммо дар ҳоли ҳозир ин фарзияҳо ва гумонзанӣ дар мавриди ин ки гӯиё Путин дустдухатари худро дар Суис барои таваллуди фарзандашон ҳамроҳӣ мекунад, танҳо ҳамчун як фарзия боқӣ мемонанд.

Кремлин ҷараёни иттилоъотро ончунон кунтрул мекунад, ки ҳатто пай бурдан дар мавриди ончи дар болотарин сатҳи давлат мегузарад, мушкил аст.

Аммо дар поёни ин қазия, замоне ки роз ошкор хоҳад шуд, имкон дорад ки маълум шавад, раиси ҷумҳури Русия танҳо мубталои бемори зуком шуда буду бас.