Дар сурати шикасти роҳи ҳалли сиёсӣ Вотикон аз амалиёти низомӣ ҳимоят мекунад

  • 15 Март, 2015
Image caption Ба таври суннатӣ Вотикон бо истифода аз амалиёти низомӣ дар минтақа мухолиф будааст

Мақомоти Вотикон гуфтаанд барои мутаваққиф кардани ҳамалоти нерӯҳои мавсум ба гурӯҳи Давлати исломӣ (Доъиш) алайҳи масеҳиён ва дигар ақаллиятҳо дар Ховари Миёна ва дар сурате ки роҳҳалли сиёсӣ барои ин қазия пайдо нашавад, истифода аз қувваи қаҳрия мумкин аст зарурӣ бошад.

Усқуф Силвону Тумосӣ, аршадтарин диплумоти Вотикон дар дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Женев гуфтааст, ки нерӯҳои ҷиҳодӣ дар минтақа муртакиби "куштори ҷамъӣ" ҳастанд ва бояд мутаваққиф шаванд.

Ӯ дар мусоҳибае бо вебсойти котулики "Крукус" дар Омрико гуфтааст: "Он чӣ ки зарурӣ аст эътилофе ҳамоҳанг ва аз қабл барномарезӣ шуда аст то ҳар ончиро ки дар тавон дорад барои расидан ба роҳҳале сиёсӣ бидуни тавассул ба хушунат ба кор гирад, . .. аммо агар ин роҳҳалл муяссар нашуд, он гоҳ истифода аз зӯр зарурӣ аст."

Ӯ афзудааст: "Мо бояд ин гуна кушторҳои ҷамъиро мутаваққиф кунем. Дар ғайри ин сурат дар оянда аз ин ки чиро коре накарда ва иҷоза додаед, то чунин чизе ба вуқуъ бипайвандад, пушаймон хоҳем буд."

Ба таври суннатӣ Вотикон бо истифода аз амалиёти низомӣ дар минтақа мухолиф будааст.

Поп Фронсис, раҳбари котулики ҷаҳон пештар куштани 21 масеҳии қибтии мисрӣ аз суи нерӯҳои Доъишро маҳкум кард. Нерӯҳои Доъиш дар моҳи гузаштаи мелодӣ (феврал) ин масеҳиёнро дар Либӣ сар буриданд.

Доъиш ақаллиятҳоро дар манотиқи таҳти кунтрули худ дар Сурия ва Ироқ мавриди ҳадаф қарор медиҳанд. Ҳазорон аз ақаллиятҳо дар моҳҳои гузашта маҷбур ба фирор ва тарки хонаҳои худ шудаанд.

Пештар ва дар авохири моҳи гузаштаи мелодӣ созмонҳои ҳуқуқи башарӣ дар бораи талоши Доъиш барои решакан кардани ақаллиятҳои мазҳабӣ ва қавмӣ дар нуқоти мухталифи Ироқ ҳушдор доданд.

Гурӯҳҳои ҳимоят аз вазъияти ақаллиятҳои қавмӣ ва мазҳабӣ дар Ироқ ҷиноёти Доъиш алайҳи ин ақаллиятҳоро "ҷинояти ҷангӣ" ва дар баъзе маворид "наслкушӣ" хонд.

Ба гузориши ин гурӯҳ аз моҳи июни соли гузашта то кунун ҳазорон масеҳӣ, эзадӣ, туркман ва сойири ақаллиятҳои сокин дар Ироқ тавассути Доъиш рабуда, шиканҷа шуда ва ба қатл расидаанд.

Ин ниҳод гуфтааст, ки зоҳиран ин иқдомотро бо огоҳӣ ва бо ҳадафи решакан кардани танаввуъи мазҳабӣ ва нажодӣ дар кишвар анҷом медиҳад.

Матолиби муртабит