Мақбараи Саддом Ҳусейн дар даргириҳои Тикрит тахриб шуд

  • 16 Март, 2015
Image copyright AP

Тасовири тозаи телевизиюнӣ нишон медиҳад,ки мақбараи Саддом Ҳусейн раҳбари собиқи Ироқ дар ҷараёни набардҳои Тикрит тақрибан ба таври комил вайрон шудааст.

Тасовире, ки хабаргузории Оссушиэйтед Пресс забт карда, нишод медиҳад, ки аз сохтмони оромгоҳи Саддом Ҳусейн дар рустои Алъавҷа фақат сутунҳои он боқӣ мондаанд.

Нерӯҳои ироқӣ ва шибҳнизомиёни шиъаи мавриди ҳимояти Эрон ҳамакнун барои берун рондани гурӯҳи Давлати Исломӣ (Доъиш) аз Тикрит мекӯшанд.

Соли гузашта сунниҳои маҳал гуфтанд, ки ҷасади Саддом Ҳусейнро хориҷ карда ва ба нуқтае номаълум бурдаанд.

Ишғоли мақбара дар ҳоле рӯй дод, ки набардҳо дар шимолу ҷануби Тикрит дар рӯзи якшанбе ташдид шуд ва нерӯҳои ироқӣ қавл доданд зарфи 48 соъат ба маркази шаҳр бирасанд.

Дар тасовири телевизиюнӣ аз оромгоҳ, ки дар ҷануби шаҳр воқеъ аст, фақат харобае аз қитаъоти битунӣ боқӣ монда.

Акнун парчамҳои шибҳнизомиёни шиъа ва аксҳои раҳбарони шибҳнизомиён, аз ҷумла Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи ягони Қудси Сипоҳи Посдорон, ки ба шибҳнизомиёни ироқӣ ёрӣ мерасонад, ҷои пустерҳои Саддомро гирифтаст.

Оссушиэйтед Пресс мегӯяд, ки хабарнигоронаш ҳамроҳи артиши Ироқ ба Тикрит рафтаанд ва мумкин аст таҳти маҳдудиятҳое кор карда бошанд.

Ёсир Нумо аз мақомҳои шибҳнизомӣ гуфт: "Ин яке аз ҷойҳое буд, ки пайкорҷӯёни Доъиш таҷаммуъ карда буданд, чун қабри Саддом инҷост. Онҳо бо кор гузоштани бумб дар ин атроф барои мо талла гузошта буданд."

Доъиш августи гузашта эълом кард, ки мақбара комилан вайрон шуда, аммо мақомҳои маҳаллӣ ин масъаларо такзиб карданд ва гуфтанд, ки ҳарчанд ғорат шуда, амо сохтмони он хисороти зиёде надидааст.