Вазири хориҷаи Омрико: дар ниҳоят маҷбурем бо Башор Асад музокира кунем

  • 15 Март, 2015
Image copyright AP

Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико гуфтааст Иёлоти Муттаҳида "дар ниҳоят маҷбур аст" бо Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия музокира кунад.

Оқои Керрӣ, ки дар остонаи чаҳорумин солгарди оғози ҷанги дохилии Сурия сухан мегуфт, буҳрони ин кишварро "яке аз бадтарин трожедиҳо" тавсиф кард, ки башар то кунун ба чашм дидааст.

Ба гуфтаи вазири хориҷаи Омрико баъд аз шикасти ду даври қаблии музокирот Вашингтон саъй карда Башор Асадро ба оғози дубораи гуфтугӯ тарғиб кунад.

Ҷон Керрӣ дар мусоҳибаи телевизиюнӣ бо шабакаи омрикоии Сибиэс гуфтааст далели шикасти музокироти қаблӣ ин буд, ки оқои Асад тамоюле ба гуфтугӯ надошт.

Пеш аз ин мавзеъи давлати Омрико канорагирии Башор Асад аз раёсати ҷумҳурии Сурия будааст.

Вазири хориҷаи Омрико гуфтааст Кохи Сафед ва кишварҳои дигар дар талош будаанд то оқои Асадро водор ба музокира кунанд. Ӯ номе аз кишварҳои дигар набурд.

Тахмин зада мешавад беш аз 215 ҳазор нафар ҷони худро дар тӯли чаҳор соли ҷанги дохилии Сурия аз даст дода бошанд.

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд тақрибан ниме аз мардуми Сурия дар дохил ё хориҷи ин кишвар овора шудаанд.

Матолиби муртабит