Путин 'омода буд силоҳҳои атумиро ба ҳолати омодабош дароварад"

  • 16 Март, 2015
Image copyright AFP

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, гуфтааст, ки ӯ омода буд дар ҷараёни танишҳо бар сари буҳрони Укройн ва Криме силоҳҳои атумии Русияро ба ҳоли омодабош дароварад.

Оқои Путин дар изҳороте дар як филми мустанад, ки якшанбе аз телевизиюни Русия пахш шуд, гуфт, ки зиндагии Виктур Ёнукович, раиси ҷумҳури собиқи Укройн, дар ҷараёни эътирозоти зиддидавлатиии ин кишвар дар хатар буд.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки русҳои сокини Криме пеш аз инзимоми ин минтақаи худмухтор ба Русия дар хатар буданд.

Ӯ қаблан дар бахше мунташиршуда аз ин барномаи мустанад гуфта буд дастури илҳоқи Кримеро пеш аз баргузории реферондум дар он кишвар содир карда буд.

Криме рӯзи 18 март расман ҷазби Русия шуд, ки пас аз ишғоли ин нимҷазира тавассути мардони мусаллаҳи ношинос буд. Таҳаввуле, ки маҳкумияти байналмилалиро ба дунбол дошт.

Оқои Путин дар ин мустанад мегӯяд: "То замоне ки ин ҳаводис, яъне суқути давлати Укройн рӯй дод, мо ҳаргиз фикри ҷудоии Криме аз Укройнро накарда будем."

Ӯ дар мавриди қарор додани силоҳҳои атумии Русия дар ҳолати ҷангӣ гуфт: "Мо омодаи ин кор будем."

Ӯ афзуд: "Криме сарзамини таърихии мост. Мардуми Русия онҷо зиндагӣ мекунанд. Онҳо дар хатар буданд. Мо наметавонем онҳоро раҳо кунем."

Русия ибтидо ин масъаларо, ки сарбозони гуселшуда ба Криме, ки нишони низомӣ надоштанд, рус будандро рад мекарданд.

Аммо оқои Путин баъдан изъон кард, ки сарбозони кишвараш ба ин нимҷазира эъзом шуданд, то ба гуфтаи ӯ "пушти нерӯҳои Криме, ки аз худ дифоъ мекарданд, биистанд."

Нооромиҳо дар шарқи Укройн пас аз илҳоқи Криме дар моҳи апрели 2014 шурӯъ шуд, замоне ки муътаризони ҳводори Русия сохтмонҳои давлатӣ дар манотиқи Дунетск, Луҳонск ва Харковро ишғол карданд ва хостори истиқлол шуданд.

Як моҳ пас аз он ҷудоиталабони мусаллаҳ дар Дунетск ва Луҳонск бо баргузории ҳамапурсӣ, ки дар сатҳи байналмилал ба расмият шинохта нашуд, аз Укройн эъломи истиқлол карданд.

Укройн дар вокуниш даст ба як "амалиёти зиддитеруристӣ" алайҳи онҳо зад ва минтақа саҳнаи ҷанги дохилӣ шуд, ки ба гуфтаи Созмони Милал то кунун ҷони ҳадди ақал шаш ҳазор нафарро гирифтааст.

Давлати Укройн, раҳбари ғарбӣ ва созмони Ноту мегӯянд, ки шавоҳиди рӯшане вуҷуд дорад, ки Русия илова бар ирсоли силоҳҳои сангин барои шӯришиён, сарбозонашро ба Укройн фиристодааст. Коршиносони мустақил ҳам иттиҳоми мушобеҳеро матраҳ мекунанд.

Маскав ин иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, ки русҳои ҳозир дар ин набард "довталаб" ҳастанд.

Мустанадеро, ки якшанбе пахш шуд коноли давлатии Русия-1 сохта ва дар ҳоле рӯйи онтен рафт, ки гумоназаниҳое дар мавриди ғайбати раҳбари Русия аз рӯзи панҷуми март аз интизори умумӣ вуҷуд дорад.

Кремлин шоеъаи беморӣ ё ҳатто марги раиси ҷумҳурии ин кишварро рад карда ва мегӯяд, ки оқои Путин рӯзи душанбе бо ҳамтои қирғизи худ дидор хоҳад кард.

Матолиби муртабит