Инфиҷор дар калисо дар Лоҳури Покистон чанд захмӣ дод

  • 15 Март, 2015
Image copyright AFP
Image caption Дар ҳамлае ба як калисо дар шаҳри Пешовар дар соли 2013 дастикам 80 нафар кушта шуданд

Бар асари дастикам ду инфиҷор дар Лоҳури Покистон теъдоде кушта ва маҷруҳ шудаанд.

Ба гуфтаи расонаҳои маҳаллӣ ҳаддиақал 10 нафар бар асари инфиҷор дар наздикии ду калисо дар минтақаи масеҳинишини "Юҳанобод" кушта ва дастикам 50 нафар маҷруҳ шудаанд.

Мақомоти пулис мегӯянд, ки нерӯҳои пулис ва имдод ба маҳали ҳодиса рафтаанд.

Инфиҷорҳо дар соъоти пуррафтуомади рӯз ва ҳангоме, ки бисёре барои анҷоми маросими рӯзи якшанбе ба калисо, рафтаанд сурат гирифтааст.

Гузоришҳо ҳокист, ки гурӯҳи "Ҷамоъатулаҳрор" масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифтааст.

Бархе аз шоҳидон мегӯянд, ки бумбгузорони интиҳорӣ масъули ин ҳамла будаанд, аммо мақомоти пулис дар ин хусус ҳануз изҳори назаре накардаанд.

Лоҳур маркази иёлати Панҷоб аст.

Гузоришҳо мегӯянд, ки теъдоде аз мардум дар маҳали инфиҷор таҷаммуъ карда ва ба фуқдони амният эътироз мекунанд. Дар ҳамин робита ахбор ҳокист, ки мардуми хашмгин ба як нафар, ки мазнун ба даст доштан дар инфиҷор будааст, ҳамла кардаанд.

Масеҳиён 2 дарсади ҷамъияти ҳудуди 180 миллиюнии Покистонро ташкил медиҳанд.

Дар ҳамлае ба як калисо дар шаҳри Пешовар дар соли 2013 дастикам 80 нафар кушта шуданд.

Матолиби муртабит