Ҳушдори дубораи Кохи Сафед ба Сено дар мавриди дахолат дар музокироти ҳастаии Эрон

  • 15 Март, 2015
Image copyright

Кохи Сафед дар остонаи даври тозаи музокироти атумии қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон ба маҷлиси сенои Омрико ҳушдор додааст, ки дар раванди ин музокирот мудохила накунад.

Денис Макдуну, раиси дафтари раиси ҷумҳури Омрико рӯзи шанбеи 14 март дар номае ба Буб Крукер, раиси ҷумҳурихоҳи Кумитаи равобити хориҷии маҷлиси Сенои ин кишвар навишт, ки тарҳе, ки ҷумҳурихоҳон дар Сено дар пайи тасвиби он ҳастанд, метавонад монеъи муваффақияти музокирот шавад.

Дар сурати тасвиби тарҳи мазкур ҳар тавофуқе бо Эрон мебоист ба тасвиби кунгреи Омрико бирасад, ки аксари курсиҳои он дар ихтиёри аъзои ҳизби ҷумҳурихоҳ аст.

Оқои Макдуну ҳамчунин аз талоши ҷумҳурихоҳон барои салби ихтиёр аз Борок Убомо, раиси ҷумҳур барои лағви таҳримҳои Эрон интиқод кардааст.

Давлати Омрико борҳо ҳушдор додааст, ки ҳар иқдоми кунгре пеш аз ҳусули тавофуқ бо Эрон метавонад ба раванди музокирот осеб бизанад.

Давраи тозаи музокироти атумии Эрон ва 51 қарор аст имрӯз, якшанбеи15 март дар Лузони Суис (Швейтсария) аз сар гирифта шавад.

Муҳаммадҷаводи Зариф ва Ҷон Керрӣ, вазирони умури хориҷаи Эрон ва Омрико қарор аст дар ин давр бо якдигар гуфтугӯ кунанд.

Алиакбари Солеҳӣ, раиси созмони энержии атумии Эрон ва Эрнст Муниз, вазири энержии Омрико низ дар ин музокирот ҳузур хоҳанд дошт.

Матолиби муртабит