Эҳтимоли боқӣ мондани шумори бештаре аз нерӯҳои омрикоӣ дар Афғонистон

  • 15 Март, 2015
Image copyright Reuters

Як мақоми баландрутбаи омрикоӣ гуфтааст, ки давлати Омрико дар мавриди суръати хуруҷи нерӯҳои худ аз Афғонистон бознигарӣ мекунад.

Ин мақоми омрикоӣ, ки хоста номаш фош нашавад, гуфтааст, Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико ва Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон гуфтугӯҳои зиёде дар мавриди мавзуъоти амниятӣ ва раванди сулҳи Афғонистон доштаанд.

Раиси ҷумҳури Афғонистон аз давлати Омрико хостааст, ки дар хуруҷи нерӯҳои худ аз Афғонистон дар ду соли оянда аҷала накунад.

Ин мақоми омрикоӣ гуфтааст, ки хости раиси ҷумҳур Ғанӣ "фаъъолона" мавриди баррасии идораи Убомо қарор дорад.

Ин мақоми омрикоӣ ҳамчунин гуфтааст, ки женерол Ҷон Кампал, фармондеҳи нерӯҳои НОТУ дар Афғонистон ҳам пешниҳодоте барои афзоиши тавоноии нерӯҳои амниятии афғон ироа кардааст, ки рӯйи он низ баҳс ҷараён дорад.

Расонаҳои ғарбӣ ҳам аз эҳтимоли боқӣ мондани шумори бештаре аз нерӯҳои омрикоӣ дар Афғонистон то ду соли дигар хабар додаанд.

Баъзе аз рӯзномаҳои ғарбӣ гузориш кардаанд, ки эҳтимолан шумори зиёде аз наздик ба 10 ҳазор сарбози омрикоӣ, ки феълан дар Афғонистон ҳузур доранд то соли оянда дар ин кишвар боқӣ хоҳанд монд.

Назар ба гузоришҳое, ки дар рӯзномаҳои ғарбӣ омадааст, давлати Омрико ҳамчунин рӯйи боқӣ мондани шумори мушаххасе аз нерӯҳои зиддитеруристии худ дар Афғонистон фикр мекунад.

Дар ҳоли ҳозир наздик ба 2000 сарбози омрикоӣ амалиётҳои зиддитерруристӣ анҷом медиҳанд. Фармондеҳони низомии Омрико гуфтаанд, ки ба манзури маҳор кардани фаъолиятҳои шабакаи Алқоъида ва зери назар доштани фаъолиятҳои гурӯҳи мавсум ба Давлати исломӣ (Доъиш) бояд шумори мушаххасе аз нерӯҳои зиддитерруристии Омрико дар Афғонистон боқӣ бимонанд.

Вале мақомҳои омрикоӣ адади мушаххасеро дар ҳеч мавриде таъйид накардаанд.

Қарор аст раҳбарони давлати ваҳдати миллии Афғонистон то чанд рӯзи дигар ба Омрико сафар кунанд.

Дар моҳи сентябри соли гузашта танҳои як рӯз баъд аз эҷоди давлати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон ин кишвар мувофиқатномаи амниятӣ бо Омрико имзо кард.

Матолиби муртабит