Пахши ин фойл дар дастгоҳи шумо пуштибнӣ намешавад

Аз ду суи Ому: Агар баҳор биёяд

16 Март, 2015 Ба рӯз шуда дар 20:24 +05

"Аз ду суи Ому" унвони барномаи‌ ҳафтагии Дориюши Раҷабиён аст, ки рӯзҳои душанбе аз "Чашмандози бомдодӣ"-и родиюи Би-би-сӣ пахш мешавад.

Дар барномаи ин ҳафта, ки вопасин қисмат дар соли 1393 аст, ба ҷои мурури соли гузашта, боз ҳам бано ба суннати ҳамешагӣ ба тозатаринҳои ду сӯи руди пардохтаем.

Дар ин барнома тозатарин таронаҳои Ҷонибеки Мурод ва Меҳрнигори Рустам аз Тоҷикистон ва Садиқ Ёқуб аз Афғонистонро мешунавед.

Ба унвони таронаи пешкисватон кори мондагоре аз Аҳмад Зоҳир, ситораи овози Афғонистонро дорем, ки 36 соли пеш даргузашт, аммо ҳамчунон дар ҳар ду суи Ому шуҳрат ва маҳбубият дорад.

Ин барнома дар бомдоди душанбе, 25 исфандмоҳи 1393 (16 марти 2015) дар "Чашмандози бомдодӣ"-и родиюи Би-би-сӣ пахш шудааст.

Барои шунидани матолиби дигари родиюи Би-би-сӣ ба сафҳаи родию муроҷаъа кунед.